Осиёи Марказӣ

Афзоиши шумори мубталоён ба куруно дар Ӯзбакистон ба 60 нафар

Вазорати беҳдошти Ӯзбакистон теъдоди мубталоён ба куруно дар ин кишварро 60 нафар эълом кард.

Ҳамчунин давлати Ӯзбакистон барои мубориза бо шуюъи вируси куруно таҷҳизи як бемористонро оғоз кардааст. Тибқи барнома, нахустин бемористони 500-тахтӣ тайи 5 рӯзи оянда ба баҳрабардорӣ хоҳад расид.

Дар ҳоли ҳозир 28 ҳазор нафар шаҳрванд дар Ӯзбакистон таҳти қарантина қарор доранд. 67 нафар шаҳрванд низ ба далели нақзи муқаррароти қарантина, мавриди муҷозоти кайфарӣ ва идорӣ қарор гирифтаанд.

Аз рӯзи 25 март рафту омад бидуни моск дар хиёбонҳо манъ шудааст ва шаҳрвандоне, ки аз хона бидуни моск берун раванд, бори аввал 24 дулор ва дар сурате ки дуввумин бор бидуни моск дар хиёбонҳо зоҳир шаванд, 70 дулор ҷарима мешаванд.

Ҳамчунин рафту омади тамоми анвоъи васоили нақлия дар шаҳри Тошканд аз рӯзи 24 март манъ шудааст. Тамоми бозор ва фурӯшгоҳҳои масолеҳи сохтмонӣ, худравҳо ва тамоми муҷтамаъҳои тиҷоратӣ аз 24 март ба таври муваққат фаъолияти худро мутаваққиф карданд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.