Ҷаҳон

Ардуғон маоши ҳафт моҳи худро барои муқобила бо куруно ихтисос дод

Раисиҷумҳури Туркия кампини “Ҳамбастагии миллӣ барои кӯмак ба мубориза бо вируси куруно”-ро ба роҳ андохта ва ҳуқуқи ҳафт моҳи худро ба ин ибтикори амал ихтисос додааст.

Ба гузориши хабаргузории Онотулӣ, Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия, дар ҷараёни суханронии худ бо мардуми кишвараш гуфт: “Ман шахсан бо эҳдои ҳуқуқи ҳафт моҳам ин кампинро роҳандозӣ мекунам.”

Вай афзуд: “Аъзои кобинаи давлат ва қонунгузорони Туркия низ 5.2 милюн лир (791 ҳазор дулор) ба ин кампин кӯмак карданд.”

Ардуғон таъкид кард, ки ҳадаф аз ин кампин ҳимоятҳои бештар барои ақшори камдаромади Туркия аст, ки ба хотири тадобири иттихозшуда ҷиҳати мубориза бо шуюъи вируси куруно аз назари иқтисодӣ латма дидаанд.

Вай таъкид кард: “Туркия дар муқоиса бо дигар кишварҳое, ки бо ин вирус мубориза мекунанд, аз тасмимоти дармонии беҳтаре бархӯрдор аст. Туркия бо суръат дар ҳоли таъсиси бемористонҳои ҷадид ва тақвияти бемористонҳои мавҷуд аст.”

Раисиҷумҳури Туркия ҳамчунин бо баёни ин ки коршиносони туркияӣ ба талошҳои худ барои тавлиди дастгоҳҳои танаффусӣ ва сохти як воксан барои ин вирус идома медиҳанд, тасреҳ кард: “Ҳадафи мо дастёбӣ ба натоиҷи ҷиддӣ то поёни соли ҷории мелодӣ аст.”

Ардуғон гуфт: “Мо қасд дорем то аз тамоми абзорҳо барои маҳори шуюъи вируси куруно истифода кунем. Туркия дар ҳоли ҳозир қодир аст то рӯзона беш аз 10 ҳазор тести куруно анҷом диҳад.”

Раисиҷумҳури Туркия афзуд: “Ҳудуди 41 минтақа ва русто дар Туркия дар қарантина ҳастанд ва ман аз мардуми саросари кишварам мехоҳам то дар хонаҳояшон бимонанд.”

Вай ҳамчунин ишора кард, ки Туркия бо ҳеч гуна мушкиле дар робита бо таъмини маводди ғизоии худ мувоҷеҳ нест.

Бар асоси гузориши Вазорати беҳдошти Туркия, теъдоди кулли мубталоён ба вируси куруно дар ин кишвар 10 ҳазору 827 тан аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.