Иқтисод

Воксани куруно кай ба бозор меояд?

Нашрияи Guardian дар матлабе, бо баёни ин ки тавлид ва сохти воксани куруно монанди дигар воксанҳо замони зиёде лозим дорад, навишт: “Ироаи воксани куруно ба бозор, дар хушбинонатарин ҳолат, 18 моҳ тӯл мекашад ва албатта ин дар сурате аст, ки ҳама чиз ба хубӣ пеш биравад.”

Guardian дар ин гузориш навишт, пас аз он ки дар пайи шуюъи густурдаи вируси ҷадиди куруно дар кишварҳои мухталиф, Созмони ҷаҳонии беҳдошт онро ҳамагир (пандемия)-и ҷаҳонӣ эълом кард, ҳамаи чашмҳо ба сӯи тавлиди воксан ва вуруди он ба бозор дӯхта шудааст.

Дар ин миён наздик ба 35 ширкат ва муассисаи донишгоҳӣ дар ҳоли рақобат бар сари тавлид ва сохти чунин воксане ҳастанд ва дастикам 4 маврид аз воксанҳои тавлидшуда бар рӯи ҳайвонот озмоиш шудаанд ва ҳатто ба тозагӣ низ хабаре мабнӣ бар нахустин озмоиши воксани куруно бар рӯи намунаи инсонӣ дар Филоделфиёи Омрико шунида шуд, ҳарчанд ширкатҳои тавлидкунандаи воксан наздиктарин замони озмоиши ҳайвонии воксани худро дар баҳори соли ҷорӣ эълом кардаанд, ба унвони мисол яке аз ин ширкатҳо (мустақар дар Бостони Омрико) қарор аст озмоиши ҳайвонии воксани тавлидии худро дар моҳи апрел анҷом диҳанд.

Як ширкати пажӯҳишии дигар (мустақар дар Мериланди Омрико) ҳам эълом кардааст, ки аввалин озмоиши инсонии воксани тавлидии худро дар баҳори имсол оғоз мекунад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.