Ҷаҳон

Тромп аз Куреи ҷанубӣ барои муқобила бо куруно кӯмак хост // Русия ҳам эълом кард омода аст ба Омрико кӯмак кунад

Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико, бомдоди чаҳоршанбе (25 март) аз Мун Ҷе Ин, ҳамтои куреи ҷанубии худ дархости кӯмак барои муқобила бо шуюъи вируси COVID-19 кард.

Ба навиштаи хабаргузории Reuters, раисиҷумҳури Куреи ҷанубӣ низ ба Тромп гуфт, ки дар сурати дар ихтиёр доштани таҷҳизоти пизишкии изофӣ, то ҷое ки битавонанд, ба Омрико кӯмак мекунанд.

Ва ин дар ҳолест, ки Маскав низ барои кӯмак ба мардуми Омрико дар муқобила бо вируси куруно эъломи омодагӣ кардааст.

Анатолий Антонов, сафири Русия дар Омрико, имрӯз (чаҳоршанбе, 25 март) гуфт, Маскав омодагӣ дорад барои ҷилавгирӣ аз шуюъи ҳарчи бештари вируси куруно, ба Вошингтун кӯмак кунад.

Ба навиштаи хабаргузории Спутник, Антонов бо судури баёнияе дар сафҳаи Фейсбуки худ навишт: “Абзори ташхисии мо кайфияти худро дар Чин, Эрон ва Итолиё нишон доданд. Омрикоиҳо бояд бидонанд, ки Русия, агар лозим шавад, омодаи кӯмак ба Иёлоти Муттаҳида аст.”

Вай ҳамчунин тасреҳ кард, ки расонаҳои Иёлоти Муттаҳида “густохона” дар ҳоли мунҳариф кардани афкори умумӣ аз вазъияти душвори вируси куруно дар Омрико ба самти вазъияти дигар кишварҳо ҳастанд.

Гуфтанист, Омрико рӯзи гузашта 8666 мавриди ҷадиди ибтило ба вируси куруноро сабт кард, то шумори мубталоён ба ин вирус дар Омрико ба 52400 нафар бирасад. Ҳамчунин 120 маврид марги ҷадид дар Омрико ба далели ибтило ба куруно гузориш шуд ва маҷмӯъи фавтиҳо дар Омрико ба далели куруно, ба 673 нафар расид.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.