Ақоиди исломӣ

Беэҳтиётиро набояд ба пойи таваккулу тақдир навишт

Шайхулислом дуктур Тоҳир Қодирӣ, сарпарасти Маркази Минҳоҷул-Қуръони Покистон, гуфт: “Вируси куруно акнун ҳамаи ҷаҳонро мубтало ба худ карда ва мардум барои мубориза бо ин вирус бояд ба дастуроти пизишкон ва мутахассисони беҳдошти миллӣ ва байналмилалӣ амал кунанд.”

Ба гузориши Hawzahnews, вай афзуд: “Дар таърих мебинем, ки қабл аз ин вируси куруно, дунё бо балоҳои сангинтар аз он рӯ ба рӯ шуд ва яке аз хатарноктарини вирусҳо тоъун буд. Дар инчунин мавориде, давлатҳо тадбирҳоеро иттихоз мекунанд, аммо мардум ҳам дар ин ҳодисаҳо масъулиятҳое доранд, ки лозим аст ба он амал кунанд ва барои ҳар фарде зарурӣ аст, ки барои мубориза бо ин вирус, ба масъулияти худ амал кунад.”

Дуктур Тоҳир Қодирӣ дар идома изҳор дошт: “Мардум набояд битарсанд ва бо камоли оромиш ба дастуроти мутахассисони пизишкӣ амал кунанд ва ин кор як кори худописандона аст ва Паёмбари ислом (с) ҳам ҳаминро дӯст доранд.”

Вай афзуд: “Мардум бояд бидонанд, ки эҳтиёт накардан бо ҳавола кардани кор ба Худо, ба маънои таваккул ва бовар ба тақдир нест. Эҳтиёт ва тақдир мавзӯъҳои ҷудогонае ҳастанд, аммо мутаассифона баъзе аз мардум ин мавзӯъҳоро бо ҳам меомезанд, дар сурате, ки эҳтиёт ва мувозибат кардан барои пешгирӣ аз беморӣ, яке аз дастуроти Худованд ва Паёмбари ислом (с) аст.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.