Сиёсат

Бӯҳрони куруно ва таҳсини “мушти оҳанини чинӣ”

Чин гиребони худро аз шуюъи вируси куруно раҳоёфта мебинад ва демукросиҳои ғарбӣ дар остонаи такони шадиди иқтисодӣ ва иҷтимоии ношӣ аз шуюъи вируси куруно дар ҷомеаҳои худ ҳастанд…

Шояд битавон баъд аз ҷангҳои ҷаҳонии аввал ва дуввум, вируси куруноро танҳо падидаи оламгире донист, ки баъд аз 75 соли гузашта, ҳамаи кишварҳои ҷаҳонро даргири худ сохтааст.

Ин вируси ҷаҳишёфтаи ҷадиди тоҷдор хобу хӯрок ва низоми роиҷу оддии мардуми дунёро ба ҳам зада ва бисёреро бо тарсу ваҳшат дар хонаҳояшон қарантина кардааст.

Чин, ки маншаи ин вирус шинохта шудааст, то ҳудуди зиёде пас аз 3 моҳи муборизаи сахту нафасгир бо ин вирус, дар ниҳоят тавонист доманаи шуюъи онро маҳор карда ва ин ғулро дубора ба дохили “чароғи Алоуддин” баргардонад. Ҳарчанд ки наҳваи рафтори ин вирус ҳанӯз ношинохтааст ва донишмандон машғули таҳқиқу шинохти бештар рӯи он ҳастанд ва бар ҳамин асос бо итминони қатъӣ наметавон аз поён ёфтани кори ин вирус дар Чин сухан ба миён овард, аммо он гуна ки аз шавоҳиди айнӣ пайдост, давлати Чин пас аз 2 моҳи қарантинаи сифту сахти маркази шуюъи ин беморӣ дар устони Ҳубе, мавориди ибтило ва маргу мири ҷадиди ношӣ аз ин вирусро тақрибан ба сифр расонда ва бо беҳбудёбии беморон, бисёре аз марокизи вежаи дармони беморони куруноиро дар устони Ҳубе таътил кардааст.

Боздиди ҳафтаи гузаштаи раисиҷумҳури Чин аз шаҳри Вуҳони Чин пас аз маҳори куруно

Ин бад-он маъност, ки фатилаи шуюъи вируси курунои ҷадид дар Чин поин кашида шудааст ва ин дар ҳолест, ки ҳамагирии ин вирус дар сатҳи ҷаҳонӣ тоза дар оғози роҳи худ аст ва қорраи сабзи Урупо бино ба эъломи Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ ҳоло табдил ба маркази ҷадиди шуюъи ин беморӣ шудааст.

Дар Ховари Миёна низ вазъияти Эрон аз назари шуюъи густурдаи ин вирус вахимтар аз дигар кишварҳои минтақа ба назар мерасад ва дар қорраи Омрико ва Устролиё ҳам шуюъи вирус оғоз шуда ва нигарониҳои зиёдеро сабаб шудааст.

Ҳоло чиниҳо бо поин кашидани фатилаи вирус дар кишвари худашон, дар ҳоли мушоҳидаи талошҳои ҷаҳонӣ барои маҳори вирус ҳастанд ва таҷрибаи худро низ пушти сар доранд; сиёсати “маҳор бо мушти оҳанин ва бидуни мулоҳиза ва мусомеҳа”, ки иттифоқан ин бор мушти оҳанини чиниҳо бар хилофи мавориди дигар (мисли саркӯби эътирозҳои 3 даҳаи пеш дар майдони Тиёнонмени Пекин), таҳсини ҷаҳониёнро барангехтааст ва касе аз Чин бобати бакоргирии сиёсати мушти оҳанин дар саркӯби вируси куруно интиқод намекунад, балки ба назар мерасад демукросиҳои ғарбӣ, ки дар оғози масири мубориза бо вируси куруно ҳастанд, ин бор бар хилофи интиқодҳои таърихии худ аз сиёсатҳои истибдодӣ ва саркӯбгароёнаи ҳизби ҳокими кумунисти Чин, бо рашку таҳсин ба улгуи мудириятӣ ва ҳукмронии Чин менигаранд.

Давлатҳои ғарбӣ, ки худро тарҷивкунандаи улгуҳои либеролӣ ва демукротик медонанд, барои мубориза бо вируси куруно мушкилоту мулоҳизоти зиёде доранд.

Дар аввалин талотумоти ношӣ аз вуруди вирус ба ин кишварҳо (аз Устролиё гирифта то ҳамаи кишварҳои урупоӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Омрико ва Конодо), мардум бо ҳуҷуми худ ва дар саффҳои бисёр тӯлонӣ қафасаи фурӯшгоҳҳоро ғорат карданд ва тасовири начандон хушоянде аз заду хӯрду даргирии мардуми «тарбиятёфта дар низомҳои демукротик» сари чанд «дастмоли туолет» ба ҷаҳон мухобира шуд.

Ин дар ҳолест, ки дар Чини кумунист ва истибдодӣ, давлат дар манотиқи қарантина, бо назми хоссе, таҳияи тамоми мояҳтоҷи аввалия ва рӯзмарраи зиндагии мардумро ба беҳтарин наҳви мумкин бар ӯҳда гирифт ва маводди ғизоии наздик ба 80 милюн нафарро дар тӯли ҳафтаҳои қарантина, дар ихтиёри онҳо қарор дод. Дар Эрон низ шабеҳи чунин назмеро шоҳид ҳастем.

Дар кишварҳои ғарбӣ аммо ҳанӯз дар бораи истротежӣ ва чигунагии мубориза бо вируси куруно, иттифоқи назаре ҳосил нашудааст, ва ин дар ҳолест, ки куруно дар ин кишварҳо ба сурати ваҳшатноке дар ҳоли густариш аст.

Ширкатҳои бима ва дорусозӣ дар Омрико, ки одат доранд солона судҳои ҳангуфти садҳо милёрд дулорӣ ба ҷайб бизананд, дар баробари афкори умумӣ ва бахусус ҷунбиши баробарихоҳи Омрико (ба пешвоии Берни Сандерс) барои ироаи сервисҳои умумӣ, ки мумкин аст ба мубталоёни вируси куруно бидиҳанд, дар ҳоли чоназанӣ бо давлат ҳастанд ва давлати федероли Омрико, ки ҳамвора худро мудофеи манофеи ширкатҳои омрикоӣ медонад, дар махмасаи чигунагии посухгӯӣ ба бӯҳрони куруно гирифтор омадааст. Давлати федероли Омрико аз сӯе муроқиб аст манофеи ширкатҳои омрикоӣ ва шохиси саҳоми бозори бурси Омрико дар асари шуюъи вируси куруно осеби камтаре бибинад ва аз дигар сӯ таҳти фишори афкори умумӣ, худро маҷбур ба сервисдиҳии ройгони бархе хадамоти беҳдоштӣ ва пизишкӣ ба мардуми Омрико ва ҷамъияти мубтало дар моҳҳои оянда мебинад, ки ҳазинаи ҳангуфте металабад.

Аз сӯи дигар қонунҳои кори Омрико, ки ба гумони баробарихоҳон ва сусиёл-демукротҳо комилан ба нафъи корфармоён ба сурати яктарафа тадвин шуда, монеъе ҷиддӣ дар баробари мубориза бо шуюъи куруност, чун дар қонунҳои кори Омрико масъалаи мураххасӣ барои дармон як ҳаққи тасбитшуда маҳсуб намешавад, балки дар ихтиёри корфармост, ва ба ҳамин хотир бисёре аз коргарон ва кормандони Омрико, ки эҳтимолан нишонаҳое аз беморӣ доранд, аз бими ихроҷ нашудан аз шуғлҳояшон маҷбур ба ҳузур дар маҳалли кори худ хоҳанд буд ва ин масъала мумкин аст ба шуюъи бештари вируси куруно бианҷомад.

Чин гиребони худро аз шуюъи вируси куруно раҳоёфта мебинад ва демукросиҳои ғарбӣ дар остонаи такони шадиди иқтисодӣ ва иҷтимоии ношӣ аз шуюъи вируси куруно дар ҷомеаҳои худ ҳастанд.

Мушти оҳанини чинӣ то ин ҷои кор барои кӯфтан ба сари вируси курунои ҷадид таъсиргузор буда ва демукросиҳои ғарбӣ ва низоми сармоядории либерол дар остонаи вуруд ба давраи бӯҳрони амиқи куруно, дар ҳоли бигӯ магӯ рӯи формул ва чигунагии мубориза бо шуюъи куруно ҳастанд; муборизае, ки ба назар мерасад ниёзманди бозбинӣ ва тағйири усулӣ рӯи бархе бунёнҳои низоми сармоядорӣ аст; низоме, ки ҳаққи «беҳдошт ва саломати умумӣ ва ройгон»-ро табдил ба колои иқтисодӣ ва даромадзо дар рақобати даҳҳо ширкати хусусӣ карда, ҳоло бояд бо ғуле мубориза кунад, ки ҳамла бар бунёнҳои ҳамаи ҷомеаҳо овардааст ва давлатҳои нокоромаду фосидро ба наҳве зери теғ хоҳад бурд ва давлатҳои демукротики ғарбӣ ва низомҳои иқтисоди сармоядории либероли онҳоро ба наҳви дигар мавриди тохту тоз қарор хоҳад дод.

Ҷаҳони пасокуруно даврае мутафовит аз дунёи пешин хоҳад буд.

Нависанда: Мозиёри Оқозода

Манбаъ: Asriran

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.