Сиёсат

Меъёрҳои шоистагии як абарқудрат

Чин ҳисобу китоби унсурҳои ташкилдиҳандаи қудратро ба ҳам рехт. Қудратҳои бузург бояд мудириятҳои бузург, кӯмакҳо ва хадамоти бузург ва эҳтиром нисбат ба ҷомеаи башарӣ баҷо оваранд. Зовияҳои пинҳоне аз бӯҳрони куруно лозим аст ошкор шавад; на танҳо аз ҷиҳати маншаъи куруно, балки бахше аз нигоҳҳо бояд маътуф ба кунишу вокунишҳои хурду калони фарҳангӣ ва иҷтимоии ин амр шавад. Бар рӯи маҳмулаҳои ирсолии Чин барчаспҳое бо хатти дурушт аз узрхоҳӣ, ночиз будан ва ваъдаи кӯмакҳои муҷаддад аз сӯи миллати Чин ҳикоят мекард. Мақомоти Чин бо тамомии кишварҳо бо беҳтарин лаҳн гуфтугӯ карданд ва пайваста бар ҳамбастагии ҷомеаи ҷаҳонӣ барои муқобила бо таҳдидоти муштараки башарӣ таъкид карданд. Чин ба маънои воқеӣ дар озмуни эҳсоси масъулият, пирӯз шуд…

Ба қалами Ҳасани Фаттоҳӣ, коршиноси улуми сиёсӣ ва устоди донишгоҳ

Ҳасани Фаттоҳӣ, коршиноси улуми сиёсӣ ва устоди донишгоҳ

Гурӯҳе аз мутахассисони пизишкии чинӣ рӯзи душанбе вориди Пнумпен, пойтахти Комбуҷ (Камбоҷа) шуданд, то ба ин кишвар дар мубориза бо COVID-19 кӯмак кунанд. Ин гурӯҳи мутахассис аз минтақаи Гунсӣ-Ҷуон дар ҷануби Чин бо доро будани васоили пизишкӣ аз ҷумла москҳои пизишкӣ, либосҳои муҳофиз, абзорҳои тест (ташхиси куруно) ва ҳиссгарҳои модуни қирмиз барои арзёбии дамои бадан, вориди Комбуҷ шуданд…

Ахбори пай дар пай аз ирсоли кӯмакҳои Чин ба тамоми кишварҳои мубтало ба куруно таҳсинбарангез аст. Акнун устонҳои мухталифи Чин ба ҳимояти кишварҳои мубтало ба куруно кӯмакҳои инсондӯстонаи пизишкӣ ва доруӣ ирсол мекунанд. Чин дар ҳоле, ки бевақфа ба маҳори куруно мепардохт, аз вазифаи худ нисбат ба соири мардуми дунё ба иллати ин ки маҳди интишори куруно буд, ғофил нашуд ва зимни посухҳои диплумотик ва расонаӣ ба ҳамлаҳои озордиҳандаи Омрико нисбат ба Чин дар ин хусус, бисёр моҳирона афкори умумии ҷаҳонро мухотаби худ қарор дод ва бо ирсоли кӯмакҳои лозим, обрӯ ва эътибори ҷадиде барои худ эҷод кард. Хунсардии мақомоти Чин дар буҳбуҳаи мудирият ва маҳори куруно аён буд; як бӯҳрон ба фурсат табдил шуд. Аз акнун метавонад гуфт, Чин ба бӯҳрони куруновирус фоиқ омадааст.

Ин дар ҳолест, ки Омрико, ки абарқудрат маҳсуб мешавад, то кунун кӯмаке ба ҳеч як аз кишварҳои мубтало ба куруно накардааст. Ин кишвар, ки мебоист пештози кӯмакҳои башардӯстона алайҳи куруно бошад, на танҳо то кунун коре барои башарият накарда, балки ба хароб кардани чеҳраи Чин пардохтааст. Кӯмакҳои Чин дар тамоми қорраҳо густариш ёфта ва ба маҳори куруно кӯмак кардааст. Шояд битавон гуфт агар кӯмакҳои Чин набуд, то кунун вируси куруно теъдоди бисёр бештаре қурбонӣ мегирифт. Дар ниҳоят Чин бо контроли муваффақи куруно дар хоки худ, сармашқи хубе низ барои чигунагии қатъи занҷираи интиқоли куруно ироа дод.

Нуктаи чашмгир ин ки: равиши Чин дар контроли куруно комилан маданӣ ва бидуни тавассул ба нерӯи низомӣ буд. Чин бо огоҳии афкори умумии ҷомеа, як нерӯи иҷтимоии фавқулъода барои мудирияти бӯҳрони куруно эҷод кард.

Аммо акнун манъи омаду рафт ва риояти дастуроти қарантина дар пойтахтҳои кишварҳои ҷаҳони аввал дар Урупо ва Омрико тавассути горди миллии ин кишварҳо эъмол мешавад ва дар ниҳоят низ ончунон муваффақиятомез набудааст. Дар ҳоле, ки контроли маданӣ дар Чин ва Куреи ҷанубӣ ва Жопун як таҳаввули фарҳангии омӯзанда ва қобили таҳсин маҳсуб мешавад.

Ҳар се кишвар бо ҳаддиақали талафот, худро аз рутбаҳои нахусти мубталоёни ҷадид ва маргу мири рӯзона хориҷ карданд. Ин бор вежагии мусбати дигаре аз нажоди зард шиносоӣ шуд. Ва он муваффақият дар мудирияти бӯҳрон аст.

Чин ҳисобу китоби унсурҳои ташкилдиҳандаи қудратро ба ҳам рехт. Қудратҳои бузург бояд мудириятҳои бузург, кӯмакҳо ва хадамоти бузург ва эҳтиром нисбат ба ҷомеаи башарӣ баҷо оваранд. Зовияҳои пинҳоне аз бӯҳрони куруно лозим аст ошкор шавад; на танҳо аз ҷиҳати маншаъи куруно, балки бахше аз нигоҳҳо бояд маътуф ба кунишу вокунишҳои хурду калони фарҳангӣ ва иҷтимоии ин амр шавад. Бар рӯи маҳмулаҳои ирсолии Чин барчаспҳое бо хатти дурушт аз узрхоҳӣ, ночиз будан ва ваъдаи кӯмакҳои муҷаддад аз сӯи миллати Чин ҳикоят мекард. Мақомоти Чин бо тамомии кишварҳо бо беҳтарин лаҳн гуфтугӯ карданд ва пайваста бар ҳамбастагии ҷомеаи ҷаҳонӣ барои муқобила бо таҳдидоти муштараки башарӣ таъкид карданд. Чин ба маънои воқеӣ дар озмуни эҳсоси масъулият, пирӯз шуд.

То кунун Чин аз назари шохисҳои иқтисодӣ барои табдил шудан ба қудрати низоми байналмилал омода буд, аммо акнун метавон гуфт, ки Чин аз назари фарҳангӣ ва иҷтимоӣ дар сатҳи калони ҷаҳонӣ низ омӯзаҳои мутараққиёна ва инсонитаре дорад, то ҳамтоёни ғарбии ин қудрати навзуҳур.

Irdiplomacy

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.