Дидгоҳ

Дар Тоҷикистони мо, мувофиқ ҷойи мухолиф нишаста ва мухолиф ҷойи мувофиқ

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Дар Тоҷикистони мо ҳама чиз баръакс аст. Мувофиқ ҷойи мухолиф нишаста ва мухолиф ҷойи мувофиқ. Дар ҷавомеъи дигар, вақте хатаре пеш меояд ва ҷомеаро таҳдид мекунад, ҳокиму ҳукумат “кашмакашу ҷанҷолҳои сиёсӣ” бо мухолифони сиёсии худро, ҳарчанд ба сурати муваққат ва то замони бартараф шудани хатар, як сӯ мениҳад ва мардумро ба ваҳдату иттиҳоду якпорчагӣ мехонад, то ҳамагон даст рӯи дасти якдигар гузоранд ва барои рафъи хатар, бо ҳам талош кунанд. Аммо, бо камоли таъассуф, дар Тоҷикистон баръакс аст.

Худоро шукр, ки ҳанӯз пойи номубораки вируси куруно ба кишвари мо нарасида — ва аз Худо мехоҳем, ки ҳаргиз нарасад — вале ин вирус, ки фақат “худаш” хатарзо нест; паёмадҳои ногуворе ба дунбол дорад, ки ҳеч ҷомеае дар ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, аз ин паёмадҳои нохушоянд дар амон нахоҳад монд, мисли паёмадҳои иқтисодии шуюъи ин вирус. Яъне, агар бар фарз пойи ин вирус ба ҷомеаи мо нарасад ва ҳеч тоҷике ба он мубтало нашавад, бо ин ҳол аммо паёмадҳои иқтисодии он гиребони кишвари моро хоҳад гирифт ва фикр накунам, ҳеч оқиле дар ин ҳақиқат тардид дошта бошад.

Се чаҳор рӯз пеш, ки Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ), пешниҳодҳое ба ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамин мавзӯъ (паёмадҳои куруно, на худаш) ироа намуд ва ду рӯз пеш ҳам ПМТ бо судури баёнияе, ин пешниҳодҳоро ба сурати навишторӣ ва дар 10 банд арза намуд, мақомоти тоҷик ба ҷойи ин ки аз он истиқбол кунанд, дарвозаҳои “ферма”-и худро боз карданд ва ба бошандагони он дастур фармуданд, то ҳар чӣ аз баду бероҳу носазо, ки ба зеҳнашон хутур кунад нисори опозисиюн ва бахусус шахси Кабирӣ намоянд; ва дар ин ду рӯз, дидем, чӣ чизҳое гуфта нашуд, мутаассифона!

Ин ки арз кардам, ки дар кишвари мо ҳама чиз баръакс аст ва мухолиф ҷойи мувофиқ нишаста ва мувофиқ ҷойи мухолиф, як намунаи боризи ин ҳақиқати талх, ҳамин вокунишҳои нобихрадонаи мақомот аст. ПМТ, ки наёмад бо истифода аз фурсати пешомада, ба нафъи худаш гом бардорад ва ҷомеаро алайҳи ҳукумат таҳрик кунад, балки баръакс, аз ҷомеа даъват ба амал овард, то дар ин шароити ҳассос, даст рӯи дасти якдигар гузоранд ва барои пешгирӣ аз паёмадҳои нохушоянди иқтисодии ин вирус, гӯш ба фармони масъулони зирабт бошанд. Дуруст ҳамон чизе, ки мебоист аз забони ҳокиму ҳукумат шунида шавад, на аз забони опозисиюн.

Ин гуна мавзеъ гирифтан аз сӯи опозисиюн, ва дар ин шароит, ҳокӣ аз масъулиятшиносии ӯст. Аммо вокуниши мақомот, ки бо таҳоҷуми худ, дар воқеъ ба ҷойи “опозисиюн” нишастанд ва мисли як талабкор мавзеъ гирифтанд, ҳокӣ аз ин аст, ки эҳсоси ҳеч гуна масъулиятеро намекардаанд.

Хулоса, дар ин шароит, опозисиюн нишон дод, ки масъулиятшинос будааст ва дилаш барои кишвар ва ҷомеа ва шаҳрвандонаш месӯхтааст, аммо ҳокиму ҳукумат, ки мебоист ба ҳамдилӣ даъват кунанд, бо ин рафтори аблаҳонаи худ ва бо ин таҳоҷумҳои беҷиҳат дар зарфи ин ду рӯз, нишон доданд, ки ҳанӯз ба он нузҷ ва пухтагии сиёсӣ нарасидаанд ва ба мухолифи сиёсии худ ба чашми “як душман” нигоҳ мекардаанд.

* * *

Асосан, оё ин пешниҳодҳоро хонданд ё на?! Магар чӣ пешниҳоде буд, ки ин гуна вокуниш нишон доданд?! Ҳоло, ба порае аз ин пешниҳодҳо ишора мекунам, то хонанда бибинад, ки оё чизе нодуруст пешниҳод шуда?

1) Баргардондани ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хориҷ монда ва нияти бозгашт ба ватанро доранд;

2) Адами баргузории ҳар навъ ҷашнвора, ид ва маросим;

3) Озод кардани зиндониёни болои синни 60. (Ин кор то ба имрӯз дар чанд кишвар иҷро шуд.)

4) Барҳам додани низоми пулии роҳи Душанбе-Чаноқ. (Хуб, ин пешниҳод оё пешниҳоди нодурусте аст? Ин пешниҳод матраҳ шуд, зеро дар поин омадан ва ё лоақал собит мондани қимати колоҳо таъсиргузор аст.)

5) Боло бурдани ҳуқуқи (маоши) кормандони соҳаи пизишкӣ ва беҳдошт; касоне, ки дар саффи муқаддами мубориза бо ин вирус қарор доранд … ва чанд пешниҳоди дигар.

* * *

Дар поён, роқими ин сатрҳо як пешниҳоди дигаре ҳам ба мақомот арза мекунам. Ва он ин ки: лутф кунед ва шеваи давлатдорӣ ва ҳукумат кардан бар ҷомеаро биомӯзед. Айб аст, ки 20-у анде сол сари қудрат ҳастед, вале ҳанӯз бо алифбои кишвардорӣ ошно нестед ва бо мухолифони сиёсии худ мисли як талабкор рафтор мекунед. Шумо масъулед, на талабкор.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.