Ҷаҳон

Таътилии масоҷиди Маскав ҳамзамон бо талоши калисоҳои Русия барои таътил нашудан

Потриёрк Кирил, раҳбари калисои уртудукси рус

Дар ҳоле, ки муовини Шӯрои муфтиёни Русия эълом кард, масоҷиди Маскав ба далели шуюъи куруно то рӯзи 10-уми апрел таътил аст, руҳониҳои масеҳӣ талош доранд калисоҳо таътил нашаванд.

Дамир Муҳйиддинов, муовини Шӯрои муфтиёни Русия

Дамир Муҳйиддинов, муовини Шӯрои муфтиёни Русия, бо баёни ин ки хатари шуюъи бемории куруноро набояд нодида гирифт, гуфт: “Бо таваҷҷӯҳ ба ин чолиш, бо дарки масъулияти худ дар қиболи амнияти мардум, мо дар Шӯрои муфтиёни Русия тасмим гирифтем, то рӯзи 10-уми апрел намози ҷамоат дар масоҷиди Маскав шомили масҷиди ҷомеъ дар хиёбони “Мир”, масҷиди таърихӣ дар хиёбони “Тоторскӣ”, масҷиди ёдбуд дар “Поклонная гора” иқома нашавад.”

Ва ин дар ҳоле аст, ки калисоҳои Русия на танҳо таътил нашуда, балки раҳбарони он талош доранд бо пешниҳоди тавсияҳое, монеъи баста шудани калисо дар ин айём шаванд; айёме, ки ҳар рӯз бар теъдоди мубталоён ба куруно дар Русия афзуда мешавад.

Барои пешгирӣ аз густариши вируси куруно, Маркази калисои уртудукси Русия, 22 ҳаракати ҷадид барои иҷрои маросими мазҳабӣ дар қолаби як дастуруламал ба соири калисоҳо ирсол кардааст.

Аз ҷумлаи ин нукот, худдорӣ аз бӯсидани салиб дар ҳангоми маросими мазҳабӣ аст ва ба ҷойи он, салиб рӯи сари афроди ширкаткунанда гузошта мешавад.

Истифода аз дасткашҳои якбормасраф дар маросимҳои мазҳабӣ, аз нукоти дигари ин дастуруламал аст, ки бояд дар калисоҳо риоят шавад.

Ғусли таъмид дар калисо ҳам бояд пас аз зидди уфунии таште, ки аз он истифода мешавад, анҷом гирад.

Ҳеч кашиш ё усқуфе ҳақ надорад феълан дасти худро барои бӯсидан ба сӯи афроди ширкаткунанда дар маросими мазҳабии калисоҳо дароз кунад.

Бар асоси дастуруламали ҷадид, мадориси калисоҳо, ки ба истилоҳ “мадориси якшанбеӣ” номида ва дар он кӯдакон омӯзишҳои мазҳабӣ мебинанд, то иттилоъи сонавӣ баста мешаванд.

Кашишони калисоҳо муваззаф шудаанд ба афроде, ки дар маросимҳои мазҳабӣ дар калисоҳо ширкат мекунанд, тавзеҳ диҳанд, ки иҷрои дастуруламал барои ҳифзи беҳдошт ва пешгирӣ аз сирояти куруно зарурӣ аст ва ҳама бояд аз он пайравӣ кунанд.

Потриёрк Кирил, раҳбари калисои уртудукси рус ҳам эълом карда, ки бино надорад дастури таътилии калисоҳоро содир кунад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.