Ҷаҳон

Вазири беҳдошти Эрон: “Дастоварди ҷадид ба зудӣ Эронро дар рутбаи нахусти дунё қарор медиҳад”

Саъиди Намакӣ гуфт: “Ба як нуқтаи равшан дар контроли бемориҳои вирусӣ расидаем ва дар ояндаи наздик дастоварде аз сӯи Ҷумҳурии Исломӣ эълом мешавад, ки Эронро дар ин арса дар сатҳи ҷаҳонӣ дар рутбаи нахуст қарор медиҳад.”

Ба гузориши хабаргузории Форс, Саъиди Намакӣ, вазири беҳдошту дармони Эрон, бо ироаи гузорише аз зуҳури падидаи куруно ва сайри шуюъи он дар кишварҳо, ба шарҳи иқдомоти сурат‎гирифта барои муқобила бо ин беморӣ пардохт.

Вай, бо ишора ба иқдомоти суратгирифта ва ироаи хадамоти дармонӣ ба беморони куруноӣ, изҳор дошт: “Агарчӣ мубориза бо куруно дар шароити таҳримӣ душвор аст, вале мо аз ибтидо бо камбуди доруҳои хосси дар назар гирифташуда барои дармони ин беморӣ, мувоҷеҳ набуда ва нестем.”

Намакӣ идома дод: “Бо ташкили қароргоҳи вежа дар нерӯҳои мусаллаҳ кори зебое шакл гирифт ва сипоҳ ва артиш бо эҷоди коргоҳҳо ва нақоҳатгоҳҳои вежа, кӯмаки шоёне дар таъмини ақломи беҳдоштӣ ва тахтҳои бемористонӣ карданд ва тавонистем бо кӯмаки онҳо ниёзҳои кодри дармонро бартараф кунем ва хадамотрасониро иртиқо бахшем.”

Вай афзуд: “Баъд аз роҳандозии истгоҳҳои ғарболгирӣ бо кӯмаки басиҷи пизишкон, то шаби гузашта 61 милюну 600 ҳазор нафар ғарболгирӣ шуданд, ки 51 милюну 44 ҳазор нафар аз тариқи телефон ва 10 милюну 50 ҳазор нафар аз тариқи сомона таҳти назар қарор гирифтанд, ки 218 ҳазору 800 нафар ҳоизи пайгирӣ ташхис дода шуданд, ки аз миёни онҳо 93 ҳазору 778 нафар дар манзил таҳти дармон қарор гирифтанд ва 16 ҳазору 49 нафар ба бемористонҳо муаррифӣ шуданд, ки аз ин теъдод ҳам 5 ҳазору 391 нафар бистарӣ шудаанд.”

Намакӣ дар поёни суханонаш бо ишора ба контроли фаврии куруно дар ин кишвар хотирнишон кард: “Имрӯз ба як нуқтаи равшан дар контроли бемориҳои вирусӣ расидаем ва дар оянди наздик дастоварде аз сӯи Ҷумҳурии Исломӣ эълом мешавад, ки Эронро дар ин арса дар сатҳи ҷаҳонӣ дар рутбаи нахуст қарор медиҳад.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.