Ҷаҳон

Вокуниши сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон ба хабари сохти доруи зидди куруно дар Эрон

Сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон гуфт, ин як дору нест, балки як равиши дармонӣ бо истифода аз ёхтаҳои бунёдӣ (стволовые клетки) аст.

Ба гузориши хабаргузории Тасним, дуктур Киёнуши Ҷаҳонпур, дар вокуниш ба хабари мунташиршуда мабнӣ бар сохти доруи зидди куруно дар Эрон изҳор дошт: “Ин як дору нест, балки як равиши дармонӣ бо истифода аз ёхтаҳои бунёдӣ (стволовые клетки) барои дармони куруно аст.”

Вай афзуд: “Ин равиш як навъ ёхтадармонӣ аст, ки ҳанӯз дар фози мутолеотӣ қарор дорад ва посухи нисбӣ барои он гузориш шудааст.”

Гуфтанист, дуктур Масъуд Сулаймонӣ, дар гуфтугӯ бо хабаргузории Форс гуфт: “Доруи дармони вируси куруно бо истифода аз ёхтаҳои бунёдӣ (стволовые клетки) сохта шуд ва ин дору бар рӯи беморон озмоиш ва ҷавоб дод.”

Сулаймонӣ гуфт, ин як кори ҷамъӣ аст ва тавассути Вазорати беҳдошти Эрон ва бо ҳидояти дуктур Маликзода ва дуктур Восеъӣ бо ҳамкории Бемористони Шариатӣ ва Бемористони Масеҳи Донишварӣ анҷом шуд.

Ба гуфтаи вай, ин дору бар рӯи бемороне, ки ба куруновирус мубтало ҳастанд дар се марҳила озмоиш ва мусбат арзёбӣ шуд.

Сулаймонӣ тасреҳ кард: “Ин дору дар фосилаи замонии 3 то 6 рӯз ва дар се марҳила, беморони мубтало ба вируси куруноро дармон мекунад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.