Ирфони амалӣ

Чанд гуфтори нағз аз Мавлоно

Ғараз аз намоз

Мавлоно фармояд:

“Ғараз аз ин (намоз) он аст, ки мебояд он ҳолате, ки дар намоз зоҳир мешавад, пайваста бо ту бошад. Агар дар хоб бошӣ ва агар бедор бошӣ ва агар бинависӣ ва агар бихонӣ, дар ҷамиъи аҳвол холӣ набошӣ аз ёди Ҳақ, то —

هُمْ عَلَى صَلَاتِهِمْ دَائِمُونَ

(Онон, ки доим дар намоз ва тоати илоҳӣ умр гузаронанд”. (Сураи Маъориҷ, ояти 23)) — бошӣ….”

(Фиҳӣ мо фиҳӣ, с.259)

* * *

Паси ин девор касест

Мавлоно гӯяд:

“Мӯъмин он аст, ки бидонад, дар паси ин девор касест, ки як ба як бар аҳволи мо мутталеъ аст ва мебинад, агарчӣ мо ӯро намебинем… ба хилофи он кас, ки гӯяд на, ин ҳама ҳикоят аст, ва бовар надорад. Рӯзе биёяд, ки чун гӯшаш бимолад, пушаймон шавад, гӯяд: Оҳ! Бад гуфтам ва хато кардам, худ ҳама ӯ буд, ман ӯро нафй мекардам…”

(Фиҳӣ мо фиҳӣ, с.259)

* * *

Армуғон

Мавлоно овардааст:

“Юсуфи Мисриро дӯсте аз сафар расид. (Юсуф) гуфт:

— Чиҳати ман чӣ армуғон овардӣ?

Гуфт:
— Чист, ки туро нест ва ту ба-дон мӯҳтоҷӣ? Илло ҷиҳати он ки аз ту хубтар ҳеч нест, ойина овардаам, то ҳар лаҳза рӯйи худро дар вай мутолеа кунӣ.

Чист, ки Ҳақ Таъолоро нест ва ӯро ба-дон эҳтиёҷ аст? Пеши Ҳақ Таъоло дили равшане мебояд бурдан, то дар вай худро бибинад:

اِنَّ اللهَ لَایَنْظُرُاِلی صُورِکُم وَلَا اِلی اَعْمَالِکُمْ وَ اِنمَّا یَنْظُرُ اِلی قُلُوْبِکُمْ

(Худовандро назар ба нақшу сурат ва аъмолу афъоли шумо нест, балки назараш танҳо бар дилҳои шумост. (Ҳадиси набавӣ.)”

(Фиҳӣ мо фиҳӣ, с.273)

* * *

Силии муҳкам туро ислоҳ кард

Мавлоно овардааст:

“Шахсе имомат мекард ва хонд:

الأَعْرَابُ أَشَدُّ كُفْرًا وَنِفَاقًا

(Аъроб (-и бодиянишин) дар куфр ва нифоқ аз дигарон сахттаранд… (Сураи Тавба, ояти 97)). Магар аз руасои араб яке ҳозир буд, як силии муҳкам вайро фурӯ кӯфт. Дар ракъати дигар хонд:

وَمِنَ الأَعْرَابِ مَن يُؤْمِنُ بِاللّهِ وَالْيَوْمِ الآخِرِ

(Бархе дигар аз аъроб (-и бодиянишин) ба Худо ва рӯзи қиёмат имон овардаанд… (Сураи Тавба, ояти 99)). Он араб гуфт:

اَلْصَّفْعُ اَصْلَحَکَ

(Он силии муҳкам туро ислоҳ кард)…”

(Фиҳӣ мо фиҳӣ, с.269)

* * *

Аввал ба асар медонист, ин соат зоташро бибинад

Мавлоно фармояд:

“Ҳақ (Таъоло) азим наздик аст ба ту, ҳар фикрате ва тасаввуре, ки мекунӣ, ӯ мулозими он аст. Зеро он тасаввур ва андешаро ӯ ҳаст мекунад ва баробари ту медорад, илло ӯро аз ғояти наздикӣ наметавонӣ дидан.

Ва чӣ аҷаб аст, ки ҳар коре, ки мекунӣ, ақли ту бо туст ва дар он кор шурӯъ дорад, ва ҳеч ақлро наметавонӣ дидан агарчӣ ба асар мебинӣ илло зоташро наметавонӣ дидан.

Масалан, касе дар ҳаммом рафт ва гарм шуд, ҳар ҷо, ки (дар ҳаммом) мегардад, оташ бо ӯст ва аз таъсири тоби оташ гармӣ меёбад, илло оташро намебинад. Чун берун ояд ва онро муайян бибинад ва бидонад, ки аз оташ гарм мешаванд, бидонад, ки он тоби ҳаммом низ аз оташ бувад.

Вуҷуди одамӣ низ ҳаммоми шигарф аст. Дар ӯ тобиши ақлу руҳу нафс ҳама ҳаст, илло чун аз ҳаммом берун ойӣ ва бад-он ҷаҳон равӣ, муайян зоти ақлро бибинӣ ва зоти нафс ва зоти руҳро мушоҳида кунӣ, бидонӣ, ки он зиракии идрок аз тобиши ақл будааст муайян ва он талбисҳо (тазвирҳо) ва ҳиял (ҳилаҳо) аз нафс буд ва ҳаёт асари руҳ буд муайян, зоти ҳар якеро бибинӣ; илло модом ки дар ҳаммомӣ, оташро маҳсус натавон дидан илло ба асар, чунонки касе (ки) ҳаргиз оби равон надидааст, ӯро чашмбаста дар об андохтанд, чизе тару нарм бар ҷисми ӯ мезанад, илло намедонад, ки он чист. Чун чашмаш бигушоянд, бидонад муайян, ки он об буд. Аввал ба асар медонист, ин соат зоташро бибинад…”

(Фиҳӣ мо фиҳӣ, с. 257)

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.