Дидгоҳ

Дуои наврӯзӣ

Худоё!

Эй дигаргунгари дилҳову дидаҳо!

Эй гардонандаи чархи рӯзону шабон!

Эй беҳбудбахши рӯзгори мардумону замин!

Ҳоли моро ба беҳтарин ҳол дигаргун бифармо!

* * *

Фаро расидани Наврӯз ва соли нави шамсии 1399-ро ба яко-яки ҳаммиҳанонам табрику таҳниат мегӯям.

Дар лаҳазоти поёнии соли шамсӣ, даст ба сӯйи Худованди Меҳрубон боло мебарам ва дуо мекунам, ки:

Худоё! Аз ту масъалат мекунам, соли нави 1399 шамсиро барои Тоҷикистони азизамон соли шукуфоӣ, соли пешрафт, соли озодии ҳамаи зиндониҳои сиёсӣ қарор бидиҳӣ!

Худоё! Аз ту мехоҳам, худат дили мақомоти ин кишварро нарму мулойим гардонӣ, то вифқи адлу дод бар мардум ҳукумат кунанд ва ба ҳуқуқи так-таки шаҳрвандони ин марзу бум эҳтиром гузоранд!

Худоё! Аз ту масъалат мекунам, барои ҷавонони ин сарзамин огоҳӣ ва бедорӣ ва дониш ва маърифат ато бифармоӣ!

Худоё! Аз ту мехоҳам, барои диндорони Тоҷикистон басирату биниши лозим дар ташхиси дуруст аз нодуруст, саҳеҳ аз ғалат ва савоб аз носавоб ато бикунӣ, то бидонанд, роҳ кадом аст ва чоҳ кадом?! Тавфиқи фаҳми дуруст ва амиқи ойини инсонсози ислом, дарки масоили рӯз ва ташхиси авлавиятҳо насибашон бифармоӣ, то бидонанд, ки ойини ҳазрати Муҳаммад (с) барои васл кардан омада, на барои фасл кардан!

Худоё! Раҳбарон ва фаъолони аҳзоби сиёсиро бо андешае рӯшангар ва зеҳне барномарез ва маҳорати мудирияти саҳеҳ баҳраманд созӣ!

Худоё! Ба лутфу карамат, вируси хонахаробкуни куруно вориди сарзаминамон нашавад, бе ҳамин вирус низ ин мардуми заҷрдида садҳо ва балки ҳазорон мушкилот домангирашон аст, дигар бар мушкилоти онҳо маяфзоӣ!

Бори дигар ҳулули соли нав ва таваллуди дубораи табиат, иди фархунда ва куҳани Наврӯзи бостониро, ки ёдгори ниёкон ва паёмовари дӯстӣ, ишқ ва муҳаббат аст-ро ба так-таки азизон табрик мегӯям.

Соли нав бар шумо муборак!

Бо камоли эҳтиром,

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.