Ҷомеа

Зоиршо Қодиров, ки қарантина буд, бо захмҳои шадид бистарӣ шудааст

Акс аз вебсойти Родию Озодӣ

Вебсойти Родию Озодӣ навишт, Зоиршо Қодиров, корманди “Окодемии давлатии идоракунии назди президенти Тоҷикистон”, ки дар истироҳатгоҳе дар ноҳияи Варзоб давраи «қарантина»-ро пушти сар мекард, бо захмҳои шадиди корд дар бемористон бистарӣ шудааст. Дар ҳоле ки ин хабарро наздикони ӯ мерасонанд, мақомот аз шарҳи он худдорӣ мекунанд.

Зоиршо Қодиров. Акс аз вебсойти Родию Озодӣ

Бар пояи ин гузориш, наздикони Зоиршо Қодирови 35-сола мегӯянд, ҳодиса рӯзи 26-уми март рӯй дода, мақомот ба онҳо гуфтаанд, ки гӯё ӯ ба бадани худ шаш дафъа корд зада, аз ошёнаи севвум сарозер шудааст.

Қодир Қодиров, падари Зоиршо Қодиров, рӯзи 28-уми март дар бемористони Қарияи Болои шаҳри Душанбе ба Родию Озодӣ гуфт, ба ин фарзия бовар надорад ва аз мақомот мехоҳад, ки «ҳодисаро мунсифона таҳқиқ карда, гунаҳкоронро ҷазо диҳанд«. Ӯ афзуда: «Чӣ хел одам ба бадани худ шаш корд мезанад ва боз аз ошёнаи севум ба замин мепартояд? Чӣ ҳодиса шудааст, бояд дақиқ карда, гунаҳкоронро ёбанд.»

Гузориш меафзояд, мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо гузашти ду рӯз аз ҳодиса расман дар ин бора хабар надодаанд. Намояндаи дафтари матбуоти вазорат рӯзи 28-уми март гуфт, «бале, чунин ҳодиса шудааст ва ВКД таҳқиқ дорад. Мунтазир ҳастем, каме вазъаш беҳбуд ёбад ва аз худаш фаҳмем, ки чӣ рух додааст

Бар пояи ин гузорииш, дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, ки масъули «қарантина»-и сокинон аст, дар шӯъбаи эҳёгарӣ будани Зоиршо Қодировро тасдиқ карда, гуфтанд, «пизишкон барои сиҳат шудани ӯ ҳама кори мумкинро мекунанд«.

Қодир Қодиров, падари Зоиршо Қодиров мегӯяд, баъд аз хабардор шудан аз ҳодиса ба таври фаврӣ аз ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшон ба Душанбе омад ва рӯзи 28-уми март муфаттишон бо ӯ суҳбат кардаанд. Ӯ афзуда: “Пизишкон гуфтанд, ки писарам ба худ омадааст, аммо феълан гап зада наметавонад. Муфаттишон мехоҳанд бо ӯ суҳбат карда, асли қазияро фаҳманд.»

Ба гуфтаи ӯ, ҳодиса дар рӯзе иттифоқ афтодааст, ки гӯё чанде аз ҳамкорони писараш ба аёдати ӯ ва кормандони дигари Окодемии идоракунии давлатӣ ба Варзоб рафта будаанд. Маълум нест, оё онҳо бо якдигар вохӯрдаанд, ё не.

Зоиршо Қодиров, сардори яке аз кафедраҳои Окодемии давлатии идоракунии назди президенти Тоҷикистонро баъди он ки яке аз ҳамкоронаш аз Олмон баргаштаву зуком шудааст, ба қарантинаи чордаҳрӯза фиристодаанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.