Дидгоҳ

Куруно ва аҷзи башарият // Гоҳе ба осмон нигоҳ кун!

Барои мӯъминон, ки достонҳои таърихиро мехонанд, мавзӯъҳое чун “Намруд” ва моҷарои “Фиръавн”, ки бархе дар Қуръон ва баъзе низ дар Таврот ва Инҷил ба иҷмол ё ба тафсил омада, нозир бар таваҳҳуми касби қудрати лоязолӣ аст, ки барои подшоҳон эҷод шуд.

Ҳамон подшоҳон аммо, ки ёдмони азамати бархе аз онон ҳанӯз ҳам побарҷост, дар мувоҷеҳа бо як “пашша” дармонданд ва бо чунон суръате таслими марг шуданд, ки гӯё ҳаргиз аз модар зода нашуда буданд ва танҳо достоне аз онон қарнҳост мояи ибрати наслҳои башарӣ аст.

Ба рағми нигоҳи воқеъгароёнае, ки ин рӯзҳо моҷарои “куруновирус” аз мо талаб мекунад, ин гуфтор ба ин беморӣ аз як зовияи дигар низ менигарад ва мехоҳад бигӯяд: гоҳе ба осмон нигоҳ кун!

Дар остонаи даҳаи севвум аз ҳазораи севвум ва дар шароите, ки башар ба тасаввури худ бар рӯи замин амри маҷҳуле надорад ва дар куроте дурдаст ба дунболи кашфиёти ҷадид аст ва иттифоқан дар ин масир бисёр эҳсоси қудрат мекунад ва ба баёни омиёна “ҳеч Худоеро банда нест”, сару каллаи як вируси бисёр рез дар кишвари Чин пайдо мешавад.

Дар соири кишварҳо муддате ӯро монанди SARS ва MERS чандон ҷиддӣ намегиранд, вале ӯ куштор мекунад ва ногаҳон дар камтар аз 15 рӯз дар тамоми дунё мунташир ва ба бузургтарин ҳамагир (пандемия)-и таърих табдил мешавад ва беш аз 160 кишварро олуда мекунад ва зангҳои хатарро барои ҳама ба садо дармеоварад.

Тамоми донишмандон, биулужистҳо ва лобротурҳои пизишкии дунё аз дармони он оҷиз мемонанд ва сароҳатан мегӯянд дармоне барои он намешиносем ва ба тавсияҳои пешгиронаи ғайридоруӣ аз қабили дар хона мондан рӯй меоваранд, то суръати шуюъро кам кунанд ва замон бихаранд, балки муваффақ ба шикастани пӯстаи ин ғули рез бо доруе хосс шаванд.

Куруно танҳо саломати дунёеро, ки инсон бар он “худоӣ” мекунад таҳдид накарда, балки иқтисод ва ҳатто муносиботи иҷтимоии ин дунёро барҳам рехта ва осеби сангине бар назми навин ворид карда ва заминасози шароите дар ҷаҳон шуда, ки башар на монанди онро дида ва на метавонист тасаввур кунад ба соддагӣ мақҳуру бозичаи вирусе аҷиб шавад.

Фиръавн (Ромсеси II) дар авҷи қудрат ва дар рӯзҳое, ки тамоми навзодони писарро мекушт, то қисоси пеш аз ҷиноят кунад ва хатарро дар нутфа хафа созад, ҳаргиз тасаввури инро надошт, ки рӯзгоре тавассути ҳамон кӯдаки хурдсоле, ки Осия чанд рӯз пештар аз Нил гирифта буд нобуд хоҳад шуд, ё Намруд бо он қудрати фоиқааш ҳаргиз фикр намекард, ки бо вуруди пашшае ба маҷрои бинӣ, мазҳакаи хоссу омм дар тамоми таърих шавад ва бо таҳқиркунандатарин навъи марг, бимирад.

Намехоҳам бигӯям Худои бузург, ки раҳмону раҳим аст, барои башари ғофил дар қарни 21-ум азобе фиристод, аммо ме‎хоҳам бигӯям башарияти ғофилу мағрур, ки ҳурмати бандагӣ аз ёд бурд, бояд рӯйкард ва ҷаҳонбинии худро тағйир диҳад ва ин аҷзеро, ки домангираш шуда ба килоси дарси Худошиносӣ иртиқо диҳад ва ҳамон тавре ки тавсияҳои пизишкиро риоят мекунад, дар хона мемонад ва дар озмоишгоҳҳо ба дунболи роҳе барои бурун рафтан аз ин бӯҳрон ва кашфи дору барои дармони куруност, ҳамзамон бояд қадре таъаммул кунад ва ба ин ҳақиқат имон биёварад, ки ҳар ки бошад ва ба ҳар ҷое ки бирасад, “дар муқоиса бо қудрати фоиқаи Худованд тавоне надорад”.

Куруновирус бо ҳамаи дардисарҳояш, дарси бузурге ҳам барои инсон дорад, дар давроне, ки бархе ошкоро навиштанд ва гуфтанд, “Худо мурда аст!” (Сухани маъруфи Ниче). Дар давроне, ки башар бо такя бар дониши худ эҳсос мекунад ниёзе ба Худо надорад ва барои ҳамаи мушкилоташ нусхаи омода дорад.

Фиръавнияти ҳазораи севвум аз фиръавнияти даврони бостон хатарноктар аст ва теъдоди фиръавнҳо ва намрудҳо дар ин ҳазора аз даврони бостон бештар аст.

Мо умедворем, башар ин рӯзҳо, ки аҷзи худро дид, ба мувозоти талоше, ки барои ёфтани дармони қатъӣ барои ин беморӣ мекунад, андаке ҳам бо худ фикр кунад шояд ба ин нукта бирасад, ки бояд гоҳе ба осмон нигоҳ кард, чун на танҳо пас аз марг, балки дар тамоми даврони зиндагӣ низ мо ба таваҷҷӯҳи Худо ниёз дорем.

Муҳаммадбоқири Мӯҳсини Соравӣ

Манбаъ: Asriran

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.