Осиёи Марказӣ

Раисиҷумҳури Қирғизистон барои муқобила бо куруно ҳолати фавқулъода эълом кард

Раисиҷумҳури Қирғизистон бо афзоиши шуюъи куруно дар ин кишвар ҳолати фавқулъода эълом кард.

Сооронбой Ҷеенбеков, раисиҷумҳури Қирғизистон дар ҳукме дар ҷиҳати мубориза бо афзоиши шуюъи куруно дар ин кишвар ҳолати фавқулъода эълом кард.

Тибқи ҳукми раисиҷумҳури Қирғизистон, ҳолати фавқулъода дар шаҳрҳои Бишкек, Ӯш, шаҳрҳои устони Ӯш ва Ҷалолобод иҷроӣ хоҳад шуд.

Аз имрӯз (24 март) то 15 апрели соли 2020, маҳдудиятҳои мухталиф барои рафту омади шаҳрвандон эҷод хоҳад шуд ва нерӯҳои низомӣ бар шаҳрҳо ва устонҳои мазкур назорат хоҳанд кард.

Тибқи ин ҳукм, шаҳрвандон набояд хонаҳои худро тарк кунанд ва дар сурати тахаллуф, нерӯҳои интизомӣ бо мутахаллифон бархӯрди ҷиддӣ мекунанд.

Давлат низ дар иқдоме хосс маводди ғизоӣ ва мояҳтоҷи аввалияи мардумро дар фурӯшгоҳҳо таъмин хоҳад кард.

Ҳамчунин гурӯҳҳои довталабон барои назорат бар қарантина шакл хоҳанд гирифт ва ҳар шаҳрванди алоқаманд барои ҳузур дар ин фаъолиятҳо, бояд ба ниҳодҳои давлатӣ муроҷеа кунанд.

Шоёни зикр аст, ки шумори афроди мубтало ба вируси куруно дар Қирғизистон ба 16 нафар расидааст ва беморон дар устонҳои Ӯш, Ҷалолобод ва шаҳри Бишкек сабт шуданд.

Ин дар ҳолест, ки тамоми афроди мубтало ба куруно дар Қирғизистон, ба тозагӣ аз Арабистони Саудӣ баргаштаанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.