Ҷаҳон

Ирсоли кӯмакҳои инсондӯстонаи донишҷӯёни Эрон барои мардуми мустазъафи Омрико – (Тасовир)

Донишҷӯёни эронӣ дар иқдоме инсондӯстона қисмате аз тавлидоти беҳдоштӣ ва бемористонии худро барои кӯмак ба мардуми мустазъафи Омрико ба дафтари ҳофизи манофеи Омрико (сафорати Суис (Швейтсария)) ирсол карданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, донишҷӯёни эронӣ чанд комюни ҳомили кӯмакҳои инсондӯстона ва таҷҳизоти беҳдоштӣ ва пизишкии тавлидии худро барои ирсол ба мардуми мустазъафи Омрико, ба хусус мардуми мустазъафи шаҳри Ню-йорк, ки мушкилоти бештаре дар ин айём доранд, ба сӯи дафтари ҳофизи манофеи Омрико (сафорати Суис (Швейтсария)) фиристоданд.

Бино бар ин гузориш, ин тарҳ аз сӯӣ донишҷӯёни басиҷии Донишгоҳи “Паёми нур” ироа шуд ва бар ҳамин асос, донишҷӯёни басиҷии саросари ин кишвар дар устонҳои мухталиф, ки аз ибтидои шуюъи куруно машғул ба тавлиди моск ва ақломи беҳдоштӣ ва пизишкӣ барои мардум ва кодри дармонии Эрон ҳастанд, гӯшае аз тавлидоти худро барои кӯмак ба мардуми мустазъафи Омрико ба Созмони басиҷи донишҷӯӣ ирсол карда ва ин кӯмакҳои инсондӯстона ҳамакнун бо чанд комюн аз Созмони басиҷи донишҷӯӣ ба сӯи сафорати Суис (Швейтсария) ҳаракат кард.

Алӣ Киён, муовини Созмони басиҷи донишҷӯии Эрон, дар бораи ин иқдом ба хабарнигори Форс гуфт: “Идеи ин кор тавассути донишҷӯёни басиҷии Донишгоҳи “Паёми нур” ироа шуд ва ин иқдом имрӯз ҳамзамон бо рӯзи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо пуштибонии Созмони басиҷи донишҷӯӣ муҳаққақ шуд.”

Вай афзуд: “Донишҷӯёни басиҷӣ ва ҷиҳодгар беш аз як моҳ аст, ки бо шуюъи куруно ва ниёзи кишвар ба ақломи беҳдоштӣ ва пизишкӣ пойи кор омаданд ва рӯзона беш аз 200 ҳазор моск ва ҳазорон литр маводди зиддиъуфуникунанда ва беҳдоштӣ тавлид ва миёни бемористонҳо ва кодри дармонӣ тавзеъ мекунанд.”

Киён таъкид кард: “Ин рӯзҳо шоҳиди вазъияти бисёр нороҳаткунандаи мардуми мустазъафи Омрико ҳастем, ба хусус вазъияти маҳрумон дар шаҳри Ню-йорк, бар ҳамин асос донишҷӯёни басиҷӣ тасмим гирифтанд ин маҳмулаи башардӯстонаро барои мардуми мустазъафи Омрико ирсол кунем.”

Вай изҳор дошт: “Донишҷӯёни басиҷӣ шабонарӯз дар ҳоли тавлиди моск ва ақломи беҳдоштӣ ва пизишкӣ барои мардум ва кодри дармонии кишварамон ҳастанд ва ин маҳмула, ки ба дафтари ҳофизи манофеи Омрико дар Эрон ирсол шуда, гӯшае аз тавлидоти донишҷӯёни басиҷӣ аст.”

Киён гуфт: “Бо таваҷҷӯҳ ба изҳороти вазири беҳдошт ҳамакнун ниёзҳои дохилӣ дар ҳоли бартараф шудан аст ва тавфиқи хубе ҳам дар беҳбуди беморон эҷод шуда, бо ин ҳол донишҷӯёни басиҷӣ то охирин лаҳазот ва то решакан шудани комили вируси куруно барои кӯмак ба мардум ва кодри дармонии азизамон хоҳанд истод.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.