Сиёсат

“Кадом оқиле кӯмаки Омрикоро, ки муттаҳам ба тавлиди вирус аст, қабул мекунад” – (Видео)

Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Эрон, бо ишора ба изҳороти мақомҳои омрикоӣ мабнӣ бар омодагӣ барои ирсоли кӯмакҳои доруӣ ва дармонӣ дар сурати дархости Эрон аз онҳо, гуфт: “Сӯҳбатҳои омрикоиҳо ҷузъи ҳарфҳои бисёр аҷиб аст; зеро аввалан, худашон дучори камбуди шадиди дору ва таҷҳизоти пешгирӣ аз беморӣ ҳастанд ва бархе масъулонашон сароҳатан аз ин камбудҳои ваҳшатовар сухан ба миён овардаанд, бинобар ин, онҳо агар имконоте доранд, ба мардуми худашон барасанд.” Вай афзуд: “Сониян, ҳангоме ки омрикоиҳо муттаҳам ба тавлиди ин вирус ҳастанд, кадом инсони оқиле кӯмак аз ин кишварро қабул мекунад.”

Ба гузориши хабаргузории Форс, Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Эрон, субҳи имрӯз (якшанбе, 22 март) дар бахше аз суханони худ, ки ба муносибати соли нави шамсӣ ва Наврӯз эрод намуд, бо дархост аз Худованд “барои рафъи ҳарчи сареътари бемории куруно аз сари миллат Эрон ва ҳамаи башарият” ва бо таъкид бар “зарурати амал ба ҳамаи дастуруламалҳои беҳдоштӣ”, ҳамчунин афзуд: “Ба омрикоиҳо ҳеч эътимоде нест; зеро мумкин аст доруҳоеро ирсол кунанд, ки вирусро дар Эрон шойеътар ва ё мондагор кунад, ва ё ҳатто мумкин аст афродеро ба унвони дармонкунанда бифиристанд, то бибинанд асаргузории ин вирусро, ки гуфта мешавад бахше аз он фақат махсуси Эрон сохта шуда, чӣ гуна буда ва иттилооти худро такмил ва душмании худро бештар кунанд, бинобар ин, суханони омрикоиҳо қобили қабул нест.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ёдоварии таҷрибаи 40-сола ва зарфияти фавқулъодаи кишвараш барои муқобила бо ҳамаи чолишҳо ва мушкилот, хитоб ба эрониён гуфт: “Зарфиятҳои кишвар бисёр зиёд аст, вале муҳим он аст, ки масъулон ин зарфиятҳоро шиносоӣ кунанд ва дар ҳамаи бахшҳо афроди ҷавон, мӯъмин, боангеза ва муташарреъ ба кор гирифта шаванд.”

Вай ҳамаи мардумро ба ҷиддӣ гирифтан ва амал ба дастурҳои масъулони Ситоди миллии мубориза бо куруно тавсия кард ва афзуд: “Бар асоси ин дастуруламалҳо ҳатто иҷтимоъоти динӣ ва ҳарамҳои мутаҳҳар таътил шуд, ки дар тӯли таърихи мо ба ин шакл бесобиқа буд, аммо чорае набуд ва маслиҳат ингуна иқтизо мекард.”

Раҳбари Эрон дар поён изҳори умедворӣ кард, ки Худованди Мутаъол ҳарчи зудтар ин балоро аз миллати Эрон ва миллатҳои мусалмон ва ҳамаи башарият дафъ кунад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.