Осиёи Марказӣ

Марзҳои Ӯзбакистон аз фардо баста мешаванд

Давлати Ӯзбакистон имрӯз (якшанбе, 22 март) эълом кард, мақомҳои Тошканд тасмим гирифтанд аз фардо (23 март) марзҳои ин кишварро барои муқобила бо шуюъи куруновирус бибанданд.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, дар баёнияи давлати Ӯзбакистон омадааст: “Аз аввалин дақиқаҳои рӯзи 23 март, марз барои ҳамаи афрод, ба ҷуз шаҳрвандони дигар кишварҳо, ки қасди хуруҷ аз Ӯзбакистонро доранд, баста мешавад.”

Бар асоси гузориши Вазорати беҳдошти Ӯзбакистон, аввалин мавриди ибтило ба COVID-19 дар ин ҷумҳурӣ 15 март шиносоӣ шуд. Бемор зане будааст, ки аз Фаронса бозгаштааст. То субҳи имрӯз (22 март), теъдоди мубталоён ба 42 тан афзоиш ёфт.

Сухангӯи мақарри амалиётии Ӯзбакистон ба “Спутник” гуфт, мақомҳои Ӯзбакистон 881 шаҳрванди ин кишварро, ки имрӯз бо парвозҳое аз Русия, Молезӣ (Малайзия) ва Туркия омадаанд, ба муддати 2 ҳафта қарантина кардаанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.