Барномаи зиндагӣ

Ду гуфтор аз Мавлоно

Ихтиёр аст, ихтиёр аст, ихтиёр

Мавлоно дар “Фиҳӣ мо фиҳӣ” фармояд:

Он яке бар дарахти қамаруддин (навъе зардолу) мева мерехт ва мехӯрд. Худованди боғ (яъне соҳиби боғ) мутолиба мекард, гуфт: аз Худо наметарсӣ?

Гуфт: чаро тарсам? Дарахт азони Худо ва ман бандаи Худо. Мехӯрад бандаи Худо аз моли Худо.

Гуфт: биист, то ҷавобат бигӯям. Расанро биёред ва ӯро бар ин дарахт бандед ва мезанед, то ҷавоб зоҳир шудан.

Фарёд баровард, ки: аз Худо наметарсӣ?

Гуфт: чаро тарсам?, ки ту бандаи Худоӣ ва ин чӯби Худо. Чӯби Худоро мезанам бар бандаи Худо!..”

(Мавлоно, Фиҳӣ мо фиҳӣ, с.232)

* * *

Ин ҳикоят дар воқеъ дар радди пиндори ҷабргароён оварда шудааст, ки барои инсон ҳеч ихтиёре қоил нестанд ва масалан, вақте гуноҳ мекунанд, агар бигӯӣ, ин кор гуноҳ аст, анҷомаш надеҳ, посух медиҳанд, ки ман аз худам ҳеч ихтиёре надорам, ҳар чӣ аз ман содир мешавад, ин кор кори Худост, ва ба истилоҳ, дар пешониам навишта шуда.

Посухи Мавлоно ба ин гурӯҳ, як посухи амалист, на баҳсу ҷадали лафзӣ. Мегӯяд, агар ҷабргароеро дидед, бо ӯ ба баҳсу ҷадал напардозед, балки амалан коре бо вай кунед, ки мутаваҷҷеҳи зиштии пиндор ва ақидааш бишавад, мисли коре, ки соҳиби боғ бо ин дузд анҷом дода.

Дар Маснавӣ низ ин ҳикоятро оварда:

Он яке мерафт болои дарахт,

Мефишонд он меваро дуздона сахт.

Соҳиби боғ омаду гуфт: Эй данӣ!

Аз Худо шармет ку? Чӣ мекунӣ?

Гуфт: Аз боғи Худо бандай Худо,

Гар хурад хурмо, ки Ҳақ кардаш ато.

Омиёна чӣ маломат мекунӣ?

Бухл бар хони Худованди ғанӣ?

Гуфт: Эй Айбак! Биёвар он расан,

То нагӯям ман ҷавоби булҳасан.

Пас бибасташ сахт он дам бар дарахт,

Мезад ӯ бар пушту соқаш чӯб сахт.

Гуфт: Охир аз Худо шарме бидор,

Мекушӣ ин бегунаҳро зор-зор.

Гуфт: Аз чӯби Худо ин бандааш

Мезанад бар пушти дигар банда хваш.

Чӯби Ҳаққу пушту паҳлӯ они ӯ,

Ман ғулому олати фармони ӯ.

Гуфт: Тавба кардам аз ҷабр, эй аёр!

Ихтиёр аст, ихтиёр аст, ихтиёр.

* * *

Хушии дурӯғин

Мавлоно фармояд:

Дасти яке буридаанд ё шикастаанд ва овехта аст, каж шуда. Ҷарроҳ онро рост мекунад ва бар ҷойи аввал менишонад, ӯро он хуш намеояд ва дардаш мекунад, ончунон кажаш хуш меояд. Ҷарроҳ мегӯяд: туро аввал он хуш меомад, ки дастат рост буд ва ба он осуда будӣ, ва чун каж мекарданд мутаъаллим мешудӣ (яъне дардат мешуд) ва меранҷидӣ. Ин соат агар туро он каж хуш меояд, ин хушӣ дурӯғин аст, инро эътибор набошад.

Ҳамчунон арвоҳро (руҳи инсонҳоро) дар олами қудс хушӣ аз зикри Ҳақ ва истиғроқ дар Ҳақ буд ҳамчун малоика. Агар эшон ба воситаи аҷсом (ҷисми моддии худ) ранҷуру маълул шуданд ва гил хӯрданашон хуш меояд, набӣ ва валӣ, ки табибанд мегӯянд, ки: туро ин хуш намеояд ва ин хушӣ дурӯғ аст, туро хуш чизи дигар меояд, онро фаромӯш кардаӣ. Хушии мизоҷи аслӣ (ва) саҳеҳи ту он аст, ки аввал хуш меомад. Ин иллат (дард) туро хуш меояд, ту мепиндорӣ, ки ин хуш аст ва бовар намекунӣ.”

(Фиҳӣ мо фиҳӣ, с.239)

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.