Ҳуқуқи башар

ПМТ хитоб ба мақомоти Литвонӣ: “Нагузоред, ки ҷинояткорон беҷазо монанд”

Паймони Миллии Тоҷикистон имрӯз (17 март) бо интишоре биёнияе, суиқасд ба ҷони Илҳомҷон Ёқубов, узви шӯрои ин эътилоф ва раиси Ассотсиатсияи Муҳоҷирони Осиёи Марказиро шадидан маҳкум кард ва аз мақомоти кишвари Литвонӣ (Литва) хост, “тамоми ҷанбаҳои ин қазияро мушикофона баррасӣ карда, ҳақиқати ҳолро равшан намоянд ва нагузоранд, ки ҷинояткорон беҷазо монанд” ва ҳамчунин аз кишварҳои урупоӣ дархост кард, “барои пешгирӣ аз такрори чунин ҳолатҳо, чораҳои заруриро дар назар бигиранд.”

Матни баёнияи Паймони Миллии Тоҷикистон ба нақл аз сафҳаи расмии ин эътилоф дар Фейсбук, ба шарҳи зерин аст:

Паймони Миллии Тоҷикистон ҳамла ба Илҳомҷон Ёқубов узви ин эътилоф ва раиси Ассотсиатсияи Муҳоҷирони Осиёи Марказиро, ки субҳи 16 уми марти 2020 дар шаҳри Каунаси кишвари Литва ба вуқуъ пайваст, шадидан маҳкум намуда онро як суиқасди аз пеш тарҳрезишуда медонад.

Пештар аз ин бархе гурӯҳҳои мухолифин дар бораи эҳтимоли ҳамла ба фаъолони сиёсӣ ва хабарнигорон ҳушдор дода буданд, ки ин қазия собит мекунад нигаронии онҳо беҷо набудааст.

Аз тарафи дигар мо дар гузашта низ шоҳиди латукӯб, суиқасд ва куштори мухолифони тоҷик будем ва ин ҳодиса нишон медиҳад, ки ин раванд ҳанӯз ҳам идома дорад ва ин нигаронии моро бештар мекунад.

Бинобарин мо аз мақомоти кишвари Литва тақозо дорем, ки тамоми ҷанбаҳои ин қазияро мушикофона баррасӣ карда, ҳақиқати ҳолро равшан намоянд ва нагузоранд, ки ҷинояткорон беҷазо монанд.

Ҳамчунин аз кишварҳои аврупоӣ дархост мекунем, ки барои пешгирӣ аз такрори чунин ҳолатҳо, чораҳои заруриро дар назар бигиранд.

Паймони Миллии Тоҷикистон

Варшава

17.03.2020

Гуфтанист, субҳи 16-уми март ба ҷони Илҳомҷон Ёқубов, раиси Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Урупо ва узви Паймони Миллӣ, дар шаҳри Каунаси Литвонӣ (Литва) аз сӯи ду нафар, ки гуфта мешавад ҳар ду сокини шаҳри Хуҷанди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, суиқасд анҷом гирифт ва пулис ин ду ҳамалварро дастгир кардааст.

Бар пояи гузориши Родию Озодӣ, намояндаи пулиси Каунас дар суҳбати телефонӣ моҷарои рухдода ва хабари дастгир шудани яке аз ҳамлаваронро тасдиқ ё рад накард. Ӯ гуфт, ҷузъиётро дар ҷавоб ба дархости расмӣ мефиристанд ва дар сурати дастрас шудан онро нашр мекунем.

Илҳомҷон Ёқубов рӯзи 16-уми март пас аз берун шудан аз идораи пулис дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки аризаи ӯро қабул кардаанд ва ҳувияту маҳалли зисти ҳамлаварон ба ӯ ва маъмурони пулис маълум аст. «Аммо ному насаби ин афродро гуфта наметавонам, чунки пулис аз ман хост, то анҷоми тафтишот ошкор накунам«, — иброз дошт ӯ.

Ба нақли Ёқубов, ҳодиса субҳи душанбе рӯй додааст: «Яке аз дӯстон, ки пештар бо ӯ ошно шуда будам, ба хӯрдани субҳона даъват кард. Ба мошинаш нишастам. Баъди ду дақиқа ҷавони дигаре, ки дар мошин буд, ба ман бо мушту лагад ҳамла кард. Талош кард буғӣ кунад ва дари мошинро ҳам бастанд. Ман ҳам ду-се ҷавоб додам, ки он ҷавон андаке карахт шуд ва тавонистам дарро кушода, худро ба берун ҳаво диҳам

Илҳомҷон Ёқубов мегӯяд, ташхис нишон дод, ки ӯ осеби мағзӣ дида, устухони бинӣ ва қарбурғааш шикастааст. «Баъди гузориш додан ба пулис барои ташхиси дубора ба шифохона меравам. Дар инҷо гирифторони коронавирус зиёданд, ҷой нест. Пизишкон кӯшиш доранд, ки маро дар ягон ҷой бистарӣ кунанд«, — иброз дошт ӯ дар гуфтугӯ бо Родию Озодӣ.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.