Ҷаҳон

Созмони ҷаҳонии беҳдошт: “Аз истеъмоли доруҳои таъйиднашуда дурӣ кунед!”

Дабири кулли Созмони ҷаҳонии беҳдошт аз кишварҳо хост, аз доруҳое, ки таъсири онҳо бар бемории COVID-19 таъйид нашудааст, истифода накунанд.

Ба гузориши Reuters, Тедрус Одонум (Tedros Adhanom) шомгоҳи ҷумъа дар як конфронси хабарӣ дар Женев, бо таваҷҷӯҳ ба шуюъи ҷаҳонии вируси куруно гуфт, ки ин беморӣ то кунун беш аз ним милюн нафарро олуда ва беш аз 20 ҳазор нафарро дар ҷаҳон куштааст.

Вай дар идома бар камбуди шадиди васоил ва лавозими беҳдоштӣ таъкид кард ва ин масъаларо яке аз “ҷиддитарин таҳдидҳо барои тавоноии ҷамъии мо барои наҷоти ҷони афрод” донист.

Вай афзуд: “Коркунони беҳдошту дармон дар кишварҳои камдаромад ва миёна шоистаи ҳимоят ҳастанд ва сарватмандон дар ин кишварҳо бояд аз онҳо ҳимоят кунанд.”

Ба дунболи суханони Одонум, дуктур Мойк Риён, коршиноси аршади Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ, бо баёни ин ки “ҷаҳон ба сӯи ояндае номаълум ҳаракат мекунад”, гуфт: “Мебинед, ки бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ба тозагӣ гирифтори ин вируси ҳамагир шудаанд. Бархе дигар монанди Сингопур ва Чин низ акнун ба шиддат дар талошанд, то дубора ин беморӣ буруз накунад.”

Шуюъи вируси куруно маъруф ба COVID-19 барои нахустин бор миёнаҳои моҳи декабр дар шаҳри Вуҳони Чин гузориш шуд. Бар асоси ҷадидтарин омори Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ, теъдоди мубталоён ба вируси куруно дар ҷаҳон ба 556 ҳазору 291 нафар расид. Аз ин теъдод 25 ҳазору 239 нафар ҷон бохта ва 128 ҳазору 717 нафар низ беҳбуд пайдо кардаанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.