Ҷаҳон

Номаи раисиҷумҳури Чин ба Эрон, Итолиё ва Куреи ҷанубӣ: “Барои кӯмак омодаем!”

Раисиҷумҳури Чин тайи се номаи ҷудогона ба раҳбарони Эрон, Итолиё ва Куреи ҷанубӣ, аз омодагии ин кишвар барои ҳар гуна кӯмак дар ҷанг бо куруновирус хабар дод.

Бар асоси гузориши хабаргузории Шинҳуво, Ши Ҷинпинг, раисиҷумҳури Чин, тайи номае ба раисиҷумҳури Куреи ҷанубӣ гуфт: “Тарафи чинӣ омодааст даст дар дасти Куреи ҷанубӣ диҳад, то бар ҷанг алайҳи вируси куруно пирӯз шавад ва зиндагӣ ва саломати мардуми ду кишвар ва ҳамчунин мардуми саросари ҷаҳонро ҳифозат кунад.”

Вай ҳамчунин номаи мушобеҳеро барои давлати Итолиё ирсол кардааст ва дар он таъкид кардааст, ки давлат ва мардуми Чин аз Итолиё дар баробари вируси куруно ҳимоят хоҳанд кард.

Ши Ҷинпинг дар ин нома хитоб ба Сарҷиу Моторело (Sergio Mattarella), раисиҷумҳури Итолиё гуфтааст, дар ин шароити сахт, Чин моил ба ҳамкорӣ бо Итолиё аст ва пешниҳоди ҳамкорӣ ироа мекунад.

Раисиҷумҳури Чин ҳамчунин номае барои Ҳасани Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон ирсол кардааст ва дар он, бар азми Чин барои идомаи кӯмак ба Эрон барои муқобила бо вируси куруно хабар додааст.

Ши Ҷинпинг дар ин нома ба Руҳонӣ гуфта, Пекин то ҷое, ки битавонад, ба Эрон кӯмак хоҳад кард ва ҳамчунин омодаи афзоиши ҳамкориҳо дар заминаи мубориза бо COVID-19 аст.

Давлати Чин то кунун чандин маҳмулаи пизишкӣ шомили абзори ташхиси куруно, моск ва дигар лавозими пизишкиро дар ихтиёри Эрон қарор додааст.

Куреи ҷанубӣ, Итолиё ва Эрон баъд аз Чин аз ҷумлаи кишварҳое ҳастанд, ки бештарин шумори мубталоён ба куруно дар онҳо гузориш шудааст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.