Сиёсат

Давлати Омрико дар ҳалли бӯҳрони куруно сардаргум аст // Пешбинӣ мешавад ҳаддиақал се сол даргири бӯҳрон бошем

Ба қалами Моргорет Смит (Margaret Smith), узви аршади Муассисаи Heritage

Соли 2020 яке аз бӯҳронитарин солҳои Иёлоти Муттаҳидаи Омрикост. Омрико ин солро аз ҳамон ибтидо бо бӯҳрон оғоз кард. Мо омрикоиҳо ҳамчунон роҳи ҳалле барои бӯҳронҳои пеши рӯи худамон надорем. Давлатмардони мо бӯҳронро тоза ламс кардаанд ва ба назар мерасад дар баробари он барномаи мушаххасе надоранд. Дар ҳоле, ки мушкилоти мо рӯз ба рӯз дар ҳоли афзоиш аст ва осебҳои ҷиддӣ ба зиндагии рӯзмаррааи мардум ворид мекунад, ба назар мерасад давлатмардони мо ҳамчунон дар баробари бархӯрд бо он сардаргум ҳастанд.

Мо як сардаргумиро, ҳам дар равобити байналмилалӣ ва ҳам дар сиёсати дохилии худ, аз сӯи давлатмардонамон шоҳидем. Бояд эътироф кунем, на аҳзоби чап ва демукроти мо ва на аҳзоби муҳофизакор ва ҷумҳурихоҳамон барномае барои рӯёрӯӣ бо мушкилоти пеши рӯи кишвар надоранд.

Ҷадидтарин бӯҳрон, шуюъи вируси куруност, ки ба эътиқоди ман ва бисёре аз ҳамфикронам, таъсироти шигарфе бар ояндаи Омрико ва сиёсати хориҷӣ ва дохилии он хоҳад гузошт. Ба эътиқоди мо, агар давлати Омрико натавонад дар маҳори бӯҳрони вируси куруно муваффақ амал кунад ва он тавр ки интизор меравад ва шоиста ва боиста аст бо он ба мубориза барнахезад ва бар он тасаллут наёбад ва онро контрол накунад, бо мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ хоҳад шуд, ки чӣ басо бесобиқа бошад.

Мо, муҳофизакорон мӯътақидем, ки токтики муҳофизакорӣ ва рӯйкарди мо беҳтар метавонад дар ҳалли бӯҳрон кӯмак кунад ва нигоҳҳои ҳизби демукрот ва чапҳои родикол кӯмаке ба ҳалли бӯҳронҳои кишвар намекунад, аммо ин ки ҷиноҳӣ амал кунем ва коре барои ҳалли мушкили вируси куруно анҷом надиҳем, зарбае сахт бар мо ва ояндаи кишвари мо ворид мекунад. Бешак дар бӯҳронҳои инчунинӣ бояд аз зарфиятҳо ва таҷрибаҳои ҳар ду ҳизб истифода кард ва ихтилофотро канор гузошт ва бӯҳроне ба ин муҳиммиро бо айнаки ҳизбӣ надид.

Мутаассифона он чи акнун дар Иёлоти Муттаҳида шоҳидем, низоъи бепоёни ҷиноҳҳои рақиби демукрот ва ҷумҳурихоҳ дар мубориза бо куруност. Гӯӣ хатареро ҳис накардаанд ва бовар намекунанд, ки саргарм шудан дар рақобатҳои сиёсӣ дар ҳоле, ки таби вируси куруно меравад ҷомеаи Омрикоро ба дарде сахт мубтало кунад, то чӣ андоза ба зарари миллат ва ояндаи Омрико тамом хоҳад шуд.

Бино ба мутолеоти ахири Донишгоҳи Пенсилвониё дастикам то се соли оянда ба наҳвҳои мухталиф даргири бӯҳрони вируси куруно хоҳем буд. Мо ҳанӯз барои ин падида на барномае дорем, на истротежие ва на сиёсати равшане. Дар ҳоле, ки суръати шуюъ фаротар аз он чизе аст, ки интизор дорем ва пешбинӣ мекунем.

Сиёсатҳое, ки аз соли 2017 ва баъд аз дур шудани демукротҳо ва ҷиноҳи чап аз Кохи сафед, дар мавзӯъи молиётҳо ва пазириши муҳоҷирон дар пеш гирифта шудааст, ба назар мерасад акнун короӣ надоранд ва танҳо метавонанд боиси афзоиши мушкилоти давлати Омрико ва ба дунболи он бори изофа бар дӯши миллати Омрико бошанд.

Давлати Омрико чорае надорад, ки дар сиёсатҳои дохилӣ ва байналмилалии худ таҷдиди назар кунад ва ин таҷдиди назар бояд фаврӣ ва ҳамин алъон бидуни ҳеч гуна фавти вақте сурат бигирад, вагарна ояндае дар интизори мо хоҳад буд, ки ба шиддат мушкилофарин хоҳад шуд ва осеби ҷиддӣ ба эътибор ва ояндаи кишвари Омрико хоҳад зад.

Irdiplomacy

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.