Ҷомеа

Чанд пешниҳоди Муҳиддин Кабирӣ ба ҳукумат ҷиҳати идораи ҷомеа дар шароити сахти куруноӣ

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ), дар як суханронӣ, ки асри дирӯз (22 март) ба сурати зинда пахш шуд, як силсила пешниҳодҳое ба ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати идораи ҷомеа дар шароити сахти куруноӣ ироа намуд.

Вай, бо баёни ин ки имрӯз дар Тоҷикистон як ситод барои пешгирӣ аз шуюъи куруновирус ташкил шуда ва масъулияташ бо сарвазир аст, гуфт: “Ман пешниҳод мекунам – ва ин пешниҳоди Паймони Миллии Тоҷикистон ва низ баъзе коршиносон ҳам ҳаст – ки ҳаҷми ин бӯҳрон ва марҳилаҳои пас аз ин вирус ба ҳадде бузург аст, ки талаб мекунад як ситоди васеътар ташкил карда шавад бо роҳбарии худи раисиҷумҳур, ва дар он, сарвазир ва раҳбарони ҳар ду палатаи Маҷлис, вазоратҳои қудратӣ, иқтисод ва тамоми раисони вилоятҳо ва шаҳрҳо шомил бошанд. Зеро ҳаҷми масъала бузургтар аз он аст, ки аз дасти сарвазир чизе биёяд. Салоҳият ва ваколат ва имконоти сарвазир кофӣ нест, ки ҳам барои пешгирӣ аз шуюъи ин вирус талош кунад ва ҳам як омодагии лозим барои замони пас аз вирус бинад ва моро аз ин бӯҳрон бираҳонад.”

Кабирӣ афзуд: “Ин ситод ҳар рӯз бояд ташкили ҷаласа намуда ва ба миллат гузориш бидиҳад, ки чӣ кор карда истодааст. Дигар, вақти гузоришгирӣ аз миллат нест, балки вақти гузориш додан ба миллат аст.

Раҳбари ПМТ идома дод: “Пешниҳоди дигари мо ин аст, ки як “пакети чораҳои фаврӣ” аз тарафи ин ситод қабул карда шавад. Чораҳои фаврие, ки бояд дар як муддати кӯтоҳ, масалан як моҳ, қабул ва иҷро шаванд. Дар ин пакет бояд як силсила чораҳои ҳуқуқӣ дида шавад, ки бояд дар баъзе санадҳои ҳуқуқӣ тағйирот ворид карда шавад ва ба ҳамин ҷиҳат гуфтам, ки бояд раҳбарони ҳар ду палатаи Маҷлис дар он ҳузур дошта бошанд, то чораҳои фаврӣ заминаи ҳуқуқӣ дошта бошанд. Ва ҳамчунин бояд вазоратҳои қудратӣ мисли Кумитаи амният ва Вазорати дохила ва ҳатто артиш ҳам, агар зарурат пеш ояд, вориди амал шаванд, ҳамон тавр ки дар баъзе кишварҳо дида мешавад. Худо кунад, ки кор ба ин марҳила нарасад, аммо омодагӣ ҳамеша лозим аст. Ва ин ҳам, ки гуфтам бояд раисони вилоятҳо ва шаҳрҳо дар ин ситод бошанд, далелаш ин аст, ки ин дастурҳо тавассути онҳо иҷро мешаванд.”

Кабирӣ дар идома тавзеҳ дод: “Акнун биёем бар сари пешниҳодҳои мушаххас, ки дар ин “пакети чораҳои фаврӣ” кадом масъалаҳо ворид шаванд. Ду бахш аст. Як бахш ин аст, ки бештар ҳолати иқтисодӣ ва молиявӣ дорад, ки ин бар дӯши ҳукумат аст. Як бахши дигараш бештар иҷтимоӣ ва фарҳангӣ аст, ки масъулияти иҷрои он, ҳам бар дӯши ҳукумат ва ҳам бар дӯши худи мардум аст.”

Вай афзуд: “Пешниҳоди аввал ва хеле фаврӣ ин аст, ки бояд мо як силсила иқдомҳоеро дар назар бигирем, ки бори молиявиро аз дӯши мардум ва аз дӯши соҳибкорҳо сабук кунад. Агар соддатар карда бигӯям, имрӯз шаҳрвандон, соҳибкорон ва корхонаҳо ба ҳукумат андоз месупоранд, ин андозҳо ва пардохтҳо болои нарху наво ва болои гардиши мол таъсир мерасонад. Ҳукумат дар ин чораҳои фаврӣ, ки мегӯем, талош кунад он сангиниҳое, ки то имрӯз бар дӯши мардум буд аз лиҳози пулӣ ва молӣ, онҳоро аз байн бардорад ё лоақал сабук кунад, то мардум нафаси сабуктар бикашанд. Зеро дар ин сурат вақте вориди марҳилаи пасовирусӣ мешавем, дигар сангинии ин фишорҳои пулӣ ва молӣ бар дӯши мардум камтар аст, танҳо дар ин сурат ин корхонаҳо метавонанд худро ҷоннок кунанд ва аз шароити бӯҳрони берун биёянд.”

Раҳбари ПМТ афзуд: “Мо медонем, ки ҳукумати Тоҷикистон маблағи кофӣ надорад, то мисли кишварҳои дигар, ба мардум дар ин шароити сахт пул бидиҳад, аз ин рӯ, танҳо коре, ки ҳукумат метавонад анҷом диҳад ин аст, ки ақаллан фишори пулӣ ва молиро аз сари онҳо бардорад, то мардум худаш умурашро бичархонад. Мардуми Тоҷикистон бар хилофи мардумони кишварҳои дигар, аз ҳукуматаш ҳеч интизорие надорад, фақат таваққӯъ дорад ин бори молиро аз сараш бардоред.”

Кабирӣ дар идома хотирнишон кард: “Бинобар ин, ин ситод дар аввалин иқдом, бояд низоми пулакии роҳи Душанбе-Чаноқро бекор кунад. Зеро роҳи Душанбе-Чаноқ ҳар сол аз ҷайби мардум ба маблағи 60 то 100 милюн дулор касб мекунад. Ва агар ин низом бекор карда шавад, болои нарху наво таъсир мегузорад ва ҳаддиақал пешгирӣ мекунад аз боло рафтани нарху наво.”

Пешниҳодҳои дигари Кабирӣ ин буданд, ки гуфт, бояд тамоми пардохтҳо мисли пули барқу обу газ, аз сари қишри камбизоат бардошта шавад. Ва ҳамчунин пешниҳоди дигар ин аст, ки ҳама гуна тафтишҳо, ба ҷуз марказҳои санитарӣ, феълан озод карда шаванд.”

Кабирӣ дар охирин пешниҳоди худ баён дошт, ки барои муҳоҷирони корӣ, ки феълан аз кори худ маҳрум шудаанд, баъзеяшон дар хориҷ ва баъзе ҳам дар дохил, ситод бояд ин қишрро бо ҷойи кор таъмин кунад, масалан заминҳои кишт дар ихтиёри онҳо гузошта шавад, то битавонанд мояҳтоҷи хонаводаи худро таъмин кунанд.

Кабирӣ афзуд, аз ҳама муҳим ин аст, ки тамоми шаҳрвандони тоҷик, чӣ муҳоҷир ҳастанд ва чӣ донишҷӯ, бояд фавран аз ҳисоби маблағи давлат, ба кишвар баргардонда шаванд.

Видеои ин суханронӣ:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.