Сиёсат

Омрико 5 донишманди атомии Эронро таҳрим кард

Вазири хориҷаи Омрико дар идомаи таҳримҳо алайҳи Эрон, ин бор бо интишори як баёния, аз таҳрими 5 тан аз донишмандони ҳастаии Эрон хабар дод.

Давлати Омрико дар идомаи иқдомоти зидди эронии худ, ин бор ба таҳрими 5 тан аз донишмандони ҳастаии Эрон даст задааст.

Ба гузориши хабаргузории Форс, ба рағми дархостҳои байналмилалӣ барои коҳиш додани таҳримҳои Омрико алайҳи Эрон дар авҷи бӯҳрони ҷаҳонии ношӣ аз шуюъи вируси куруно, Вошингтун таҳримҳои зидди инсонии худро ба самти таҳрими донишмандони ҳастаии Эрон бурдааст.

Давлати Омрико рӯзи чаҳоршанбе (дирӯз, 18 март) расман эълом кард, ки чандин ширкатро ба далели ҳамкорӣ бо Эрон таҳти таҳрим қарор додааст.

Мойк Помпео, вазири хориҷаи Омрико ҳам рӯзи сешанбе (17 март) гуфта буд: “Вазорати хориҷаи Омрико 9 ниҳод дар Офриқои ҷанубӣ, Ҳонконг ва Чин ва се фарди эрониро ба далели ворид шудан ба мубодилоти молӣ дар заминаи харид, фурӯш, содирот ва бозорёбии маҳсулоти петрушимии Эрон, таҳти таҳрим қарор додааст.”

Помпео дар баёнияе, ки рӯзи гузашта мунташир кард, тавзеҳоти ҷадиде ироа дод ва гуфт: “Дирӯз Вазорати хориҷаи Омрико 9 ширкат ва 3 фардро ба далели мушорикат дар фаъолиятҳое, ки рафторҳои ситезаҷӯёнаи Эронро тақвият мекунад, таҳти таҳрим қарор дод.”

Дар бахше аз баёнияи вазири хориҷаи Омрико, ӯ аз эъмоли таҳрими ин кишвар алайҳи 5 тан аз донишмандони атомии Эрон хабар додааст.

Дар баёнияи Мойк Помпео номи ин донишмандон ба шарҳи зерин мунташир шудааст:

Ориф Болии Лошак;

— Сайидмуҳаммад Маҳдии Ҳодавӣ;

— Комрони Донишҷӯ;

— Маҳдии Теҳрончӣ;

— Алии Маҳдипури Имронӣ.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.