Ҷаҳон

Паёми наврӯзии дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар паёме наврӯзӣ, зимни табрик ба муносибати фаро расидани баҳор, ба хонаводҳои доғдори ношӣ аз вируси куруно таслият гуфт.

Онтуниу Гутриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид рӯзи панҷшанбе (19 март) ба муносибати фаро расидани Наврӯзи 1399 (2020), паёмеро ирсол кард.

Ба навиштаи пойгоҳи интернетии Созмони Милали Муттаҳид, Онтуниу Гутриш, зимни арзи шодбош ба муносибати ин айём, барои аъзои хонаводаҳои ҷонбохтагони ношӣ аз вируси куруно, паёми таслият фиристод.

Дар паёми наврӯзии дабири кулли Созмони Милал омадааст: “Ҳар сол Наврӯзро ба унвони рӯзи оғози баҳор ҷашн мегирем, замоне ки бо умеду шодӣ ба сӯи як соли ҷадид меравем. Мо таҷдиди табиат ва рӯзи аввали баҳорро ҷашн мегирем.

Гутриш афзуд: “Имсол барои бисёре, Наврӯз бо ғаму андӯҳу изтироб, фаро мерасад ва вируси COVID-19 дар саросари ҷаҳон аз ҷумла манотиқе, ки ин ҷашни бостонӣ баргузор мешавад, соя афкандааст. Ман маротиби таслияти худро барои касоне, ки азизони худро аз даст додаанд ва барои ҳамаи касоне, ки таҳти таъсири ин беморӣ қарор гирифтаанд, арз мекунам.”

Дабири кулли Созмони Милал ҳамчунин ибрози умедворӣ кард, то Наврӯз замони оромишу лаззат бурдан аз зебоиҳо ва оғозе хуш барои ҳамагон бошад.

Гутриш дар хотимаи ин паём, Наврӯзи шод, солим, сулҳомез ва мураффаҳро барои ҳамагон орзу кард.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.