Ҷаҳон

Тромп: “Камтар аз 100 ҳазор кушта ба далели куруно бидиҳем, бисёр хуб амал кардаем”

Раисиҷумҳури Омрико дар конфронси хабарӣ аз эҳтимоли ибтилои беш аз 2 милюн омрикоӣ ба вируси куруно дар ин кишвар хабар дод ва гуфт, агар мизони маргу мири мубталоён ба куруно дар Омрико камтар аз 100 ҳазор нафар шавад, бисёр хуб иқдом шудааст.

Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико шомгоҳи якшанбе (ба вақти Вошингтун) барои нахустин бор эътироф кард, ки мизони маргу мир дар Омрико ба далели шуюъи вируси куруно мумкин аст ба 100 ҳазор нафар ё бештар бирасад.

Ба гузориши шабакаи хабарии CNN, вай, ки дар конфронси хабарӣ дар Кохи сафед сӯҳбат мекард, дар идомаи суханонаш гуфт: “Агар маҷмӯъи қурбониёни вируси куруно дар Омрико камтар аз 100 ҳазор нафар шавад, ҳамаи мо бисёр хуб амал кардаем.”

Раисиҷумҳури Омрико гуфт, ки тасмим гирифта то дастуруламали миллии фосилаи иҷтимоиро то 30 рӯзи дигар ва то 30 апрел тамдид кунад.

Бар асоси дастуруламали миллии фосилаи иҷтимоӣ, ҳар гуна таҷаммӯъ дар шаҳрҳо бо маҳдудият мувоҷеҳ хоҳад шуд.

Тромп дар идомаи суханонаш ҳушдор дод, дар сурате ки мо коре анҷом надиҳем, теъдоди мубталоён ба вируси куруно дар ин кишвар ба беш аз 2 милюн нафар хоҳад расид.

Якшанбешаб низ, Онтуни Фоучи (Anthony Fauci), мудири муассисаи миллии олержӣ ва бемориҳои уфунии Омрико, ки тайи рӯзҳои ахир ҳамроҳи Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико дар конфронсҳои хабарии рӯзона дар бораи шуюъи вирус куруно ҳузур дошт, ҳушдор дод, ки мумкин аст милюнҳо шаҳрванди омрикоӣ ба вируси куруно мубтало шаванд.

Ин мақоми омрикоӣ ҳамчунин ҳушдор дод, ки ин имкон вуҷуд дорад, ки байни 100 ҳазор то 200 ҳазор омрикоии мубтало ба вируси куруно ҷони худро аз даст бидиҳанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.