Ҷомеа

10 пешниҳоди ПМТ ба ҳукумати Тоҷикистон дар сурати шуюъи куруно дар кишвар

Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) бо судури баёнияе, 10 пешниҳоди мушаххас ҷиҳати пешгирӣ аз шуюъи вируси куруно дар кишвар, ва низ барои идораи ҷомеа дар сурати шуюъи ин вирус, ба ҳукумати Тоҷикистон ироа намудааст, ки яке аз муҳимтарини онҳо иборат аст аз: “барҳам додани низоми пулакии роҳи Душанбе-Чаноқ, ки ширкати IRS солона наздики 100 милюн дулорро аз ронандагон, соҳибкорон ва мардуми оддӣ ситонида, ба суратҳисобҳои офшорӣ мефиристад ва амалан аз гардиши молии кишвар берун мекунад.” Ба эътиқоди ПМТ, “ин иқдом на танҳо фишори молиро дар чунин рӯзҳои бӯҳронӣ болои мардум камтар мекунад, балки таъсири худро ба поён рафтани нархи сафар ва интиқоли молу маводд хоҳад расонд.”

Акс аз хабаргузории РИА Новости

Ба гузориши сафҳаи расмии Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) дар Фейсбук, дар ин байния бо баёни ин ки “ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯзҳо дар рӯ ба рӯи чолиши бузурге қарор дорад, ки таъсири худро аллакай ба иқтисоди ҷаҳонӣ расонидааст”, хотирнишон карда: “Ҷои шак нест, ки ҳамаи кишварҳо ба ин ё он сатҳ аз ин бӯҳрон зарар хоҳанд дид, ба хусус, аз оқибатҳои иқтисодӣ ва равонии он. Тоҷикистони мо ҳам яке аз кишварҳоест, ки метавонад зарари бештар бибинад, чун иқтисоди мо аз омилҳои беруна вобостагии зиёд дорад. Бӯҳрони эҳтимолӣ дар Русия бо сабаби поин рафтани нархи нефт ва идомаи маҳдудиятҳо ба сабаби вирус метавонад садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷикро аз ҷои кор маҳрум созад, ки яке аз сарчашмаҳои асосии маблағҳо барои иқтисоди кишвар мебошанд.”

ПМТ дар ин баёния бастае аз пешниҳодҳоро ҳамчун чораҳои фаврӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда, ба шарҳи зерин аст:

1) Ба таври ҳамагонӣ ва бепул ба кишвар овардани ҳамаи шаҳрвандони Точикистон, ки дар хориҷ мондаанд ва нияти бозгашт ба ватанд доранд;

2) Дар биноҳои васеътар ва муносиб бо шароити беҳтар, ҷой кардани ҳамаи касоне, ки ба қарантина фаро гирифта мешаванд;

3) Қатъи тамоми навъи ҷамъомадҳо, ҷашнвораҳо, маросимҳои серодам, аз ҷумла маршировкаҳо;

4) Озод намудани ҳамаи маҳбусони болои синни 60 аз зиндонҳо, новобаста аз мӯҳлати ҷазо, таркиби ҷиноят ва омилҳои дигар. Маҳбусони синнашон ҷавонтар вобаста ба хатарнокиашон ба ҷомеа, барои муддатҳои гуногун аз маҳбасҳо озод шаванд ва дар шароити манзил ба сар бибаранд. Инчунин, ба хотири беҳтар кардани фазои сиёсиву равонии кишвар, ба хотири боло бурдани эьтимоди мардум ба ҳукумат ва нишон додани эҳтиром ба қарори мӯътабартарин созмони байналмиллалӣ, ки Тоҷикистон узви он мебошад, озод намудани 15 зиндонии сиёсӣ, ки Кумитаи ҳуқуқи башари СММ озодии фаврии онҳоро талаб намудааст;

5) Боло бурдани суръати интернет ба хотири ҳарчи зудтар омода кардани шароит барои низоми интернетии таълим, коргузорӣ ва мудирият дар кишвар. Бардоштани ҳамагуна маҳдудиятҳо болои сойтҳои расонаӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба хотири қавитар кардани амнияти иттилоотии кившар ва боло бурдани сатҳи огоҳии мардум аз равандҳо, мушоракати бештари мардум дар тарҳҳо ва барномаҳои зиддибӯҳронӣ;

6) Роҳандозии низоми пардохтҳои ғайринақдӣ ва фурӯшгоҳҳои интернетӣ, ки дар сурати зарурат мардум битавонанд ашёи мавриди ниёзи худро аз манзил ва фосилаи дур супориш бидиҳанд. Дар сурати зарурат, ҷорӣ намудани маҳдудиятҳо дар фаъолияти бозорҳо, фурӯшгоҳҳои калон, нақлиёти шаҳрӣ ва донишгоҳу муассиаҳои таълимӣ. Ҳамзамон ташкили фурӯшгоҳҳои хурди сайёр бо рияоти талаботи санитарӣ дар маҳаллаҳо ва хиёбонҳои аслии шаҳрҳо;

7) Барҳам додани низоми пулакии роҳи Душанбе-Чаноқ, ки ширкати IRS солона наздики 100 милюн дулорро аз ронандагон, соҳибкорон ва мардуми оддӣ ситонида, ба суратҳисобҳои офшорӣ мефиристад ва амалан аз гардиши молии кишвар берун мекунад. Ин иқдом на танҳо фишори молиро дар чунин рӯзҳои бӯҳронӣ болои мардум камтар мекунад, балки таъсири худро ба поён рафтани нархи сафар ва интиқоли молу маводд хоҳад расонд;

8) Эълони мораторияи санҷиши корхонаҳо, ширкатҳо ва соҳибкорон (ба ғайр аз санҷишҳои санитарӣ) давоми солҳои 2020-21. Барҳам додани имтиёзҳои молиявӣ ва андозӣ ба ширкатҳои монополистӣ ва додани ин имтиёзҳо ба соҳибкории хурду миёна, ки маҳсулоти ниёзи аввали мардумро истеҳсол мекунанд. Пешгирӣ аз нархгузориҳои баднафсонаи ширкати монополистии “Сомонайр” бо суистифода аз бӯҳронҳо ва мутобиқ гардонидани нархи билетҳои ин ширкат ба нархҳои мавҷуд дар бозори мусофиркашонии минтақа;

9) Боло бурдани маоши кормандони соҳаи тибб, санитарӣ ва соҳаҳое, ки кормандонашон дар саффи аввали мубориза бо ин бӯҳрон фаъолият мекунанд;

10) Баргардонидани маблағҳои офшорӣ ба кишвар ва ворид намудани онҳо ба буҷаи давлат барои амалӣ кардани тарҳҳои миллӣ ва нигаҳдштани низоми иқтсодии кившар аз муфлисшавӣ.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.