Ҷаҳон

Охирин омори куруно // Испониё ва Олмон дар омори мубталоён ба куруно, аз Эрон пешӣ гирифтанд

Олмон ва Испониё дирӯз (ҷумъа, 20 март) дар омори мубталоён ба бемории COVID-19, ки бар асари вуруди вируси куруно ба бадани инсон эҷод мешавад, аз Эрон пешӣ гирифтанд.

Дар оморҳое, ки рӯи вебсойти Worldmeters.info сабт шуда, Чин бо 80967 мавриди ибтило дар садр қарор дорад. Дар ин кишвар дирӯз 39 нафар ба бемории COVID-19 мубтало шудаанд, ки аз миёни онҳо 3 нафар ҷон бохтаанд. Дар маҷмӯъ дар Чин 3248 нафар бар асари ибтило ба COVID-19 ҷонашонро аз даст додаанд.

Итолиё бо 47021 мавриди ибтило дар ҷойгоҳи дуввум қарор гирифтааст. Дар 24 соати гузашта 5986 (тибқи омори дирӯз) мавриди ҷадиди ибтило ба COVID-19 шиносоӣ шудааст. 627 нафар ҳам дар 24 соати гузашта ҷон бохтаанд. Маҷмӯан 4032 нафар дар Итолиё бар асари ин беморӣ фавт кардаанд.

Дар Испониё бо шиносоии 2355 мавриди ҷадид, теъдоди кулли мубталоён ба 20412 нафар расид. Дирӯз дар ин кишвар 213 нафар ҷон бохтанд. Маҷмӯан 1044 нафар дар ин кишвар қурбонии вируси куруно шудаанд.

Олмон бо 19848 мавриди ибтило дар чаҳорумин ҷойгоҳ аз лиҳози шумори мубталоён қарор гирифтааст. Дирӯз 4528 нафар мубтало ба COVID-19 дар Олмон шиносоӣ шуда ва 23 нафар фавт карданд. Ин вирус дар Олмон маҷмӯан ҷони 67 нафарро гирифтааст.

Дар Эрон 19644 нафар мубтало ба бемории COVID-19 шиносоӣ шудаанд, ки аз миёни онҳо 1433 нафар ҷонашонро аз даст додаанд. Дар Эрон дирӯз 1237 нафар аз мубталоён шиносоӣ шуданд ва 23 нафар ҷонашонро аз даст доданд.

Омрико бо 17729 мубтало, дар шашумин ҷойгоҳ қарор дорад. То кунун 230 нафар дар ин кишвар қурбонии ин вирус шуда ва ҷонашонро аз даст додаанд. Дар тозатарин омор 23 нафар ба шумори ҷонбохтагони Омрико изофа шудааст. 3940 мавриди ҷадиди ибтило ҳам дирӯз шиносоӣ шудааст.

Пас аз ин кишварҳо, Фаронса бо 17729 мавриди ибтило қарор дорад. Дар 24 соати гузашта (тибқи гузориши дирӯз) 1617 нафар ба COVID-19 мубтало шуданд ва 78 нафар ҷонашонро аз даст доданд.

Рубрики:Ҷаҳон

Помечен как:, ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.