Ҷомеа

Аз тоъуни сиёҳ то куруно; шуюъи бемориҳои ҳамагир дар тӯли таърих – (тасовир)

Созмони ҷаҳонии беҳдошт бемории COVID-19-ро, ки бар асари ибтило ба вируси куруно падид меояд, “бемории ҳамагир” (пандемия) эълом кардааст. Ин вирус то зуҳри рӯзи шанбе (21 март) беш аз 283 ҳазор нафарро дар саросари ҷаҳон мубтало карда ва ҷони беш аз 11 ҳазор нафарро гирифтааст.

Ба гузориши Euronews, Чин, Итолиё, Эрон, Куреи ҷанубӣ ва Фаронса дар саффи аввали кишварҳое ҳастанд, ки бо шуюъи густурдаи вируси куруно дасту панҷа нарм мекунанд.

Бемориҳои ҳамагир дар сатҳи ҷаҳон пеш аз ин низ собиқа доштааст. Дар ин гузориш шуюъи теъдоде аз бемориҳои ҳамагир дар тӯли таърихро, ки талафоти зиёде барҷой гузоштанд баррасӣ кардаем.

Тоъуни Жустинин (Юстинианова чума)

Шуюъи тоъун дар имперотурии Бизонс (Руми шарқӣ) ва имперотурии Соcонӣ, ки дар солҳои 541 ё 542 пас аз мелоди Масеҳ оғоз шуд, то ду қарн идома ёфт. Ин бемории ҳамагир дар ин муддат ҷони дастикам 25 милюн нафарро гирифт. Ин рақам муъодили 13 то 26 дарсади ҷамъияти ҷаҳон дар он замон буд.

Тахмин зада мешавад, ки тоъуни Жустинин, ки дар замони авҷи шуюъи худ рӯзона ҷони 5 ҳазор нафарро мегирифт, ҷамъияти қорраи Урупоро зарфи танҳо 12 моҳ ба нисф коҳиш дод.

Тоъуни Жустинин ҳамчунин боис шуд, ки 40 дарсад аз ҷамъияти шаҳри Қустантания, пойтахти имперотурии Бизонс бар асари ибтило ба ин беморӣ ҷони худро аз даст бидиҳанд.

Тасвири микрускупии боктерии тоъун

Тоъуни сиёҳ

Шуюъи дубораи тоъун, ки ин бор ба тоъуни сиёҳ ё “марги сиёҳ” машҳур шуд, аз соли 1334 мелодӣ оғоз шуд. Ин бемории ҳамагир, ки дар Урупо, Офриқо ва Осиё шуюъ ёфт, байни 75 то 200 милюн кушта бар ҷой гузошт. Мушҳо нақши муҳимме дар интиқоли ин беморӣ ва шуюъи он доштанд.

Бемории тоъуни сиёҳ ибтидо ҳамонанди вируси куруно дар устони Ҳубеи Чин шуюъ ёфт. Пас аз шуюъи ин беморӣ дар устони Ҳубе дар соли 1334, ин беморӣ ба суръат ба устонҳои дигари Чин сироят кард. Муғулу тоторҳо дар соли 1346 мелодӣ тоъуни сиёҳро ба Урупои шарқӣ мунтақил карданд. Тахмин зада мешавад, ки байни 30 то 60 дарсади ҷамъияти Урупо ба далели ибтило ба тоъуни сиёҳ талаф шуданд.

Тоъун дар Флуронси Итолиё

Гриппи испониёӣ

Шуюъи бемории гриппи испониёӣ дар соли 1918 мелодӣ пас аз поёни ҷанги ҷаҳонии аввал оғоз шуд. Аз ин беморӣ ба унвони яке аз маргбортарин бемориҳои ҳамагири таърих ёд мешавад. Гриппи испониёӣ дар Осиё, Урупо, Омрикои шимолӣ ва ҳатто қутби шимол ва бархе ҷазоири дурафтодаи уқёнуси Ором фарогир шуд.

Беш аз ним милёрд нафар ба гриппи испониёӣ мубтало шуданд, ки аз ин теъдод байни 20 то 50 милюн нафар ҷони худро аз даст доданд.

Яке аз тафовутҳои гриппи испониёӣ бо гриппҳои қаблӣ ин буд, ки бисёре аз мубталоёни бузургсолу ҷавон ҷони худро аз даст доданд. Ин дар ҳолест, ки дар гриппҳои қаблӣ бештар афроди солхӯрда ва кӯдакон кушта мешуданд. Шуюъи ин бемории ҳамагир то моҳи декабри соли 1920 идома ёфт.

Гриппи осиёӣ

Шуюъи вируси гриппи осиёӣ, ки дар соли 1956 мелодӣ оғоз шуд, дар Чин, Сингопур, Ҳонконг ва Омрико ҷони ду милюн нафарро гирифт. Наздик ба 70 ҳазор нафар аз қурбониён, омрикоӣ буданд.

Тахмин зада мешавад, ки дар маҷмӯъ байни 250 милюн то 1 милёрд нафар то соли 1958 ба ин беморӣ мубтало шуданд. Ағлаби қурбониён афроди солхӯрда буданд. Вируси гриппи осиёӣ навъе аз гриппи парандагон буд.

Шуюъи HIV, Идз

HIV (ВИЧ, вирус иммунодефицита человека) ба унвони вирусе, ки омили бемории Идз (СПИД) аст, аввалин бор дар соли 1976 дар Ҷумҳурии Демукротики Кунгу (Конго) мушоҳида шуд. Шуюъи ин вирус аз соли 1981 то кунун ҷони 36 милюн нафарро гирифтааст.

Тахмин зада мешавад, ки ҳамакнун ҳудуди 38 милюн нафар дар ҷаҳон ба HIV мубтало ҳастанд. Пешрафтҳои пизишкӣ боис шуда, ки умед ба зиндагии мубталоён ба ин вирус акнун бо масрафи дору ба андозаи афроди оддӣ аст. Ин дар ҳолест, ки мубталоён дар кишварҳои тавсиъанаёфта ба далели ҳазинаи боло ҳамчунон барои дастрасӣ ба доруҳо бо мушкил рӯ ба рӯ ҳастанд. Дар ҳамин росто, дар соли 2018 ҳудуди 770 ҳазор нафар ба далели ибтило ба Идз ҷони худро аз даст доданд.

Давраи авҷи ибтило ба HIV дар фосилаи байни солҳои 2005 то 2012 буд.

Гриппи хукӣ

Шуюъи вируси гриппи хукӣ дар соли 2009 аз Мексик оғоз шуд ва то поёни соли 2010 идома ёфт. Натиҷаи як таҳқиқи донишмандон, ки дар соли 2011 мунташир шуд, нишон медиҳад, ки байни 11 то 21 дарсади ҷамъияти ҷаҳон ба ин вирус мубтало шуданд. Коршиносони Созмони ҷаҳонии беҳдошт бар ин бовар ҳастанд, ки ҳудуди 284 ҳазору 500 нафар аз мубталоён дар сатҳи ҷаҳон ҷони худро аз даст доданд.

Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар ноябри соли 2009 эълом кард, ки мавориди ибтило ба вируси гриппи хукӣ дар 199 кишвар ё минтақаи ҷаҳон гузориш шудааст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.