Бонувон

Куруно; омили афзоиши хушунати хонагӣ дар Урупо

Қарантина барои маҳори вируси куруно дар саросари Урупо, нигаронӣ дар бораи хушунати хонагиро афзоиш додааст.

Ба гузориши хабаргузори Фаронса, аз Берлин то Порис ва аз Рум то Бротислово созмонҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ занги ҳушдори худро дар хусуси афзоиши хушунатҳо ба садо дароварданд. Ин рӯйдод пас аз пешӣ гирифтани Урупо аз Чин дар афзоиши мубталоён ва ҷонбохтагони вируси куруно ва қарантина, сурат гирифт.

Иттиҳодияи марказҳои мушовира ва роҳнамоии занон дар Олмон, дар ин бора эълом карданд: “Дар ҳоли ҳозир хона ҷойи амне барои бисёре аз мардум ба шумор намеояд.”

Хатари хушунати хонагӣ танҳо маҳдуд ба хонаҳое намешавад, ки пеш аз ин хушунатро таҷриба кардаанд.

Флуронс Клодпир (Florence Claudepierre), мудири Анҷумани волидайни FCPE-и Фаронса дар минтақаи Упер Ройн (Upper Rhine), ки бузургтарин осебро аз шуюъи вируси куруно дар ин кишвар дидааст, дар ин бора мегӯяд: “Хонаводаҳо фишори зиёдеро дар ин рӯзҳо таҳаммул мекунанд.”

Қарантина ва иртиботи бештари хонаводаҳо боиси афзоиши хушунати хонаводагӣ дар бисёре аз кишварҳои урупоӣ шудааст.

Вай афзуд: “Аз замони шурӯъи қарантина достонҳои зиёде аз ҷудоии зану шавҳарҳо ва нотавонии онҳо дар идомаи зиндагӣ мешунавем.”

Чанд ҳафта пас аз қарантинаи Чин, созмонҳои ҳуқуқи занон аз афзоиши 3 баробарии хушунат алайҳи занон гузориш доданд.

Дар ҳафтаи гузашта дар Испониё як модари 35-сола аз сӯи шавҳараш ба қатл расид. Испониё дуввумин кишвари вирусзадаи Урупо пас аз Итолиё аст.

Куҷо метавон рафт?

Дар бештари нуқоти Урупо марказҳои кӯмак ба занон бо муроҷеати бисёр кам рӯ ба рӯ шудаанд. Ин мавзӯъ нишонаи чандон хубе ҳам нест.

Ба гузориши Анҷумани марказҳои мушовираи Олмон кӯдакон, ҷавонон ва занон аслитарин қурбониёни хушунати руҳӣ ё физикии хонагӣ ҳастанд. Қарнтинаи хонагӣ ба маънои афзоиши хушунатҳост. Ба далели иртиботи наздик ва пайваста эҳтимоли афзоиши хушунатҳо ба шиддат зиёд мешавад.

Занги хатари марказҳои кӯмак ба қурбониёни хушунати хонагӣ пас аз қарантина ба садо даромадааст.

Ринер Ретингер (Rainer Rettinger), раиси Иттиҳодияи ҳимоят аз кӯдакони Олмон, дар ин бора гуфт: “Бастани мадорис, бошгоҳҳои варзишӣ ва марказҳои махсуси ҷавонон, барои маҳори вируси куруно ва шуюъи бештари он, бисёр муҳим аст.”

Вай дар идома афзуд: “Аммо чӣ касе озору азият ва суистифода аз кӯдакон дар ин рӯзҳоро шунида ё расад мекунад?

Мортин Брус (Martine Brousse), раиси созмони порисии La Voix de l’Enfant (Садои кӯдакон) дар ин бора мегӯяд: “Дастрасии мо ба хушунатҳои ҷадид маҳдуд шуда ва ин мавзӯъ моро нигарон мекунад.”

Биотрис Фриску-Рулфу (Beatrice Fresko-Rolfo), гузоришгари хушунат алайҳи занон дар Шӯрои порлумонии Урупо, бо ишора ба ин мавзӯъ гуфт: “Дар ҳоле ки давлатҳо милёрдҳо дулорро ба бахши саломат ва хадамоти беҳдоштӣ сарф мекунанд, набояд аз аҳаммияти ҳуқуқи асосии бисёре аз инсонҳо чашмпӯшӣ кунанд.”

Вай афзуд: “Анҷуманҳои ҳимоят аз қурбониёни хонагӣ рӯи лабаи теғ истодаанд. Бисёре аз мададкорони иҷтимоӣ маҷбуранд аз хона кор кунанд ва тавоноии расидагӣ ба қурбониёнро надоранд. Аз тарафе паноҳгоҳҳо низ таътил шуда ва ҷойи кофӣ дар ин марокиз вуҷуд надорад.”

Канон Гулу (Canan Gullu), яке аз мададкорони Созмони ҳимоят аз ҳуқуқи занон дар Туркия, мегӯяд: “Бисёре аз занон бо мо тамос гирифта ва аз таҷрибаи хушунати хонагӣ дар даврони қарантина мегӯянд. Онҳо мепурсанд: дар ин шароит куҷо биравам?

Фронсиско Гифи (Franziska Giffey), вазири умури хонаводаи Олмон, аз шаҳрдориҳои ин кишвар хоста то дар сурати лузум, роҳҳои дигареро ироа диҳанд.

Аммо Утриш, кишвари ҳамсояи Олмон, эълом карда, ки дар ин шароит маконҳои тазминшуда барои осебдидагон фароҳам карда ё фарди хашини хонаводаро аз қарантина ҳазф мекунад.

Дар кишварҳое монанди Итолиё, ки шадидтарин навъи қарантинаро таҷриба мекунад, қурбониёни хушунати хонагӣ аз бархе маҳдудиятҳои рафту омад муъоф ҳастанд. Онҳо бо ҳамли форми хуруҷ аз манзил, қодир ба муроҷеа ба марокизи паноҳндагӣ мешаванд.

Одриёно Ҳовосуво (Adriana Havasova), равоншиноси аҳли Бротислово мегӯяд: “Вазъияти феълӣ дар афзоиши хушунати хонагӣ бесобиқа аст ва умедворем ин вазъият дар ду ё се ҳафтаи оянда тамом шавад.”

Вай афзуд: “Агар ин вазъият ба чанд моҳ бирасад, ман наметавонам мизони афзоиши хушунати хонагиро пешбинӣ кунам.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.