Осиёи Марказӣ

Дар тамоми манотиқи Ӯзбакистон марказҳои қарантина эҷод мешавад

Раиси ситоди вежаи мубориза бо куруно дар Ӯзбакистон гуфт, давлат дар тамоми манотиқи ин кишвар 43 маркази қарантина эҷод мекунад.

Шоҳрух Ғиёсов, раиси ситоди вежаи мубориза бо куруно дар Ӯзбакистон афзуд: “Бар асоси қарори давлат, 4 муассисаи вежа барои қарантина дар Қароқалпоқистон, 3 муассиса дар шаҳри Тошканд ва бақия дар соири манотиқи ин ҷумҳури эҷод хоҳад шуд.”

Ин марокизи қарантина, дар бемористонҳо, осоишгоҳҳо ва ҳутелҳои давлатӣ эҷод хоҳад шуд.

Бар асоси охирин омор, теъдоди мубталоён ба куруновирус дар Ӯзбакистон ба 49 нафар расидааст.

Аз имрӯз (24 март) рафту омади васоили ҳамлу нақли умумӣ байни манотиқи Ӯзбакистон мутаваққиф шудааст.

Ҳамакнун беш аз 12 ҳазору 700 нафар шаҳрванд дар Ӯзбакистон аз ҷумла 7 ҳазору 400 нафар шаҳрванд, дар бемористонҳо ва 5 ҳазору 315 нафар дар хона таҳти қарантина қарор доранд.

Дар хабаре дигар, мақомоти шаҳрдории Тошканд эълом карданд, тамоми бозор ва фурӯшгоҳҳои масолеҳи сохтмонӣ, худравҳо, бозорҳо ва тамоми муҷтамаъҳои тиҷоратӣ аз 24 март ба таври муваққат фаъолияти худро мутаваққиф мекунанд.

Аммо фурӯшгоҳҳои маводди ғизоӣ, бемористонҳо ва дорухонаҳо фаъолияти худро идома хоҳанд дод.

Мақомоти шаҳрдории Тошканд таъкид карданд, ки дар сурати нақзи муқаррароти қарантина, бо мутахаллифон бархӯрд хоҳад шуд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.