Ҷаҳон

Омрико 2 моҳ пеш аз бӯҳрони куруно, размоишеро ҷиҳати мубориза бо як вируси кушанда дар дунё тамрин кард

Сомонаи садо ва симои Белжик (RTBF) рӯзи панҷшанбе дар гузорише, зимни ишора ба твитти Сафорати Чин дар Фаронса, навишт: “Иёлоти Муттаҳидаи Омрико 2 моҳ пеш аз шуюъи куруно дар Вуҳони Чин, размоишеро ба номи EVENT-201 барои мубориза бо шуюъи як вируси кушанда дар саросари дунё тамрин кардааст.”

Сомонаи RTBF афзуд: “Сафҳаи твиттери Сафорати Чин дар Порис рӯзи душанбе иттилоотеро мунташир кардааст, ки бар тибқи он, Иёлоти Муттаҳидаи Омрико дар 18 октябри 2019 яъне ду моҳ пеш аз шуюъи вируси куруно дар Вуҳони Чин, як размоише ба номи EVENT-201 анҷом додааст, ки сенориюии аслии он, шуюъи як вируси кушанда бо номи CAPS дар саросари дунё будааст.”

Бар тибқи ин тарҳи омрикоӣ, ин вируси маргбори фарзӣ дар як давраи 18-моҳа мунҷар ба марги 65 милюн инсон хоҳад шуд ва 570 милёрд дулор ба иқтисоди ҷаҳон осеб ворид хоҳад кард. Бар тибқи натоиҷи ин тарҳ, шуюъи ин вирус танҳо замоне ки як воксан кашф мешавад ва ё ба сурати табиӣ пас аз он ки 80 то 90 дарсади ҷамъияти ҷаҳон ба он мутало мешаванд, поён меёбад.

Гуфтанист, шуюъи вируси куруно маъруф ба COVID-19, барои нахустин бор миёнаҳои моҳи декабри 2019 дар шаҳри Вуҳони Чин гузориш шуд. Созмони ҷаҳонии беҳдошт вируси куруноро “ҳамагири ҷаҳонӣ” (пандемия) шиносоӣ кардааст. Шумори мубталоён ба вируси куруно то ин лаҳза дар саросари ҷаҳон, ба 478 ҳазору 331 нафар расида, ки 21 ҳазору 524 тан фавт шуда ва 114 ҳазору 833 нафар низ беҳбуд ёфтаанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.