Дидгоҳ

Чӣ касе кӯтоҳ меояд: қавӣ ё заъиф?

Ба баҳонаи зодрӯзи устод Сайидабдуллоҳи Нурӣ

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ҳар аз гоҳе бо дӯстон дар бораи ҳодисаҳои даврони ҷанги шаҳрвандӣ дар кишварамон ва сулҳу созише, ки баъд аз он ба вуқӯъ пайваст, баҳсу гуфтугӯ мекунем. Дар бештари ин гуфтугӯҳо, вақте сухан аз нуқоти заъфу қуввати тарафайни он даргириҳо — яъне опозисиюн ва ҳукумат — меравад, бисёре аз дӯстон “кӯтоҳ омаданҳо”-и пушти сари ҳами марҳуми устод Сайидабдуллоҳи Нурӣ дар баробари ҳукумати вақтро, дар айни бархӯрдорӣ аз нерӯ ва қудрат, ба унвони як нуқтаи заъфи опозисиюн бармешумуранд ва мегӯянд, агар устод дар фалон ҳодиса ё фалон мавқеъ дар баробари Эмомалӣ Раҳмон кӯтоҳ намеомад, вазъ ба инҷоҳо, ки имрӯза шоҳидаш ҳастем, кашида намешуд.

Бале, ин дуруст аст, ки марҳуми устод на дар яке ду маврид, ки дар бисёре аз мавқеъҳо кӯтоҳ омадааст, инро бисёриҳо медонанд, чӣ дар даруни опозисиюн ва чӣ дар дохили ҳукумат ва бахусус шахси Эмомалӣ Раҳмон инро хуб медонад. Ва ба хотири ҳамон “кӯтоҳ омадан”-ҳои марҳуми устод буд, ки хелеҳо дар даруни опозисиюн, ки баъзеяшон имрӯзҳо сухангӯи ҳукумат гардидаанд ва бархе ҳам аз фармондеҳони майдонӣ буданд, дар эътироз ба мавзеъи устод, “қаҳр” мекарданд ва ҳатто дар мавориде, бар сари ӯ мешӯриданд.

Ба унвони ёдоварӣ арз мекунам, то азизон бидонанд. Опозисиюни тоҷик, ҳам дар оғози гуфтугӯҳои сулҳ – ки аз Афғонистон шурӯъ шуд – кӯтоҳ омад, ҳам дар ҳини чанд давра аз гуфтугӯҳо, ки дар Теҳрон ва Маскав баргузор шуд, ва ҳам ҳангоми имзои созишномаи сулҳу оштӣ ва низ дар замоне ки дигар сулҳу оштӣ барқарор буд ва Кумисиюни Оштии Миллӣ дар дохили кишвар фаъолият мекард. Яке аз он мавориди “кӯтоҳ омадан”-и марҳум устод дар замони фаъолияти ин кумисиюнро, ҳудуди як сол пеш, оқои Муҳиддин Кабирӣ бароям ба тафсил нақл кард, ки вазъият ба ҳадде расида буда, ки дигар як тасмими сиёсӣ кофӣ буда ҳама чиз баҳам бирезад ва ҷанг аз нав шурӯъ бишавад. Оқои Кабирӣ гуфт, Эмомалӣ Раҳмон гуфта, ки ба ҳеч ваҷҳ кӯтоҳ омаданӣ нест ва агар ҷанг шавад, ӯ аҳли он аст! Аммо марҳуми устод Сайидабдуллоҳи Нурӣ дар якчунин вазъияти ҳассос, тасмим мегирад кӯтоҳ биёяд, то сулҳу созиш аз ҳам напошад. (Аз оқои Муҳиддин Кабирӣ хоҳиш мешавад, тафсили он ҳодисаро дар як фурсати муносиб бигӯяд, то мардум бидонанд.)

Бале, марҳуми устод кӯтоҳ меомад. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки оё “кӯтоҳ омадан”, дар ҳамаҷо ва дар ҳамаи мавоқеъ, нишондиҳандаи “нуқтаи заъф”-и тарафи кӯтоҳомада аст?! Дар ин ёддошт, ки ба баҳонаи зодрӯзи марҳуми устод Сайидабдуллоҳи Нурӣ менависам, мехоҳам ба посухи ин пурсиш бипардозам.

* * *

“Кӯтоҳ омадан”, вақте ҷангу даргирӣ бо як бегона ва мутаҷовиз бошад, ин бисёр нописанд ва норавост. Масалан, фарз кунед, Худой нокарда имрӯз як кишвари бегона ба Тоҷикистон таҷовуз кунад ва ҳукумат ва артиши Тоҷикистон ба лиҳози нерӯ ва таҷҳизот, заъифтар аз тарафи муқобил бошад, дар якчунин мавқеъе, кӯтоҳ омадан, ба далели андакии нерӯ ва таҷҳизот, ба ҳеч ваҷҳ дуруст нест. Миллате, ки барои худаш эҳтиром қоил аст, то охирин нафас ва то мурдан меҷангад, аммо кӯтоҳ намеояд. Кӯтоҳ омадан дар инчунин мавоқеъе, беғайратӣ ва навъе хиёнат ба ватан ба шумор меояд.

Аммо вақте ҷангу даргирӣ на бо бегона, ки бо худӣ бошад яъне ҷанги шаҳрвандӣ, дар чунин мавқеъе, кӯтоҳ омадан ин айни ҳикмат аст ва ҳикоят аз мардонагӣ ва миҳандӯстии тарафи кӯтоҳомада мекунад. Ва баръакс, тарафе, ки кӯтоҳ намеояд, ин нишондиҳандаи бедироятии ӯст.

Бинобар ин, ҳақиқат ин аст, ки асосгузори сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистонро на Эмомалӣ Раҳмон, ки бояд марҳуми устод Сайидабдуллоҳи Нурӣ донист. Ин ӯ буд, ки бо “кӯтоҳ омадан”-ҳояш, нагузошт ҷанг дар кишвари мо идома биёбад, ҳоло натиҷа ҳар чи бошад, ҳатто ин бошад, ки рӯзе бирасад, ки тарафи муқобил номи ӯро сиёҳ кунад ва тамоми саъю талоши худро ба харҷ диҳад, то ҳақоиқи таърихӣ ба фаромӯшӣ супурда шуда ва касе, ки сулҳу оштиро дар ин кишвар ба армуғон овардааст, ба унвони “терурист” хонда шавад, ки имрӯзҳо ҳукумат мутаассифона ҳамин корро дорад мекунад.

Агар ин воқеиятро ҳам мадди назар қарор бидиҳем, ки ҳеч ҷангу даргирии дохилӣ дар тӯли таърихи башарият, пирӯзу шикастхӯрда надоштааст, масъала бароямон возеҳтар мешавад. Албата инро ҳам ёдовар шавам, ки вақте гуфта мешавад ҷанги дохилӣ пирӯзу шикастхӯрда надорад, бисёреҳо хӯрда мегиранд, ки магар дар ҳамин даргирии дохилӣ тарафи ҳукумат пирӯз наомад? Ҷавоб ин аст, ки ин зоҳири қазия аст, ингуна арзёбӣ навъе сатҳинигарӣ аст. Ҳақиқат ин аст, ки ин даргирӣ ҳанӯз идома дорад (албатта имрӯзҳо Худоро шукр шакли мусаллаҳона надорад, аммо идома дорад) ва поёнаш ҳам боз гуфтугӯ ва музокира ва оштии муҷаддад аст, дар ин шакке нест. Касе, ки бо таърих ошност, медонад, ки баъзе аз даргириҳои дарунӣ дар бархе ҷомеаҳо беш аз 100 сол ба тӯл кашида ва саранҷом ду тараф ба гуфтугӯ нишастаанд. Маънои ин ки мегӯям, ҷанги дарунӣ пирӯзу шикастхӯрда надорад, ҳамин аст.

* * *

Мардони таърих ҳамеша вақте кашмакаши дохилӣ пеш меомад, кӯтоҳ меомаданд, ҳарчанд ба зарару зиёни шахси худашон бианҷомад, аммо саранҷом ин номи онҳост, ки боқӣ мемонад. Ин ҷумлаи маъруф аз яке аз онҳост:

لَقَدْ عَلِمْتُمْ أَنِّي أَحَقُّ بِهَا مِنْ غَيْرِي وَ وَ اَللَّهِ لَأُسْلِمَنَّ مَا سَلِمَتْ أُمُورُ اَلْمُسْلِمِينَ وَ لَمْ يَكُنْ فِيهَا جَوْرٌ إِلاَّ عَلَيَّ خَاصَّةً اِلْتِمَاساً لِأَجْرِ ذَلِكَ وَ فَضْلِهِ وَ زُهْداً فِيمَا تَنَافَسْتُمُوهُ مِنْ زُخْرُفِهِ وَ زِبْرِجِهِ

Шумо медонед, ки ман барои идораи ҷомеа аз ҳар кас шоистатар ва сазовортарам. Аммо модоме ки умури мусалмонон муназзам бошад (ва фитна ва фасоде дар миён пайдо нагардад) ва ба ҷуз бар ман, ба ҳеч кас ҷавру ситам ворид нашавад, савганд ба Худо, ки ин риёсат вомегузорам ва аз ҳаққи худ чашм мепӯшам, барои дарки аҷру савоб…”

* * *

Дар поёни ин ёддошт, ҷумлаҳое аз марҳуми устод Сайидабдуллоҳи Нурӣ меоварам, то насли ҷадид бо эшон беҳтару бештар ошноӣ пайдо кунад:

Ваҳдати миллӣ, аз муҳимтарин рукнҳои пешрафт ва густариши ҳар як кишвар ва халқе аст. Ваҳдати миллӣ аст, ки иқтидори сиёсӣ, иқтисодӣ ва мудофиавии кишварро боло мебарад. Ваҳдати миллӣ ва адолати иҷтимоӣ миёни қишр ва қабила ва халқҳои кишвар ҳар қадр боло бошад, қудрати ҳукумат ва давлат ба ҳамон сатҳ боло аст… Ваҳдати миллӣ метавонад кафили амнияти иҷтимоӣ бошад…” (Нурӣ, Сайидабдуллоҳ, “Имрӯз ва фардои Тоҷикистон”, саҳ 10-11.)

* * *

Қонунҳо дар ҷомеа ҳарчи бештар риоят шаванд, иқтисодиёт афзоиш меёбад, фарҳанг боло меравад, мардум бештар аз якпорчагӣ ва ормонҳои миллӣ ва кишварӣ дифоъ мекунанд… Барои ноил шудан ба амнияти мӯътадили иҷтимоӣ муҳим аст, ки рукни дигари давлатдорӣ, яъне “эҳтиром ба қонун” ба сатҳи боло бурда шавад. Волоияти қонун ва ҳокимияти қонун дар ҳар кишваре муайянкунандаи сатҳи ҳукумат ва давлатдорӣ ва фарҳанги мардум аст. Агар дар ҳар кишваре сатҳи эҳтиром (ва амал) ба қонун поин биёяд, рукнҳои дигари давлатдорӣ торафт заъиф ва бекор мегардад… Эҳтироми қонун ва пуштибонии он аз ҷониби органҳои иҷроияи ҳукумат бояд ба сатҳи хеле баланд бардошта шавад.” (Ҳамон, саҳ 15-17.)

* * *

Ҳукумати Тоҷикистон ҳамчун як кишвари дорои фарҳанги воло ва беназири торихӣ дар сатҳи сиёсати имрӯзаи ҷаҳонӣ, бояд соҳиби барномаи хосси сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ бошад. Ва ин барнома бо назардошти беҳтарин аркони миллӣ ва суннатӣ дар миёни мардуми кишвар тавре роҳ ёбад, ки ҳамагон онро чун барномаи миллии кишвар ва ормони олии ватандорӣ қадр кунанд ва аз он дифоъ кунанд. Дар дунёи имрӯз.., бояд соҳиби барномаи хеле қудратманди сиёсӣ буд то дар миёни ин ҳама шӯру валвалаи сиёсати ҷаҳонӣ кишвари мо ҳарфи худро дошта бошад.” (Ҳамон, саҳ 13-14.)

* * *

Дар кишвар пеш аз ҳама бояд барои ҳар як фарди он аз хурд то бузург амният ба вуҷуд оварда шавад. Таъмини амният ва ҳуқуқи шаҳрвандони кишвар ва хориҷиён дар умури сармоягузориҳои миллӣ ва хориҷӣ, аз муҳимтарин шартҳои пешрафт мебошад…” (Ҳамон, саҳ 15-16.)

* * *

Адолати иҷтимоӣ худ кафили ҷилавгирӣ аз ҳар гуна норизоятиҳо ва мухолифатҳои бузурги ҷомеа аст. Беадолатӣ аст, ки боиси сар задани ҳар гуна нооромиҳои шадид ва ҷангу хунрезиҳо мегардад ва мардуми мо борҳо шоҳиди чунин воқеаҳо шудаанд. Адолати иҷтимоӣ танзимгар ва пешбари нерӯҳои солими эҷодкори ҷомеа буда ва алоқамандии афрод ва ақшори ҷомеаро ба кори созандагӣ ва бунёдкорӣ ҳидоят мекунад”. (Ҳамон, саҳ 18.)

* * *

Баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифат ва фарҳанги миллӣ ва тасфияи он аз фарҳангҳои бегона, ба бунёди як маркази пуриқтидори илмӣ вобаста аст ва ин вазифаро Фарҳангистони Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне Академияи улум метавонад бар ӯҳда дошта бошад. Фарҳангистон дар ҳар кишваре махзани бузурги идораи илм ва фарҳанг, тарбият ва пуштибонии афкори пешқадам ва бозёфтҳои илмӣ мебошад… Барои ба таври дилхоҳ ба роҳ мондани кори ин махзани калидӣ лозим аст пеш аз ҳама ду амри муҳим ба иҷро расонда шавад: аввал, ҳукумати кишвар барои пешбурди кори ин марказ маблағи лозим ҷудо кунад, ва дуввум, ба марказ дубора донишмандон, олимон, донишҷӯён ҷалб карда шаванд. Танҳо дар чунин сурат, сатҳи илм ва маърифат, теъдоди олим ва донишмандони қудратманд боло рафта, аз як тараф замина барои пешрафти илм муҳайё мегардад, аз тарафи дигар, Фарҳангистон метавонад ба пешрафти илм ва фарҳанг дар ҳамаи соҳаҳо таъсири мусбат расонад.” (Ҳамон, саҳ 33.)

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.