Ҷомеа

Хубиҳои куруно: куруно омили коҳиши олудагии обуҳаво ва шуюъи халлоқият ва меҳрубонӣ дар ҷаҳон — (тасовир)

Вируси куруно дар бисёре аз нуқоти замин дар ҳоли густариш аст ва ҳар рӯз афроди бештаре мубтало шуда ё ҷон мебозанд. Бисёре аз шаҳрҳо ё кишварҳо таътил шуда ва милюнҳо нафар аз мардуми ҷаҳон дар қарантина ба сар мебаранд, аммо дар миёни ин ҳама ахбори нигаронкунанда, далоиле барои умедворӣ вуҷуд дорад.

Коҳиши олудагии ҳаво

Ба гузориши ВВС, кишварҳои ҷаҳон вориди қарантина мешаванд ва ҳамин мавзӯъ боиси коҳиши қобили таваҷҷӯҳи олудагии ҳаво шудааст.

Ҳам кишвари Чин ва ҳам бахши шимолии Итолиё дар давраи қарантина, аз коҳиши чашмгири диуксиди нитружен (оксид азота) дар асари коҳиши фаъолиятҳои санъатӣ ва кам шудани рафту омад бо худравҳои шахсӣ, хабар додаанд. Диуксиди нитружен яке аз ҷиддитарин олояндаҳои ҳаво ва аз омилҳои шимиёии гармкунандаи кураи замин аст.

Ду тасвир аз сарзамини аслии Чин — баъд ва қабл аз шурӯъи шуюъи куруно // Тасвири самти чап аз 1 то 20 январи 2020 // Тасвири самти рост аз 10 то 25 феврали 2020.

Муҳаққиқони нюйоркӣ низ эълом кардаанд, ки мизони CO2, ки бештари он ношӣ аз рафту омади худравҳои шахсӣ аст, дар муқоиса бо муддати мушобеҳи соли қабл дар Ню-йорк ҳудуди 50 дарсад коҳиш ёфтааст.

Бо таътилии парвозҳои ҳавоӣ дар ҷаҳон, интизор меравад шохисҳои олудагии ҷаҳонӣ раванди нузулии худро ҳамчунон идома диҳанд.

Конолҳои об пок мешаванд

Дар таҳқиқе дигар, сокинони Вениз (Венетсия) низ мутаваҷҷеҳи беҳбуди кайфияти об дар конолҳои шаҳрии худ шуданд.

Вениз (Венетсия) шаҳре туристӣ ва пуртарафдор дар шимоли Итолиё аст, ки рӯи об сохта шуда ва хиёбонҳои обӣ дорад. Дар даврони қарантина ба далели коҳиши рафту омади қоиқҳо ва кам шудани теъдоди гардишгарон, кайфияти оби конолҳо беҳбуд ёфтааст.

Вируси куруно боиси беҳбуди кайфияти оби конолҳои Вениз шуда ва об шаффофтар ба назар мерасад.

Меҳрубонӣ

Қиссаҳои зиёде дар бораи қафасаҳои холӣ, даъво бар сари дастмолкоғазӣ ва консервҳо дар ҷаҳон вуҷуд дорад, аммо вируси куруно боиси густариши муҳаббат ва меҳрубонии ҷаҳонӣ ҳам шудааст.

2 маҷмӯаи нюйоркӣ 1300 довталабро дар 72 соат барои кӯмак ба афроди солхӯрда созмондиҳӣ карданд. Ин афрод маводди ғизоӣ ва доруро ба солхӯрдагон ва қишрҳои осебпазир мерасонанд.

Бино бар эъломи Фейсбук, садҳо ҳазор нафар дар Бритониё, ба гурӯҳҳои пуштибонии маҳаллӣ барои омодагӣ дар баробари вируси куруно пайвастаанд. Гурӯҳҳои мушобеҳе низ бо номи «муроқибаткунандагон» дар Конодо шакл гирифтааст.

Мардум ҳамчунин ба корҳои хайр мепардозанд. Гурӯҳҳое паёмҳои ангезишӣ ва хушҳолкунанда ба солхӯрдагони қарантинашуда мефиристанд. Бархе аз дафтарҳои корӣ ва тиҷорӣ низ ба марокизи хайрияи тавзеъи маводди ғизоӣ табдил шудаанд.

Наздикии ҷомеаҳо ба ҳам

Дар замони кори шадид эҳсоси дур будан аз дунёи атроф табиӣ аст, аммо аз он ҷо, ки вирус рӯи ҳамаи мо асар гузоштааст, бисёре аз ҷомеаҳо дар саросари ҷаҳон ба ҳам наздик шудаанд.

Дар Итолиё қарантинаи саросарӣ боис шуда то мардум дар соатҳои хоссе аз рӯз, дар болкунҳо ҷамъ шуда ва барои тақвияти руҳияи якдигар овоз бихонанд.

Ин вирус ҳамчунин аҳаммияти коркунони беҳдошт ва соири кормандони бахшҳои калидиро барҷаста кард.

Ҳазорон нафар дар Итолиё барои қадрдонӣ ва ташвиқи пизишкон ва парасторони худ ба болкун ё канори панҷара рафтанд ва барои пизишкон овоз хонда ва каф заданд.

Равнақи халлоқият

Бисёре аз мардуми қарантинашудаи ҷаҳон аз ин фурсат барои халлоқият баҳра мегиранд.

Бисёре аз корбарони расонаҳои иҷтимоӣ ҷузъиёт ва натиҷаи саргармиҳои ҷадиди худ монанди ғизоҳо, бофтанӣ, гулдӯзӣ, наққошӣ ва китобҳои хондашудаи худро ба иштирок мегузоранд.

Бисёре аз мардум ҳунарҳои дастиашонро аз тариқи фазои маҷозӣ ба намоиш дароварда ё онро барои кӯдакон ва волидайн омӯзиш медиҳанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.