Сиёсат

Раҳмон Наврӯзро ба Руҳонӣ табрик гуфт

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар паёме ба ҳамтои эронии худ, зимни табрики Иди Наврӯз ба унвони мероси муштараки фарҳангӣ, навишт: “Итминон дорам, ки мо дар оянда низ ҷиҳати густариши пайвастаи муносиботи дӯстӣ ва ҳамкориҳо дар ҷанбаҳои мухталиф байни кишварҳоямон ба таври муштарак саъю талош хоҳем кард.”

Ба гузориши хабаргузории Ирно, Эмомалӣ Раҳмон дар паёме ба Ҳасани Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон, зимни табрики соли нав, навишт: “Бо камоли хушнудӣ, ба шумо ва тамоми мардуми дӯсти кишваратон беҳтарин орзуҳо ва самимонатарин табрикоти хешро ба муносибати фаро расидани Иди байналмилалии Наврӯз иброз менамоям.”

Дар идомаи ин нома омадааст: “Иди Наврӯз ба унвони мероси муштараки фарҳангӣ ва таърихи куҳани сокинони ҳавзаи он, равобити дӯстӣ ва эҳтиром, эътимоди ҳамбастагӣ ва ҳамкорӣ байни онҳоро таҳким бахшида ва дар ростои ба ҳам наздик шудани мардумони ҳамтабори мо, хидмат мекунад.”

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар номаи худ таъкид кард: “Итминон дорам, ки мо дар оянда низ ҷиҳати густариши пайвастаи муносиботи дӯстӣ ва ҳамкориҳо дар ҷанбаҳои мухталиф байни кишварҳоямон ба таври муштарак саъю талош хоҳем кард.”

Эмомалӣ Раҳмон зимни орзуи пешрафт ва шукуфоии Эрон навишт: “Дар ин айёми фархундаи ҷашни Наврӯз, барои Ҷаноби Олӣ сиҳҳати комил, саодат ва муваффақият дар фаъолияти корӣ ва пешрафт ва шукуфоии беш аз беши Эрони дӯстро орзумандам.

Ин паём, ки дар хабаргузориҳои расмӣ ва расонаҳои Эрон мунташир шудааст, то ин соат дар ҳеч як аз расонаҳои дохилии Тоҷикистон ҳатто сойти риёсати ҷумҳурӣ дида намешавад, дар ҳоле, ки паёмҳои Эмомалӣ Раҳмон ба сурати бисёр густурда пахш мешуданд. Маълум нест чаро расонаҳои расмии Тоҷикистон аз интишори паёмҳои Раҳмон ба мақомоти Эрон дар яке ду соли ахир худдорӣ мекунанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.