Ҷомеа

Чаро куруно мардонро бештар аз занон қурбонӣ мекунад?

71 дарсади қурбониёни COVID-19 дар Итолиёро мардон ташкил медиҳад ва тибқи омори мунташиршуда дар Испониё низ мардон ду баробар бештар аз занон дар асари ибтило ба вируси куруно ҷон бохтаанд.

Ба гузориши Euronews, дар ҳоле, ки беш аз се моҳ аз шуюъи вируси куруно дар Чин ва сипас дар саросари ҷаҳон мегузарад, то кунун мушаххас шудааст қурбониёни ин вирус бештар афроди солхӯрда ва афроди бо бемориҳои хосс ҳастанд. Аммо ин вирус дар бораи ҷинсият низ табъиз қоил мешавад. Тибқи таҳқиқоти мунташиршуда, мардон бештар аз занон, ҳам ба ин вирус олуда шудаанд ва ҳам ҷони худро аз даст додаанд.

Ин раванд барои нахустин бор дар Чин мушоҳида шуд, ҷойе, ки тибқи баррасии суратгирифта мушаххас шуд, ки мизони маргбор будани ин вирус дар байни мардон 2.8 дарсад ва дар байни занон 1.7 дарсад будааст.

Ин мавзӯъ баъдҳо дар Фаронса, Олмон, Эрон, Итолиё, Куреи ҷанубӣ ва Испониё низ такрор шуд.

71 дарсади қурбониёни COVID-19 дар Итолиёро мардон ташкил медиҳад ва тибқи омори мунташиршуда дар Испониё низ мардон ду баробар бештар аз занон дар асари ибтило ба вируси куруно ҷон бохтаанд.

Аммо чаро мардон осебпазиртар ҳастанд?

Пруфесур (профессор) Соро Ҳовкз (Sarah Hawks), мудири Маркази ҷинсият ва беҳдошти ҷаҳонӣ, дар ин бора мегӯяд: “Посухи содиқона ин аст, ки ҳеч кадом аз мо намедонем чӣ чизе боиси ин тафовут мешавад.”

Дар аввалҳои шуюъи ин вирус, сигорӣ будан ба унвони як фарзия барои ин тафовут матраҳ шуд. Ҳудуди 50 дарсади мардон дар Чин сигорӣ ҳастанд, ин дар ҳолест, ки танҳо ҳудуди 2 дарсади занон дар ин кишвар сигор мекашанд, бинобар ин тафовутҳои асосӣ дар саломати рияи мардону занон вуҷуд дорад.

Фарзияи иртиботи сигорӣ будан бо эҳтимоли ибтило ба вируси куруно, дар матлабе, ки моҳи гузашта дар як маҷаллаи илмӣ мунташир шуд, мавриди таъкид қарор гирифтааст. Ёфтаҳо ҳокӣ аз он аст, ки 12 дарсади афроди сигорӣ бо нишонаҳои мулойиму хафиф ба ин вирус мубтало мешаванд, аммо 26 дарсади афроде, ки ба хотири вахим будан вазъият ба бахши муроқибатҳои вежа мунтақил шуданд ё дар ниҳоят ҷон бохтанд, сигорӣ буданд.

Аз сӯи дигар кашидани сигор метавонад яке аз роҳҳои интиқоли вирус ба бадан бошад, чаро ки сигориҳо бештар лабҳои худро ламс мекунанд ва мумкин аз тариқи сигоре, ки олуда аст, вирус ба дохили бадан роҳ пайдо кунад.

Одатҳои рафторӣ чӣ таъсире дорад?

Аммо иллати дигар метавонад ба одатҳои рафторӣ, ки дар ҳар ҷинс мутафовит аст, рабт дошта бошад. Бархе аз мутолеот нишон додаанд, ки мардон камтар аз занон дастҳои худро мешӯянд, камтар аз собун истифода мекунанд, камтар ба дунболи муроқибатҳои пизишкӣ ҳастанд ва бештар тавсияҳои пизишкиро нодида мегиранд. Ин маворид метавонад бештар ҷамъияти мардонро ба нисбати занон дар маърази хатар қарор диҳад.

Бо ин ҳол, назаре дар байни мутахассисон дар ҳоли афзоиш аст, ки мегӯяд, омилҳои биулужикӣ низ дар ин беморӣ нақш доранд. Дар ҳоле, ки дар бисёре аз кишварҳо мардон беш аз занон сигорӣ ҳастанд, аммо дар Итолиё 28 дарсади мардон ва 19 дарсади занон сигор мекашанд, ки нишон медиҳад ихтилоф ба монанди Чин бисёр зиёд нест, бо ин ҳол боз ҳам мардон бештар аз занон қурбонии COVID-19 ҳастанд.

Собро Клин (Sabra Klein), устоди беҳдошти умумии мадрасаи Ҷон Ҳопкинз Блумберг (Johns Hopkins Bloomberg), дар ин бора таъйид кард, ки мизони маргбортар будани ин вирус дар байни мардон дар Чин, Итолиё, Испониё мушоҳида шудааст ва афзуд: “Ин мавзӯъро дар кишварҳои бисёр мутафовит бо фарҳангҳои мухталиф мушоҳида мекунем.”

Вай афзуд: “Вақте ин мавзӯъро мебинам, фикр мекунам, ки бояд чизе фаротар дар ин байн вуҷуд дошта бошад.”

Вокуниши системи эминии мардон дар муқобили уфунатҳо чӣ гуна аст?

Тибқи таҳқиқоти қаблӣ, ки пруфесур Клин низ ба он пардохтааст, ба таври зотӣ системи эминии мардон дар муқобили тайфи васеъе аз уфунатҳо ва бемориҳои вирусӣ аз ҷумла Hepatitis C ва HIV вокуниши камтаре нишон медиҳад. Мутолеа рӯи мушҳо ин мавзӯъро собит кардааст, ки метавонад дар бораи вируси куруно низ содиқ бошад, гарчӣ ҳанӯз мутолеаи хоссе дар ин замина анҷом нагирифтааст.

Собро Клин тасреҳ кард: “Системи эминии онҳо (мардон) мумкин аст дар ҳангоми мушоҳидаи вирус посухи муносибро шурӯъ накунад.”

Аммо мутахассисон мӯътақиданд, ки то замоне, ки додаҳо ба таври густурдатар дар дастрас қарор нагиранд, наметавон дар ин замина ба таври дақиқ изҳори назар кард.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.