Ваҳдати исломӣ

Фатвои Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусалмон ба таълиқи намози ҷамоат

Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусалмон фатво дод, намозҳои ҷумъа ва ҷамоат дар ҳамаи кишварҳое, ки шоҳиди шуюъи куруност, ба ҳоли таълиқ дарояд.

Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусалмон рӯзи шанбе (14 март) хостори таълиқи намози ҷумъа ва ҷамоат дар ҳамаи кишварҳое шудааст, ки дар онҳо куруно шуюъ ёфта ва ин кишварҳо, бар асоси гузоришҳои пизишкии мӯътабар, ба манбаъи нигаронӣ мубаддал шудааст.

Бар асоси фатвои ин иттиҳодия, таълиқи намозҳои ҷумъа ва ҷамоат то замони контроли бемории ҳамагир ва убур аз марҳилаи густариш ва хатар, бино ба арзёбии мақомоти илмии марбута, идома хоҳад ёфт.

Ба навиштаи рӯзномаи фароминтақаии Алқудс алъарабӣ, дар фатвои Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусалмон дар ин бора омадааст: “Бо таваҷҷӯҳ ба суръати болои интиқоли вируси куруно, ҳамаи ҷаласот ва иҷтимоъот метавонад маншаъи эҳтимолӣ барои интиқоли вирус, беморӣ ва эҷоди хатар бошанд.”

Дар фатвои ин иттиҳодия омадааст: “Қуръони Карим ҷонҳоро аз қарор гирифтан дар маърази он чи мӯҷиби ҳалокат он аст манъ мекунад.”

Дар ин фатво омадааст: “Маънои ‏‏”Ло зарара ва ло зирора фил-ислом”, ки ҳадиси набавист , чунин мешавад, ки дар ислом ҷойгоҳе барои зиён расондан ба касе нест ва низ иҷоза намедиҳад касе дар садади озору зиёни дигарон бошад.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.