Ҳуқуқи башар

Зариф: “Омрико донишмандони эрониро гаравгон гирифтааст”

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар твитте навишт, ки Омрико донишмандони эрониро дар авҷи бемории COVID-19 гаравгон гирифтааст ва ҳатто дар шароити шуюъи ин беморӣ, иҷозаи рухсатии пизишкӣ ба онҳо намедиҳад.

Муҳаммадҷавод Зариф бо интишори тасвире аз гузориши имрӯзи нашрияи Guardian дар сафҳаи твиттери худ навишт: “Омрико чандин донишманди эрониро бидуни ҳеч иттиҳоме ва ё бо иттиҳомоти сохтагии таҳримӣ, ба гаравгон гирифта ва онҳоро озод намекунад, ҳатто дар шароите, ки додгоҳҳои худаш ин иттиҳомоти пучро рад кардаанд. Иёлоти Муттаҳида ҳатто аз додани рухсатии дармонӣ ба афроди бегуноҳе, ки дар давраи шуюъи куруно дар зиндонҳои даҳшатнок зиндонӣ шудаанд, худдорӣ мекунад.”

Зариф бо гузоштани линке аз гузориши рӯзномаи Guardian, аз шароити дуктур Сируси Асгарӣ, аз донишмандон эронӣ, ки аз сӯи Омрико боздошт шудааст, навишт: “Ҳамватанони моро озод кунед!

Рӯзномаи Guardian имрӯз ба нақл аз дуктур Сируси Асгарӣ, донишманди эронии зиндонӣ дар боздоштгоҳи Идораи муҳоҷирати Омрико, хабар дод, ки масъулон қасдан моск ва маводди зидди ъуфуникунанда дар ихтиёри зиндониён қарор намедиҳанд, то бемории COVID-19 онҳоро аз пой дароварад.

Асгарӣ, ки бо вуҷуди табриа аз иттиҳоми нақзи таҳримҳои Эрон, дар боздоштгоҳи Идораи муҳоҷират ва гумрукоти Омрико гирифтор шудааст, хабар дода, ки боздоштгоҳаш олуда ва пуриздиҳом аст ва мақомот иқдоми чандоне барои пешгирӣ аз шуюъи вируси куруно анҷом намедиҳанд.

Ин донишманд ва устоди 59-солаи эронӣ, ки дар ноябри 2019 аз иттиҳоми сирқати асрори тиҷорӣ муртабит бо фаъолиятҳои донишгоҳии худ дар Донишгоҳ Уҳою табриа шуда буд, ба иллати ботил шудани раводидаш ҳанӯз дар боздошти Идораи муҳоҷирати Омрико ба сар мебарад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.