Ақоиди исломӣ

Куруно, Худобинӣ ва худбинӣ

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Медонед, фарқи инсон бо дигар мавҷудоти ҷаҳони ҳастӣ кадом аст? Масалан, фарқи ӯ бо як дарахт, фарқаш бо хуршед, бо моҳ, фарқи ӯ бо кулли сайёраҳо ва каҳкашонҳо ва ғайра?..

Фарқашон дар ин нест, ки ин мавҷудот барои ҳадафе офарида шуда ва ба сӯи он дар ҳаракатанд ва инсон ҳадафе надошта бошад. Фарқашон дар ин нест. Ҳар ду барои ҳадафе офарида шудаанд. Балки дар он аст, ки ин мавҷудот, аз неъмати ихтиёр ва ирода бархӯрдор нестанд, аммо инсон аз ин неъмат бархӯрдор аст.

Ба сухани дигар, ин офаридаҳо дар ҳаракат ба сӯи ҳадаф, ҳаргиз дар сари дуроҳӣ қарор намегиранд, ки бипаймоянд ё напаймоянд, балки мисли як соат танзим шудаанд, то фақат як роҳро бипаймоянд:

ثُمَّ اسْتَوَىٰ إِلَى السَّمَاءِ وَهِيَ دُخَانٌ فَقَالَ لَهَا وَلِلْأَرْضِ ائْتِيَا طَوْعًا أَوْ كَرْهًا قَالَتَا أَتَيْنَا طَائِعِينَ

Сипас ба осмон пардохт, ки ба сурати дуде (бухоре) буд, ба он ва ба замин фармуд: хоҳ ё нохоҳ ром шавед, онҳо (ба забони ҳол) гуфтанд: албатта рому таслим ҳастем!” (Сураи Фуссилат, ояти 11)

Аммо инсон, ҳам ташхису шинохтани роҳу ҳадаф ба худаш вогузор гардида ва ҳам дар ҳаракат ба сӯи он ҳадаф, соҳибихтиёр аст. Ӯ, метавонад ҳамоҳанг бо соири мавҷудот, ба сӯи ҳадафе, ки аз барои он офарида шудааст ҳаракат кунад ва ҳам метавонад роҳе дигар ихтиёр кунад:

إِنَّا خَلَقْنَا الْإِنْسَانَ مِنْ نُطْفَةٍ أَمْشَاجٍ نَبْتَلِيهِ فَجَعَلْنَاهُ سَمِيعًا بَصِيرًا. إِنَّا هَدَيْنَاهُ السَّبِيلَ إِمَّا شَاكِرًا وَإِمَّا كَفُورًا

Мо инсонро аз нутфае омехта офаридем ва ӯро имтиҳон мекунем, (бинобар ин) ӯро шунаво ва бино сохтаем. Мо роҳро (ҳадафро) ба ӯ нишон додем, ҳол, ӯ ихтиёр дорад, ки шукргузор бошад (ва ҳидоят пазирад) ё ин ки (ин роҳ напаймояд ва) носипос бошад.” (Сураи Инсон, оятҳои 2 ва 3)

Ин ки мефармояд: мо “ӯро шунаво ва бино сохтаем”, ишора ба ин аст, ки Худованд инсонро мавҷуде тафаккуркунанда офарида, то бо таъаққулу андеша худ роҳи тарсимшуда аз ҷониби Худо барои ӯро бишносад. Ва ин ҳам, ки мефармояд: “ҳол, ӯ ихтиёр дорад, ки шукргузор бошад (ва ҳидоят пазирад) ё ин ки (ин роҳ напаймояд ва) носипос бошад”, ишора ба соҳибихтиёр будани ӯст, ки пас аз ташхис ва шинохтани ҳадаф, роҳи нишондодашуда аз сӯи Худоро бо ирода ва ихтиёри худаш бипаймояд.

* * *

Ҳол, чӣ чизе боис мешавад, инсон ҳамоҳанг бо ҷаҳони пиромунаш, роҳи худро напаймояд?

Ин худхоҳӣ, худмеҳварӣ ва худбинии инсон аст, ки монеъ мешавад ӯ, ҳам дар ташхиси ҳадаф иштибоҳ кунад ва ҳам дар паймудани роҳ ба бероҳа биравад.

Инсон ба вузуҳ мебинад, ки ҷаҳони пиромунаш бар асоси як барномаи ҳадафманд, дар ҳаракату такопӯ аст:

وَآيَةٌ لَهُمُ الْأَرْضُ الْمَيْتَةُ أَحْيَيْنَاهَا وَأَخْرَجْنَا مِنْهَا حَبًّا فَمِنْهُ يَأْكُلُونَ. وَجَعَلْنَا فِيهَا جَنَّاتٍ مِنْ نَخِيلٍ وَأَعْنَابٍ وَفَجَّرْنَا فِيهَا مِنَ الْعُيُونِ. لِيَأْكُلُوا مِنْ ثَمَرِهِ وَمَا عَمِلَتْهُ أَيْدِيهِمْ أَفَلَا يَشْكُرُونَ. سُبْحَانَ الَّذِي خَلَقَ الْأَزْوَاجَ كُلَّهَا مِمَّا تُنْبِتُ الْأَرْضُ وَمِنْ أَنْفُسِهِمْ وَمِمَّا لَا يَعْلَمُونَ. وَآيَةٌ لَهُمُ اللَّيْلُ نَسْلَخُ مِنْهُ النَّهَارَ فَإِذَا هُمْ مُظْلِمُونَ. وَالشَّمْسُ تَجْرِي لِمُسْتَقَرٍّ لَهَا ذَلِكَ تَقْدِيرُ الْعَزِيزِ الْعَلِيمِ. وَالْقَمَرَ قَدَّرْنَاهُ مَنَازِلَ حَتَّى عَادَ كَالْعُرْجُونِ الْقَدِيمِ. لَا الشَّمْسُ يَنْبَغِي لَهَا أَنْ تُدْرِكَ الْقَمَرَ وَلَا اللَّيْلُ سَابِقُ النَّهَارِ وَكُلٌّ فِي فَلَكٍ يَسْبَحُونَ.

Ва замини пажмурда мояи ибратест барои онон, ки зиндааш гардондем ва аз он донаҳо баровардем, ки аз он мехӯранд. Ва дар он, боғҳое аз хурмову ангур падид овардем ва дар онҷо чашмасорон равон сохтем, то аз меваи он бихӯранд, дар ҳоле ки дасти онҳо ҳеч дахолате дар сохтани он надоштааст. Оё шукри Худоро баҷо намеоваранд? Поку муназзаҳ аст зоте, ки тамоми ҷуфтҳо — аз он чӣ замин мерӯёнад ва аз худи инсонҳо ва аз он чӣ намедонанд – офарид! (Яъне Худованд ҳама чизро ҷуфт-ҷуфт офарида.) Ва шаб (низ) барои онҳо нишонаест (аз азамати Худо), ки мо рӯзро аз он ҷудо месозем, ки ногаҳон дар торикӣ фурӯ мераванд. Ва хуршед (низ барои онҳо нишонаест), ки пайваста ба сӯи қароргоҳаш дар ҳаракат аст: ин андозагирии Худованди қодиру доност. Ва барои моҳ (низ) манзилгоҳҳое қарор додем (ва ба ҳангоме, ки ин манозилро тай кард), саранҷом ба сурати шохаи кӯҳна (қавсишакл ва зардранг)-и хурмо дармеояд. На барои хуршед сазовор аст, ки ба моҳ расад ва на шаб бар рӯз пешӣ мегирад, ва ҳар кадом аз онҳо дар масири худ шиноваранд…” (Сураи Ёсин, оятҳои 33 то 40)

Инсон ба равшанӣ ва аён мебинад, ки ин махлуқот беҳуда офарида нашудаанд, балки ҳар як ҳадаферо дунбол мекунанд, аммо худбинӣ ва худмеҳварии инсон боис мешавад бигӯяд, ҷаҳони ҳастӣ, аз ҷумла худи инсон, барои ҳадафе офарида нашудаанд!

Чаро мехоҳад бигӯяд, ҷаҳон ҳадафе надорад ва пуч андар пуч (абсурд) аст?!

Сабабаш ин аст, ки вақте барои ҷаҳони ҳастӣ ҳадаф ва барномае қоил шавад, ночор аст бипазирад пушти ин барнома ва ҳадаф барномарезе нуҳуфта, ки Офаридгор бошад. Дар ҳоле ки инсон намехоҳад бипазирад Офаридгор ҳаст, барои ин ки лозимаи пазириши Офаридгор, ин пойбанд сохтани худ аст, дар ҳоле ки инсон намехоҳад пойбанд бошад, балки мехоҳад лоқайду раҳову озод бошад:

بَلْ يُرِيدُ الْإِنْسَانُ لِيَفْجُرَ أَمَامَهُ

Балки инсон мехоҳад (дар мӯҳлате, ки дар пеш дорад) озоду раҳо бошад…” (Сураи Қиёмат, ояти 5)

Ва барои ин ки “собит” кунад Офаридгоре барои ҷаҳони ҳастӣ дар кор нест, даст ба тавҷеҳкорӣ меёзад ва Худохоҳӣ ва Худопарастии одамҳоро тавҷеҳ мекунад.

Якеаш (мисли Огуст Кант) мегӯяд, иллати Худопарастии инсонҳо ҷаҳлу нодонӣ аст.

Яке дигараш (мисли Зигмунд Фрейд) ҳам, сабаби эътиқод ба Худо аз сӯи одамҳоро “саркӯби майлҳои шаҳавонӣ” медонад ва мегӯяд, “вақте майлҳои нафсонӣ ва шаҳавонии инсон саркӯб шаванд, ин майлҳо тағйири чеҳра дода, бо сурати дигаре зоҳир мегарданд, ва эътиқод ба Худо ва дин, чеҳраи дигари он майлҳои “вопасзада” аст”.

Ва севвуме ҳам пайдо мешавад (мисли Ниче), ки гароиш ба дин ва эътиқод ба Худоро сохта ва пардохтаи одамони заъифу нотавон қаламдод мекунад ва мегӯяд: “Дар оғози амр, дунё бар вифқи хоҳиши мардумони нерӯманд мегузашт ва нотавонҳо зердаст ва бандаи эшон буданд ва лекин нерӯмандон андаканд ва нотавонҳо бисёр, пас ин бисёриро василаи пешрафти худ сохтанд ва ба ҳилаву тадбир усули раъфат ва шафқат ва фурӯтанӣ ва ғайрхоҳӣ ва меҳрубонӣ ва адолат ва кароматро дар азҳон ба сурати некӣ ва дурустӣ ва зебоӣ ҷилва доданд ва қабулониданд, то тавоноии нерӯмандонро таъдил кунанд ва аз бандагии онҳо раҳоӣ ёбанд ва ин мақсудро бештар ба василаи динҳо пеш бурданд ва номи Худо ва ҳақро ҳисори онҳо қарор доданд.”

Ва чаҳоруме ёфт мешавад (мисли Моркс), ки дуруст бар хилофи он севвумӣ, гароиш ба Худо ва динро сохта ва пардохтаи зӯргӯён барои истисмори “қишри маҳрум”-и ҷомеа мепиндорад.

Ва бештари ин хаёлбофиҳо мубтанӣ бар беҳадаф ва беҳуда ва пуч андар пуч донистани ҷаҳони ҳастӣ ҳастанд. Дар ҳоле, ки андак таваҷҷӯҳ ба ҷаҳони офариниш кофист инсон пай бибарад, ки ҷаҳон аз ҷумла инсон, ҳадаф дорад:

إِنَّ فِي خَلْقِ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَاخْتِلَافِ اللَّيْلِ وَالنَّهَارِ لَآيَاتٍ لِأُولِي الْأَلْبَابِ. الَّذِينَ يَذْكُرُونَ اللَّهَ قِيَامًا وَقُعُودًا وَعَلَى جُنُوبِهِمْ وَيَتَفَكَّرُونَ فِي خَلْقِ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ رَبَّنَا مَا خَلَقْتَ هَذَا بَاطِلًا سُبْحَانَكَ فَقِنَا عَذَابَ النَّارِ

Дар офариниши осмонҳо ва замин ва дар пайи якдигар омадани шабу рӯз, нишонаҳое барои хирадмандон аст; касоне, ки Худовандро (дар ҳамаи аҳвол:) дар ҳоли истодан ва нишастан ва он гоҳ ки бар паҳлӯ хобидаанд ёд мекунанд ва дар саросари офариниши осмонҳо ва замин меандешанд (ва мегӯянд:) Парвардигоро! Инро беҳуда наёфаридаӣ, поку муназзаҳӣ ту! Моро аз азоби оташи дӯзах дар амон бидор!” (Сураи Оли Имрон, оятҳои 190 ва 191)

Ва хитоб ба инсонҳо мефарояд:

أَفَحَسِبْتُمْ أَنَّمَا خَلَقْنَاكُمْ عَبَثًا وَأَنَّكُمْ إِلَيْنَا لَا تُرْجَعُونَ

Оё гумон кардаед, ки мо шуморо беҳуда офаридаем ва ба сӯи мо бозгашт нахоҳед кард?!” (Сураи Мӯъминун, ояти 115)

أَيَحْسَبُ الْإِنْسَانُ أَنْ يُتْرَكَ سُدًى

 “Оё инсон гумон мекунад беҳуда ва беҳадаф раҳо мешавад?!” (Сураи Қиёмат, ояти 36)

* * *

Имрӯзҳо, бо шуюъи куруно, агар бо дидани манзараи дилхароши бемор шудан ва мурдани инсонҳое дар ин ё он нуқтаи кураи замин бар асари дучор омадан бо ин вирус, эҳсоси нороҳатӣ ба мо даст медиҳад ва нигаронамон мекунад, аммо аз сӯи дигар, ба мо, инсонҳо ин паёмро низ мерасонад, ки: эй инсон! Ту бо ҷаҳони ҳастӣ ҳамоҳанг нестӣ! Ҷаҳони пиромуни ту, бо ҳаракоти муназзаму ҳамоҳанги худ — ба гунае ки ҳатто ба қадри заррае аз хатте, ки Худованд барояшон кашидааст берун намеоянд — дар воқеъ дар ҳоли ситоишу тасбеҳи Ӯ ҳастанд:

تُسَبِّحُ لَهُ السَّمَاوَاتُ السَّبْعُ وَالْأَرْضُ وَمَنْ فِيهِنَّ وَإِنْ مِنْ شَيْءٍ إِلَّا يُسَبِّحُ بِحَمْدِهِ وَلَكِنْ لَا تَفْقَهُونَ تَسْبِيحَهُمْ إِنَّهُ كَانَ حَلِيمًا غَفُورًا

Осмонҳои ҳафтгона ва замин ва ҳар кас, ки дар онҳост, Ӯро тасбеҳ мегӯянд, ва ҳеч чизе нест магар ин ки ҳамроҳ бо ситоиш тасбеҳи Ӯ мегӯяд, вале шумо тасбеҳи онҳоро намефаҳмед…” (Сураи Исро, ояти 44)

Ту ҳам биё ва бо ҷаҳони ҳастӣ ҳамоҳанг бош! Худхоҳӣ ва худбиниро раҳо кун ва Худоро хоҳ ва Худоро бин!

Худованд арҳамурроҳимин аст. Офаридаҳояшро дӯст дорад. Вақте ба ӯ бозмегарданд, ба истиқболашон меояд ва ҳамаи гуноҳонеро, ки муртакиб шудаанд, мебахшад. Замоне ки падари ҳамаи мову шумо, ҳазрати Одам (а), бар асари нофармонӣ, аз биҳишт берун шуд, вақте тавба кард, тавбаи ӯро пазируфт. Ӯ меҳрубон аст. Фақат кофист рӯй ба сӯяш биёварем:

فَوَسْوَسَ لَهُمَا الشَّيْطَانُ لِيُبْدِيَ لَهُمَا مَا وُورِيَ عَنْهُمَا مِنْ سَوْآتِهِمَا وَقَالَ مَا نَهَاكُمَا رَبُّكُمَا عَنْ هَذِهِ الشَّجَرَةِ إِلَّا أَنْ تَكُونَا مَلَكَيْنِ أَوْ تَكُونَا مِنَ الْخَالِدِينَ. وَقَاسَمَهُمَا إِنِّي لَكُمَا لَمِنَ النَّاصِحِينَ. فَدَلَّاهُمَا بِغُرُورٍ فَلَمَّا ذَاقَا الشَّجَرَةَ بَدَتْ لَهُمَا سَوْآتُهُمَا وَطَفِقَا يَخْصِفَانِ عَلَيْهِمَا مِنْ وَرَقِ الْجَنَّةِ وَنَادَاهُمَا رَبُّهُمَا أَلَمْ أَنْهَكُمَا عَنْ تِلْكُمَا الشَّجَرَةِ وَأَقُلْ لَكُمَا إِنَّ الشَّيْطَانَ لَكُمَا عَدُوٌّ مُبِينٌ. قَالَا رَبَّنَا ظَلَمْنَا أَنْفُسَنَا وَإِنْ لَمْ تَغْفِرْ لَنَا وَتَرْحَمْنَا لَنَكُونَنَّ مِنَ الْخَاسِرِينَ

Он гоҳ шайтон ононро (Одаму Ҳавворо) васваса кард, то саранҷом авраташонро, ки аз диди онон пӯшида буд, ошкор кунад, ва гуфт: парвардигоратон шуморо аз ин дарахт наҳй накард магар аз он рӯй, ки (бо хӯрдан аз меваи он) ду фаришта шавед ё аз ҷовидонагон гардед. Ва барои онон савганд ёд кард, ки ман аз хайрхоҳони шумо ҳастам! Он гоҳ ононро фиребкорона ба тамаъ андохт ва чун аз (меваи) он дарахт хӯрданд, авратҳояшон бар онон ошкор шуд ва бар онҳо аз барг (-и дарахтон)-и биҳиштӣ мечаспонданд (то пӯшида шавад). Ва парвардигорашон ба онон нидо дар дод, ки: магар шуморо аз ин дарахт наҳй накарда будам ва ба шумо нагуфта будам, ки шайтон душмани ошкори шумост?! Гуфтанд: парвардигоро! Бар худ ситам кардаем, ва агар бар мо набахшоӣ ва раҳмат наёварӣ, бешак аз зиёнкорон хоҳем буд!” (Сураи Аъроф, оятҳои 20 то 23)

Саломат бошед!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.