Сиёсат

Пойгоҳи низомии Омрико дар Ироқ бори дигар мушакборон шуд

Манобеъи ироқӣ аз ҳамлаи муҷаддад ба пойгоҳи низомии Аттоҷӣ хабар доданд. Ин дуввумин ҳамла тайи як ҳафтаи гузашта ба ин пойгоҳ аст, ки мизбони шуморе аз низомиёни омрикоист.

Пойгоҳи низомии Аттоҷӣ дар шимоли Бағдод, пойтахти Ироқ воқеъ шудааст. Ин пойгоҳи низомӣ дар фосилаи 85 километрии шимоли Бағдод аст, ки шомили як фурудгоҳ ва як пойгоҳи бузург аст, ки дар замони режими Саддом, вобаста ба горди риёсати ҷумҳурӣ буд.

Сойти хабарии “Мавозиннюз”-и Ироқ бо эъломи ин хабар навишт, ин пойгоҳ мизбони нерӯҳои Эътилофи байналмилалӣ аст.

Сойти “Шафақнюз”-и Ироқ ин ҳамларо “шадид” тавсиф кард. Шабакаи Алмаёдин гузориш кард, пойгоҳи Аттоҷӣ бо 18 мушак ҳадафи ҳамла қарор гирифтааст.

Шабакаи Алҷазира ба нақл аз манобеъи амниятии ироқӣ аз исобати 10 мушак ба пойгоҳи Аттоҷӣ хабар дод.

Ҳишом ал-Ҳошимӣ, аз коршиносони ироқӣ, дар Твиттер эълом кард, ки дастикам 15 мушак ба пойгоҳ исобат карда ва анбӯҳе аз дуду оташ аз таъсисоти низомӣ ба осмон рафтааст.

Ҳамчунин шабакаи хабарии “Алъаҳд”-и Ироқ низ эълом кард, ки нерӯҳои амниятии Ироқ 23 мушаки омодаи партоб ба сӯи пойгоҳи Аттоҷиро кашф кардаанд. Бархе манобеъ гуфтаанд, ин мушакҳо дар минтақаи Умуллъизом будааст.

Хабаргузории “Бағдод алявм” ба нақл аз фармондеҳии “Амалиёти муштарак” эълом кард, ки тибқи гузоришҳои аввалӣ ду нерӯи марбут бо “Фармондеҳии падофанди ҳавоӣ” дар ин ҳамла, маҷрӯҳ шудаанд.

Пойгоҳи Аттоҷӣ чаҳоршанбеи гузашта ҳадафи исобати чанд мушак қарор гирифт. Як мақоми аршади давлати Омрико бомдоди панҷшанбе исобати чанд мушак ба ин пойгоҳро, ки дар он нерӯҳои омрикоӣ ва соири нерӯҳои Эътилоф ҳузур доранд таъйид кард.

Гуфта шудааст, ки дар ҳамлаи чаҳоршанбешаб ба пойгоҳи низомии Аттоҷӣ, як низомии омрикоӣ, як паймонкори омрикоӣ ва як низомии англисӣ кушта шуданд.

Ҳавопаймоҳои ҷангии Омрико бомдоди рӯзи ҷумъа ба чандин пойгоҳи нерӯҳои Ҳашдушшаъбии Ироқ ҳамла ва ин пойгоҳҳоро бомбборон карданд, ки бар асари он, шуморе шаҳид ва шуморе маҷрӯҳ шуданд.

Ҳавопаймоҳои ҷангии Омрико ҳамчунин бомдоди ҷумъа фурудгоҳи дар ҳоли сохт дар Карбало ва чандин мақарри Ҳашдушшаъбӣ дар ин устон ва низ устони Салоҳуддин ва Аланборро бомбборон карданд.

Дар пайи ин иқдоми Омрико, сухангӯи Вазорати хориҷаи Ироқ хабар дод, ки Вазорати хориҷаи ин кишвар, сафирони Омрико ва Англис дар Бағдодро эҳзор кардааст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.