Барномаи зиндагӣ

Чаҳор гуфтор аз Мавлоно

Равиши таълиму тарбияти анбиё

Мавлоно гӯяд:

Ҳақ Таъоло эшонро (анбиёро) сиъате (гушодадилие) ва ҳавсалае азим додааст, ки таҳаммул мекунанд. Аз сад кажӣ, як кажиро мегӯянд, то ӯро душвор наёяд ва боқи кажиҳояшро мепӯшонанд, балки мадҳаш мекунанд, ки он кажат рост аст, то ба тадриҷ ин кажиҳоро як-як аз ӯ дафъ мекунанд; ҳамчунон ки муаллим кӯдакеро хат омӯзад, чун ба сатр расад, кӯдак сатр менависад ва ба муаллим менамояд, пеши муаллим он ҳама каж аст ва бад. (Аммо) бо вай ба тариқи санъат ва мудоро мегӯяд, ки ҷумла (ҳамаи навиштаҳоят) нек аст ва некӯ набиштӣ. Аҳсант! Аҳсант! Илло ин як ҳарфро бад набиштӣ, чунин мебояд. Ва он як ҳарф ҳам бад набиштӣ. Чанд ҳарферо аз он сатр бад мегӯяд ва ба вай менамояд, ки чунин мебояд набиштан, ва боқиро таҳсин мегӯяд, то дили ӯ нарамад ва заъфи ӯ ба он таҳсин қувват мегирад ва ҳамчунон ба тадриҷ таълим мекунад ва мадад меёбад.”

(Фиҳӣ мо фиҳӣ, с.205-206)

* * *

Дини ту гирад зи моҳӣ то ба моҳ

Мавлоно дар “Фиҳӣ мо фиҳӣ” овардааст:

Ҳақ Таъоло ӯро (ҳазрати Муҳаммад (с)-ро) сухане дод, ки ҷумла олам аз замони ӯ то бад-ин аҳд дар шарҳи он чандин муҷалладҳо сохтанд ва месозанд ва ҳанӯз аз идроки он қосиранд.

Ва фармуд Ҳақ Таъоло, ки: номи туро саҳоба аз заъфу бими… ҳасудон дар гӯш пинҳон мегуфтанд, бузургии туро ба ҳадде нашр кунам, ки бар манораҳои баланд дар ақолими олам панҷ вақт бонг зананд ба овозҳои баланд ва алҳони латиф, дар Машриқу Мағриб машҳур шавад…”

(Мавлоно, Фиҳӣ мо фиҳӣ, с.226)

Ин мазмун дар Маснавӣ ин гуна омадааст:

Мустафоро ваъда кард алтофи Ҳақ:

Гар бимирӣ ту, намирад ин сабақ.

Ман китобу мӯъҷизатро ҳофизам,

Бешу камкунро зи Қуръон монеъам.

Ман туро андар ду олам рофеъам,

Тоъинонро аз ҳадисат дофеъам.

Кас натонад бешу кам кардан дар ӯ,

Ту беҳ аз ман ҳофизе дигар маҷӯ.

Равнақатро рӯз-рӯз афзун кунам,

Номи ту бар зарру бар нуқра занам.

Минбару меҳроб созам баҳри ту,

Дар муҳаббат қаҳри ман шуд қаҳри ту.

Номи ту аз тарс пинҳон мекунанд,

Чун намоз оранд, пинҳон мешаванд.

Хуфя мегӯянд номатро кунун,

Хуфя ҳам бонги намоз, эй зӯфунун!

Аз ҳаросу тарси куффори лаъин

Дин-т пинҳон мешавад зери замин.

Ман манора пур кунам офоқро,

Кӯр гардонам ду чашми оқро.

Чокаронат шаҳрҳо гиранду ҷоҳ,

Дини ту гирад зи моҳӣ то ба моҳ.

То қиёмат боқияш дорем мо,

Ту матарс аз насхи дин, эй Мустафо!

* * *

Эй Расули мо, ту ҷоду нестӣ,

Содиқӣ, ҳамхирқаи Мӯсистӣ.

Ҳаст Қуръон мар туро ҳамчун асо,

Куфрҳоро даркашад чун аждаҳо.

* * *

Синн мӯтабар нест

Мавлоно фармояд:

Пир оқил нест чун ба бозӣ машғул аст, агар садсола шавад, ҳанӯз хом ва кӯдак аст. Ва агар кӯдак аст, чун ба бозӣ машғул нест, пир аст. Ин ҷо синн мӯътабар нест…”

(Фиҳӣ мо фиҳӣ, с.227)

* * *

Равиши мухолифон бо Паёмбар (с)

Мавлоно дар “Фиҳӣ мо фиҳӣ” овардааст:

Мустафо — Саллаллоҳу алайҳи ва саллам! — бо саҳоба нишаста буд. Кофирон эътироз оғоз карданд. Фармуд, ки: охир шумо ҳама муттафиқед, ки дар олам яке ҳаст, ки соҳиби ваҳй ӯст, ваҳй бар ӯ фурӯ меояд, бар ҳар касе фурӯ намеояд. Ва он касро аломатҳо ва нишонҳо бошад; дар феълаш, дар қавлаш, дар симош, дар ҳама аҷзои ӯ нишон ва аломати он бошад. Акнун чун он нишонҳоро дидед, рӯй ба вай оред ва ӯро қавӣ гиред, то дастгири шумо бошад.

Эшон (кофирон) ҳама маҳҷуҷ (мағлуб) мешуданд… даст ба шамшер мезаданд ва низ меомаданд ва саҳобаро меранҷониданд ва мезаданд ва истихфофҳо (сабук ва хор шумурдан) мекарданд.

Мустафо — Саллаллоҳу алайҳи ва саллам! — фармуд, ки сабр кунед, то нагӯянд, ки бар мо ғолиб шуданд (ва) ба ғалаба хоҳанд, ки динро зоҳир кунанд. Худо ин динро хоҳад зоҳир кардан…”

(Мавлоно, Фиҳӣ мо фиҳӣ, с.221)

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.