Ҷаҳон

Се пизишки мусалмон; аввалин фавтиҳо бар асари куруно дар кодри пизишкии Англис

Аввалин мавориди фавт дар асари бемории куруно дар миёни кодри пизишкии Англис, се пизишки мусалмон бо пешинаи муҳоҷиратӣ ҳастанд.

Тайи як ҳафтаи ахир се пизишки англисӣ, ки ҳар се мусалмон буданд, дар асари ибтило ба вируси куруно ҷони худро аз даст доданд.

Ба навиштаи пойгоҳи интернетии Аларабия, ин се пизишк, ки дорои пешинаи муҳоҷиратӣ буданд, аввалин мавориди фавт бар асари куруно дар миёни кодри пизишкии Англис ҳастанд. Онҳо иборатанд аз: Ҳабиб Зоҳидӣ, Одил ат-Тайёр ва Амҷад ал-Ҳавронӣ.

Яке аз ин пизишкҳои мусалмон, ки то пеш аз шуюъи вируси куруно дар Арабистони Саудӣ ва Судон машғул ба хидмат буд, пас аз вуқӯъи ҳамагирӣ (пандемия) дар Англис, ба ин кишвар бозгашт, то ба хадамоти миллии саломати ин кишвар дар муқобила бо густариши бештари ин беморӣ кӯмак кунад.

Дар бемористонҳои Англис либосҳои муҳофиз ва моск ва дасткаш ба андозаи кофӣ дар ихтиёри кодри дармонӣ қарор надорад ва ҳамин амр шумори зиёде аз онҳоро дар маърази ибтило ба вируси куруно қарор медиҳад.

Ин дар ҳолест, ки мудирони бемористонҳои Англис ҳушдор додаанд, марокизи дармонии ин кишвар дар рӯзҳои оянда бо суномии беморони мубтало ба COVID-19 мувоҷеҳ хоҳад буд.

То кунун шумори мубталоён ба вируси куруно дар Англис ба наздики 20 ҳазор нафар расидааст ва 1228 нафар низ дар асари ин беморӣ ҷони худро аз даст додаанд.

Шуморе аз масъулони англисӣ аз ҷумла Бурис Ҷонсун, нахуствазир, Мет Ҳенкок, вазири беҳдошт ва Думиник Комингар ба ин бемори мубтало шудаанд.

Шоҳзода Чорлз фарзанди маликаи Англис низ, ки ба ин беморӣ мубтало шуда буд, рӯзи душанбе, пас аз беҳбудӣ, аз қарантина хориҷ шуд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.