Сиёсат

Ҷанг бар сари маншаи вируси куруно

Ба қалами Лилу Киу (Lily Kuo) дар рӯзномаи Guardian

Изҳороти Роберт Редфилд (Robert Redfield), раиси Маркази контрол ва пешгирии бемориҳои Иёлоти Муттаҳидаи Омрико, дар як видеои якдақиқаӣ, мабнӣ бар ин ки “бархе аз маргу мирҳое, ки (қаблан дар Омрико воқеъ шуда) ва гуфта мешуд сабаби онҳо ибтило ба грипп будааст, сабабашон вируси Covid-19 аст”, боис шуд назарияи дасисаомез будани куруновирус, ки аз ду ҳафта пеш дар Чин матраҳ шудааст, беш аз пеш қувват бигирад. Бархе дар Пекин матраҳ кардаанд, ки маншаи куруно Чин нест ва ин вирус аз Омрико омадааст.

Ин назария замоне густариш ёфт, ки Жунг Ноншон (Zhong Nanshan), ҳамагиршиноси (эпидемиологисти) машҳур дар як конфронси хабарӣ эълом кард, ки ба рағми зуҳури вирус дар Чин барои нахустин бор, вале “чи басо маншаи он Чин набошад.” Вай баъдҳо дар шаффофсозии назарияи худ эълом кард, ки нахустин маконе, ки як беморӣ дар онҷо кашф мешавад, бо “манбаъ ва маншаи беморӣ баробар нест.” Ноншон ҳамчунин гуфт: “Аммо бо ин ҳол наметавон натиҷагирӣ кард, ки вирус аз хориҷ омадааст. Фақат бо таҳқиқ ва радёбӣ метавонем ба ин пурсиш посух диҳем.”

Бо ин ҳол, диплумотҳо, расонаҳои давлатӣ ва мақомоти Чин, ки аз ин назария бисёр ба ваҷд омада буданд, фақат бар қисмати аввали суханони Жунг тамаркуз карданд. Ахиран як сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Чин бидуни ироаи мадрак эълом карда, ки артиши Омрико эҳтимолан вирусро вориди Вуҳон кардааст. Сафири Чин дар Офриқои ҷанубӣ низ дар твитте гуфтааст, ки маншаи вирус лузуман Чин нест, чӣ расад ба ин ки “сохти Чин” бошад. Расонаҳое монанди хабаргузории “Шинҳуво” низ назарияҳои мушобеҳеро матраҳ ва бо истинод ба эъломияҳои Созмони ҷаҳонии беҳдошт таъкид кардаанд, ки куруновирус “падидае ҷаҳонӣ” аст.

Мақомоти Чин бо роҳандозии кампине алайҳи “сиёсисозӣ”-и шуюъи вируси куруно тавассути кишварҳое монанди Омрико, ки аз куруновирус бо номи “куруновируси чинӣ” ё “вируси Вуҳон” ёд мекунанд, эъломи мухолифат кардаанд. Аммо таҳлилгарон ақида доранд, ки бо шуюъи ҷаҳонии вирус, Чин саъй дорад интиқодҳоро аз худ мунҳариф кунад.

Бил Бишоп (Bill Bishop), нависандаи хабарномаи чинии “Sinocism”, менависад: “Мо чӣ басо ба нахустин рукуди ҷаҳонии ношӣ аз суимудирияти ҳизби кумунисти Чин бирасем. Балоҳои сохти башари пешин дар Чин аз соли 1949 то кунун ҳаргиз ба шакле маънодор ба хориҷ аз марзҳои Ҷумҳурии Халқи Чин густариш наёфта буд. Ин бор ба назар мерасад, ки шароит мутафовит аст… ва эҳтимолан ин яке аз далоили ин аст, ки ташкилоти таблиғотӣ ва мақомоти Ҷумҳурии Халқи Чин бо ин шиддат ин идеяро мунташир мекунанд, ки вирус аз Чин нашъат нагирифтааст.”

Расонаҳои давлатии Чин барои чандин ҳафта бозори ғизоҳои дарёии Вуҳонро маншаи эҳтимолии вирус муаррифӣ мекарданд, дар ҳоле, ки пажӯҳишгарон эълом карда буданд, ки манбаъ ҳанӯз шиносоӣ нашудааст. Албатта теъдоди пажӯҳишгароне, ки маншаи вирусро хориҷ аз Чин медонистанд ҳам ночиз буд. Жонг Венҳунг (Zhang Wenhong), пажӯҳишгари машҳури чинии дигаре, дар гуфтугӯ бо China Daily эълом кард, ки бовар надорад вирус аз хориҷ ба Чин ворид шудааст. Вай гуфт: “Агар ин тавр буд, мо бояд шоҳиди ибтилои беморон дар манотиқи мухталифи кишвар дар замони мушобеҳ мебудем ба ҷойи ин ки онҳо дар Вуҳон мутамаркиз шаванд.”

Ҷин Дукет (Jane Duckett), устоди Маркази искотландии пажӯҳишҳои Чин дар Донишгоҳи Glasgow, ки бар сиёсат ва саломати Чин мутамаркиз аст, дар ин бора мегӯяд: “Ба бовари ман, иттифоқи назари умумӣ ҳанӯз ин аст, ки вирус аз Чин нашъат гирифтааст.” Вай дар бораи талоши давлати Чин ва расонаҳояш барои такзиби ин масъала низ мегӯяд: “Ин корҳо навъе иқдоми носиюнолистӣ ба назар мерасад, ки бо ҳадафи муқобила бо интиқодот алайҳи давлати Чин барои адами мудирияти муносиби шуюъи вирус дар мароҳили аввал матраҳ шудааст.”

Виктур Шӣ (Victor Shih), устоди улуми сиёсии Донишгоҳи Колифурниё низ мегӯяд: “Ин як иқдоми таблиғотӣ аст, ки мухотабони дохилиро ҳадаф гирифтааст. Дар миёни афкори умумии Чин ин огоҳии умумӣ вуҷуд дорад, ки таъхирҳо дар иттилоърасонӣ ба мардум боиси афзоиши шумори мубталоён дар Вуҳон шуд. Ин кампин бо ҳадафи мунҳариф кардани таваҷҷӯҳоти афкори умумӣ аз посух ҳамроҳ бо таъхири ҳизби кумунист аст.”

Guardian

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.