Сиёсат

“Вируси чинӣ” омрикоӣ шуд

Мақомоти омрикоӣ пеш аз ин, вируси куруноро “вируси чинӣ” ё “вируси Вуҳон” меномиданд, аммо ҳоло садрнишини ҷадвали кишварҳои дорои бештарин ноқили вируси куруно, Омрикост.

Аз дирӯз бо пешӣ гирифтани Омрико аз Чин дар шумори мубталоён ба вируси куруно, Иёлоти Муттаҳидаи Омрико ҳаминак маркази шуюъи вируси куруно ва парчамдори бештарин теъдоди ноқили вируси куруно дар ҷаҳон аст.

Ба гузориши Asriran, мақомоти Омрико аз ҷумла Тромп ва Мойк Помпео (вазири хориҷа), ки тайи ҳафтаҳои гузашта мудом аз вожаи “вируси чинӣ” ва ё “вируси Вуҳон” барои номидани вируси куруно ва бемории COVID-19 истифода мекарданд, ҳоло бо ин воқеият рӯ ба рӯ шудаанд, ки кишвари онҳо маркази шуюъи ин вирус дар ҷаҳон аст ва бештарин теъдоди ноқилонро дар ҷаҳон дорост ва Чин на танҳо вирусро маҳор карда, балки табдил ба марказе муҳим барои мубориза ва кӯмакрасонӣ ба кишварҳои даргири дунё барои мубориза бо вирус шуда ва худ нигарони вуруди ноқилони COVID-19 аз беруни марзҳои ин кишвар ба дохили Чин аст.

Дирӯз омори мубталоён ба вируси куруно дар Омрико бо убур аз марзи ибтилои 82 ҳазор нафар, аз Чин бештар шуд. Итолиё низ дар ҳоли пешӣ гирифтан аз Чин аст ва интизор меравад имрӯз (ҷумъа, 27 март) бо интишори омори ҷадид дар ин кишвар, аз Чин пешӣ бигирад ва ба радаи дуввум бирасад.

Ҷадвали омори куруно дар ҷаҳон дар субҳи ҷумъа (27 март) // Ин ҷадвал ба таври лаҳза ба лаҳза барӯз мешавад.

Бо пешӣ гирифтани Омрико аз Чин дар шумори мубталоён ба вируси курунои ҷадид ҳоло Тромп бо тағйири лаҳн дар твитте аз сӯҳбати телефонӣ бо Ши Ҷинпинг, ҳамтои чинии худ ва ҳамкорӣ бо Чин дар муборизаи ҷаҳонӣ бо ин вирус сухан мегӯяд.

Ин дар ҳолест, ки ӯ пештар борҳо зимни интиқод аз Чин ва он чӣ ки “пинҳонкории мақомоти Пекин” дар бораи шуюъи вируси куруно меномид, борҳо ба таъна ва киноя аз вожаи “вируси чинӣ” барои номидани вируси курунои ҷадид истифода мекард ва ҳатто дар матни суханрониҳои худ дар нишасти хабарии рӯзона дар бораи бӯҳрони куруно, ки мушовиронаш барояш таҳия мекарданд, даст мебурд ва рӯи вожаи вируси куруно хатт мекашид ва вожаи кинояомези “вируси чинӣ”-ро ҷойгузин мекард.

Албатта Тромп дирӯз дар нишасти хабарӣ иддаое низ матраҳ карда ва гуфт мумкин аст омори мубталоён ва кушташудагон дар Чин дуруст набошад ва чиниҳо дар ин замина омору иттилооти дурусту шаффофе ба дунё надиҳанд.

Ҳамчунин Мойк Помпео, вазири хориҷаи Тромп ҳам исрор дорад ҳамчунон аз вожаи “вируси Вуҳон” барои вируси куруно истифода кунад.

Бо хориҷ шудани Чин аз гардунаи кишварҳои дорои шуюъи вируси куруно, ҳоло кишварҳое чун Итолиё ҳам аз Чин пешӣ гирифта ва дар ҷойгоҳи дуввум аз назари теъдоди мубталоён ба вируси куруно хоҳанд нишаст.

Интизор меравад дар сурати тасбити вазъияти Чин дар шароити феълӣ, тайи рӯзҳо ва ҳафтаҳои оянда бисёре аз кишварҳои урупоӣ аз ҷумла Испониё, Фаронса ва Олмон ҳам аз Чин ҷилав зада ва дар ҷадвали бештарин теъдоди мубталоён қарор бигиранд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.