Дидгоҳ

Эй кош инсонҳо дар ҳолатҳои оддӣ ҳам чунин буданд!

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Агар бароятон бигӯям, куруно хубиҳое низ ба ҳамроҳ доштааст, таъаҷҷуб накунед. Хубии ин вируси кушанда на танҳо аз ин ҷиҳат аст, ки масалан сабаби коҳиши олудагии ҳаво — ки рӯзона садҳо нафарро дар ҷаҳон ба коми марг мебарад – гардида, балки аз ин ҷиҳат ҳам ҳаст, ки одамҳоро бо як воқеияти ғайриқобили инкор дар зиндагиашон рӯ ба рӯ сохт; воқеияте, ки ҳарчанд мавриди инкори аҳаде нест, вале ба сабаби ғӯтавар будани инсонҳо дар дунё ва часпидан ба он, ҳамеша аз он ғофил будаанд. Ва ин воқеият чизе ҷуз марг нест.

Бале, марг як воқеияти ғайриқобили инкор аст ва ба суроғи так-таки инсонҳо меояд, аммо инсон – ин мавҷуди булъаҷаб — чунон зиндагӣ мекунад, ки гӯё намемирад.

Ёди марг хубиҳои фаровоне дорад. Яке ин аст, ки инсонро ба худаш ва воқеияташ огоҳ месозад. Ва ба сухани дигар, ёди марг мисли як ойина аст, ки инсон дар он воқеияти худашро мебинад. Мебинад, ки ӯ мавҷуде будааст бисёр оҷизу нотавон. Мебинад, ки ихтиёри ӯ дар дастони худаш набудааст; на омаданаш бо ихтиёри худаш будааст ва на рафтанаш. Ин ҷост, ки инсон нохудогоҳ аз болои аспи ғуруру такаббур поин меояд, нарму мулойим ва меҳрубон мегардад.

Дар ҳамин чанд ҳафта, ки ин вирус ҷаҳониёнро такон дод, ҳамагон шоҳид будем, ки чӣ гуна меҳрубонӣ бар инсонҳо дар саросари ҷаҳон чира ёфт ва ҳатто сиёсатмадорон нарму мулойиму меҳрубон гардиданд ва масалан, хостори таваққуфи ҷанг дар Яман, Сурия, Либӣ ва ҳар ҷо ки даргирӣ ҳаст шуданд ва ҳамчунин хостори рафъи таҳримҳои иқтисодӣ аз кишварҳое мисли Эрон, Венезуэло ва ғайра шуданд.

Эй кош инсонҳо дар ҳолатҳои оддӣ ҳам чунин буданд! Аммо бо камоли таассуф ин мавҷуди булъаҷаб чунин будааст, ки бояд сараш ба ҷойе бихӯрад, то бедор шавад ва ба худ ояд.

Қавитарин мардони ҷаҳон он вақт ки худро дар чанголи марг дидаанд, изҳори аҷзу нотавонӣ кардаанд, кучаку ҳақир гаштаанд, фикрашон ва ақидаашон иваз шуда. Маъмун, халифаи муқтадири аббосӣ, он вақт ки охирин лаҳазоти умри худро тай мекард ва донист, ки дигар офтоби умраш дар ҳоли уфул аст, бо камоли аҷз даст ба осмон баланд кард ва гуфт: “Эй он, ки мулки ту доим ва собит ва ҳамешагӣ аст! Раҳм кун бар он ки мулкаш аз дасташ меравад!”

Султон Санҷари Салҷуқӣ дар охирин лаҳазоти зиндагии худ ин ашъорро бо худ замзама мекард:

Ба зарби теғи ҷаҳонгиру гурзи қалъагушой

Ҷаҳон мусаххари ман шуд чу ман мусаххари рой.

Басе қилоъ гушудам ба як намудани даст,

Басе масоф шикастам ба як фишурдани пой.

Чу марг тохтан овард ҳеч суд надошт,

Бақо бақои Худоясту мулк мулки Худой.

Ва ба ҳамин хотир аст, ки Паёмбари азимушшаъни ислом (с) таъкид фармудаанд, ки:

أكثروا ذكر هادم اللَّذات: الموت

Бисёр ба ёди дарҳамкӯбандаи лаззатҳо бошед! (Пурсиданд: дарҳамкӯбандаи лаззатҳо кадом аст, эй Расули Худо?! Фармуданд:) марг.” (Ривояти Тирмизӣ)

Инсони қарни 20 ва 21 бисёр мағрур гардида буд, бисёр ба худаш ва ба илму тавоноиҳояш меболид, фахр мефурӯхт, зулму ситаму фиребу найранг, ки ҷойи худ. Куруно, ки омад, ин инсон якдафъа ба худ омад.

يَا أَيُّهَا النَّاسُ إِنَّ وَعْدَ اللَّهِ حَقٌّ فَلا تَغُرَّنَّكُمُ الْحَيَاةُ الدُّنْيَا وَلا يَغُرَّنَّكُمْ بِاللَّهِ الْغَرُورُ

Эй мардум! Ваъдаи Худованд ҳақ аст, пас мабодо зиндагонии дунё шуморо мағрур кунад ва мабодо шайтон шуморо фиреб диҳад ва ба (карами) Худо мағруратон созад.»”(Сураи Фотир, ояти 5)

* * *

Албатта, ин ки арз шуд, ба маънои тарсидан аз марг нест, ҳаргиз ва абадан! Марг ҳеч ҷойи тарсидан надорад, балки ба ин ҷиҳат аст, ки ёди марг инсонҳоро ба воқеияташон воқиф месозад ва онҳоро аз аспи ғурур поин меоварад. Вагарна, ба қавли Ибни Сино, “марг барои марди ориф ва мӯъмини бедор эҷоди изтиробу даҳшату ваҳшат намекунад… Марди мӯъмин, ки аз роҳи Ҳақ қадаме фаротар наниҳода ва кирдору сифоташро бар Ҳақ ва амри Ҳақ татбиқ намуда ва дар ин дунё пушт ба олами ғурур намуда ва майлу рағбати худро ба дори хулуду абадият намудааст ва ошиқи лиқои Худо будааст, инчунин инсоне ошиқи марг аст, ошиқи таҷарруд аст; чун дӯстдори Худост, мӯъмин ба фардонияти ӯст. Ҳар рӯз орзу мекунад, ки либоси баданро халъ ва ба нури таҷарруд ороста гардад, балки пайваста мекӯшад то ҳар рӯз як дараҷа аз ғурури ӯ кам гардад ва як дараҷа ба идроки маънӣ ва ҳақиқат наздиктар шавад, то сарҳаде, ки тамоми умури дунявӣ ва фонӣ дар назди ӯ ба сароби бутлон ва нестӣ мадфун шуда ва таҷаллии олами анвор ва ҳақиқат бар ӯ мутаҳаққиқ гардад.” (Рисолатуш шифо мин хавфил-мавт, Илоҳиёти Шифо)

Ва аммо касе, ки аз марг метарсад, ба қавли Ибни Сино, “ба иллати он аст, ки намедонад бозгашти ӯ ба сӯи куҷост. Ё он ки гумон мекунад, чун бадани ӯ мунҳал шавад ва таркиби он ботил гардад, зоти ӯ мунҳал шуда ва нафс ва ҳақиқати ӯ ботил мегардад ва ба бақои нафси худ ҷоҳил аст ва кайфияти маъодро намедонад; бинобар ин, дар воқеъ аз марг наметарсад, балки ҷоҳил аст ба амре, ки сазовор аст онро бидонад. Бинобар ин, иллати хавфи ӯ ҳамон ҷаҳли ӯст…” (Ҳамон манбаъ)

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.