Ҷаҳон

Интиқоди Чин аз саҳлангории Урупо ва Омрико дар маҳори куруно

Дар ҳоле, ки ба назар мерасад Чин дар контроли куруно муваффақиятҳое касб кардааст, интиқодҳо аз Урупо ва Омрико барои камкорӣ дар ин замина, дар ҳоли афзоиш аст; мавзӯе, ки нишон медиҳад роҳкорҳои Чин бо Омрико ва Урупо дар маҳори куруно мутафовит аст.

Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ, ки замоне Чинро маркази ҳамагирӣ (пандемия) муаррифӣ мекард, аз дастовардҳои ин кишвар дар маҳори ин беморӣ тақдиру ташаккур карда ва инак Урупоро меҳвари шуюъи куруно муаррифӣ кардааст. Бо ин ҳол, Пекин ҳанӯз барои маҳори ин беморӣ талош мекунад, бо ин тафовут, ки барномаи ҷадиди он, ҷилавгирӣ аз вуруди куруно аз тариқи мусофирони кишварҳои дигар аст. Барои ҳамин, тамоми мусофироне, ки аз кишварҳои дигар вориди Чин бахусус пойтахти ин кишвар шаванд, барои 2 ҳафта қарантина мешаванд ва ҳазинаи онро низ пардохт хоҳанд кард.

Ба гузориши Ирно, коршиносони чинӣ мӯътақиданд, ки шуморе аз кишварҳои ғарбӣ мавзӯи ҳамагирии куруноро бояду шояд ҷиддӣ талаққӣ накардаанд. Чиу Ҳоибу, пизишки мутахассис дар бемористоне дар шаҳри Нанҷинг дар ҷануби шарқи Чин мегӯяд: “Мо нигаронем, ки чаро бархе аз кишварҳои ғарбӣ ва урупоиҳо аз Чин дарс нагирифтаанд ва ба шиддат бо шуюъи беморӣ муқобила намекунанд.”

Ӯ меафзояд, ки интиқодҳо дар Чин аз ин саҳлангориҳои Ғарб афзоиш ёфтааст ва нигарониҳо рӯз ба рӯз бештар мешавад.

Ҳу Ши Ҷин, сардабири рӯзномаи Global Times-и Чин ҳам мегӯяд: “Инки кишварҳое монанди Суэд (Шветсия) ва Англистон бо қудрату иқтидори кофӣ бо ин вирус муқобила намекунанд, як ҷиноят маҳсуб мешавад. Чунин иқдоме боис хоҳад шуд, то ҷони мардум ба хатар биафтад ва ба мавқеъ натавон бемориро контрол кард ва доманаи он рӯз ба рӯз густурдатар хоҳад шуд.”

Ҷонг Ван Ҳунг, аз бемористони Ҳуошуни шаҳри Шонкҳой дар шарқи Чин ҳам гуфт: “Мо нигарони мусофирони вурудӣ ҳастем. Ин тавр ки пеш меравад, ғарбиҳо қодир ба таваққуфи куруно то тобистон нахоҳанд буд. Дар Чин, Куреи ҷанубӣ, Сингопур ва Жопун (Япония) давлатҳо ва миллатҳо саҳми худро ба хубӣ адо кардаанд, аммо дар Урупо шоҳиди таҳаввулоти хатарноке ҳастем, ва ин нигаронкунанда аст.”

Ин коршиносон меафзоянд, Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ таъкид дорад, ки давлатҳо масъули ҷони мардум ҳастанд, онҳо бояд ҳамаи беморон ва мубталоёнро шиносоӣ кунанд.

Телевизиюни Чин дар гузориши худ овардааст, низомҳои ғарбӣ албатта тафовутҳое бо Чин доранд, наметавонанд дақиқан монанди Чин амал кунанд, аммо истифода аз таҷрибиёти Пекин метавонад барои онҳо низ муфид бошад, бояд дид то чӣ андоза ин таҷрибаҳо ба кор баста мешавад, Ғарб бояд бо қудрат муқобили куруно биистад.

Расонаҳои Чин нӯки пайкони интиқодҳои худро мутаваҷҷеҳи Омрико кардаанд ва навиштаанд, ки ин кишвар аз дигарон дар мубориза бо куруно интиқод мекунад ва бахусус Чинро зери назар гирифтааст, аммо аз худ ғофил монда ва ба таври ҷиддӣ барои маҳори куруно даст ба кор нашудааст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.