Ҷаҳон

Тромп Убоморо гуноҳкори бӯҳрони куруно донист

Шуюъи вируси куруно дар Омрико ин кишварро дар садри кишварҳои мубтало қарор дода ва ин раванд сабаби анбӯҳе аз интиқодҳо ба амалкарди Дунолд Тромп ва давлаташ дар мувоҷеҳа бо ин ҳамагирӣ шудааст. Аммо Тромп гуноҳкори вазъияти ба бор омада дар Омрикоро мутаваҷҷеҳи Борок Убомо, раисиҷумҳури пешин ва давлатҳои қаблӣ донист.

Шабакаи телевизиюнии CNN рӯзи шанбе гузориш дод: “Тромп рӯзи гузашта (ҷумъа) дар нишасти хабарӣ дар Кохи сафед муддаӣ шуд, ки давлаташ дар мувоҷеҳа бо ин эпидемӣ, як низоми баҳамрехтаи беҳдоштӣ ва дармониро дар ихтиёр гирифта буд.”

Ӯ гуфт: “Замоне, ки бо ин шароит рӯ ба рӯ шудем, ман як “ҷаъбаи холӣ” доштам, ки дар он ҳеч озмоише (барои куруно) вуҷуд надошт, бо як низоми дармонии баҳамрехта ва дар маҷмӯъ бо як низоми беҳдоштии аз ҳам пошида рӯ ба рӯ будам, ки гуноҳкори он фақат Борок Убомо нест, балки давлатҳои пеш аз ӯ ҳам буданд.”

Ҳамагирӣ дар феҳристи таҳдидҳои Омрико буд

Лизо Муноку (Lisa Monaco), дастёри пешини амнияти дохилӣ ва муқобила бо теруризми Борок Убомо, дар вокуниш ба ин изҳорот, ба CNN гуфт: “Чунин чизе дуруст нест, зеро бурузи чунин ҳамагирӣ дар моҳҳои декабр ва январ ба Дунолд Тромп тазаккур дода шуда буд.”

Муноку афзуд: “Дар замони Убомо муқаддимоте барои муқобила бо шуюъи як ҳамагирӣ дар Омрико андешида шуда буд ва замони бар сари кор омадани давлати Тромп ин маворид ба тими ӯ тавзеҳ дода шуд.”

Дастёри пешини амнияти дохилӣ ва муқобила бо теруризми давлати Убомо идома дод: “Шуюъи вирус дар Омрико ҷузъи асноди маҳрамона набуда ва аз солҳо пеш ҷомеаи иттилоотӣ шуюъи як ҳамагириро дар феҳристи таҳдидҳое, ки Омрико бо он мувоҷеҳ аст, лиҳоз карда буданд.”

Тромп аз лиҳози зеҳнӣ ҳозир ба қабули шикаст нест

Ҷон Ҳорвуд (John Harwood), хабарнигори бособиқаи Кохи сафед, дар иртибот бо интиқодҳои воридшуда бар амалкарди Дунолд Тромп дар мувоҷеҳа бо шуюъи вируси куруно дар Омрико, ба CNN гуфт: “Инки Тромп гуноҳкори вазъияти кунунӣ дар Омрикоро мутаваҷҷеҳи Борок Убомо мекунад, ин аст, ки ӯ аз лиҳози зеҳнӣ ҳозир ба қабули бори масъулияти чунин амре набуда ва ҳаргиз моил нест аз мавзеъаш ақиб нишинад ва ё шикастро бипазирад; ӯ аз лиҳози равонӣ дӯст дорад дар ҷоҳое бошад, ки ҳама чиз хуб пеш рафтааст.”

200 милюн омрикоӣ дар қарантина; Тромп хоҳони бозгушоии Омрико

Мортин Совиҷ (Martin Savidge), хабарнигори CNN, ки дар қарантинаи хонагӣ ба сар мебарад, дар гузорише унвон кард: “Акнун наздик ба 200 милюн омрикоӣ ба иллати шуюъи вируси куруно дар қарантинаи хонагӣ ба сар мебаранд, албатта ҳар як ба навъе, аммо акнун Дунолд Тромп бо таваҷҷӯҳ ба он ки шуюъи ин беморӣ дар муқоиса бо ҳафтаи пеш аз он вахимтар мешавад, қасди бозгушоии касбу кор дар Омрикоро дорад.”

Вай афзуд: “Ҳар як аз мо дар қоиқе ҳастем, ки дар дарёи тӯфонӣ қарор гирифтаем.”

Вазъияти вахим дар интизори Чикогу, Дитруйт ва Нюурлеон

CNN ба нақл аз Ҷерум Одомз (Jerome Adams), яке аз ҷарроҳони омрикоӣ гузориш дод: “Вазъияти шуюъи вируси куруно дар се аёлати Чикогу, Дитруйт ва Нюурлеон ҳафтаи оянда вахим аз ин ҳафта хоҳад шуд.

Дунолд Тромп, ки дар ибтидои шуюъи ин вирус дар Омрико хатари онро барои шаҳрвандони омрикоӣ ночиз хонда буд, бо афзоиши омори мубталоён ба вируси куруно, ки ҳамаи бахшҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, беҳдоштии ин кишварро дарбар гирифта, бо шароити печида ва буғранҷе мувоҷеҳ шудааст.

Акнун шумори мубталоён ба вируси куруно дар Омрико ба 104 ҳазору 205 нафар расида, ки як ҳазору 701 нафар низ ҷон бохтаанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.