Ваҳдати исломӣ

Номаи раиси ҳавзаҳои илмияи Эрон ба шайхи Алазҳар

Оятуллоҳ Аърофӣ, раиси ҳавзаҳои илмияи Эрон, дар номае хитоб ба шайх Аҳмад Аттайиб, имоми акбар ва шайхи Алазҳар, бо ишора ба шуюъи бемории куруно дар ҷаҳон ва кишварҳои мухталиф, барои мубталоён ба ин беморӣ орзуи саломатӣ намуд ва хотирнишон кард: “Ҳавза ва бузургони дин дар Эрон барои раҳоии ҳамаи инсонҳо аз ин ранҷу миҳнат ва ҳамаи бӯҳронҳои башари муосир дуо мекунанд ва зимни таъкид бар риояти ҳамаи тавсияҳо ва дастуроти беҳдоштӣ ва пизишкӣ ва илмӣ, зарурати ҳамкории ҷаҳонӣ дар мубориза бо ин балои ҷаҳонгир ва даст бардоштан аз табъизу таҳримҳои ноъодилона, ки мубориза бо ин бемориро дар бархе аз кишварҳо аз ҷумла Эрони азиз бо чолиш мувоҷеҳ кардааст, муҳим ва роҳбурдӣ медонад ва бидуни шакк роҳи ҳалли ғалаба бар ин бӯҳронҳо дар тақвияти нигоҳи қудсӣ ба ҳастӣ ва инсон, таҳкими мабонии инсондӯстӣ ва адолат, бознигарӣ дар тасарруфҳои бераҳмона дар табиат ва муҳити зист, тағйири сиёсатҳои ҷангафрӯзӣ ва ишғолу терур ва манъи тавлид ва нигаҳдории силоҳҳои куштори ҷамъӣ медонад.”

Матни ин нома ба нақл аз Hawzahnews ба шарҳи зерин аст:

Бисмиллоҳир Раҳмони Раҳим

Ҳодисаи ногувори интишори вируси куруно мояи ранҷу мусибати кишварҳо ва миллатҳо ва мӯҷиби ғаму андӯҳи раҳбарони адён ва шахсиятҳо ва олимони исломӣ шудааст. Ҳавзаҳои илмия ва бузургони дин дар Эрон зимни ибрози ҳамдардӣ бо доғдидагон, мусибатзадагон ва ранҷкашидагон аз пайравони ҳамаи адён бавежа осебдидагон аз дунёи ислом, орзуи раҳмати илоҳӣ барои ҷонбохтагон ва шифои оҷил барои беморонро аз Худои Маннон дорад ва бар аҳаммияти танзими ҳамаи умур ва барномаҳо бар асоси тавсияҳо ва дидгоҳҳои коршиносон, мутахассисон ва масъулон таъкид дошта ва дар ин замина пешгом ва ҳамроҳу ҳамоҳанг будаанд.

Ҳаводис ва балоёи табиӣ дар мантиқи исломи азиз падидаҳои омехта бо ҳикмат аст барои озмуни башар ва заминасози такомули рушду таъолии инсон ва низ ҳушдоре барои бедории одамӣ ва мояи басират нисбат ба мабдаъ ва маъод ва низ омиле дар ҷиҳати пешрафтҳои илмии ҷомеаи башарӣ аст ва вазифаи олимони дин таҳкими мабонии эътиқодӣ ва таваҷҷӯҳ ба зарурати ислоҳ ва тазкияи нафс ва сиёнати ҷомеа аз ноҳинҷориҳо ва олудагиҳо ва низ таваҷҷӯҳ ба қудрати лоязоли Худованди Мутаъол ва тавассул ба зоти ақдаси илоҳӣ ва руҳи мутаҳҳари Набии Мукаррами ислом ва авлиёи илоҳӣ, эҳтимом ба дуо ва муноҷот ва тазаррӯъ дар пешгоҳи Худованд ва низ эҳё ва тақвияти рӯйкарди маънавӣ ва руҳӣ ва ахлоқӣ ва ибодӣ аст.

Илоҳиёт ва каломи ваҳёнӣ-ақлонии дин ҳеч гоҳ асири дуқутбиҳои сохтагӣ миёни илму дин ва низ дармону дуо набуда ва нахоҳад шуд. Инсони мӯъмин дар мантиқи илоҳӣ дар айни пазириши низоми табиӣ ва ъиллӣ (сабабӣ), ҳам ба беҳдошту дармон ва низоми саломат арҷ мениҳад ва ҳамзамон қудрати лоязоли илоҳиро муҳит ва бартар медонад ва дасти ниёз ва тавассул ба пешгоҳи Худованд боло мебарад.

Тавсиъаи таҳқиқот ва пажӯҳишҳои нозир ба муолиҷаи осебҳо ва муъзалоти иҷтимоӣ ва ҳаводиси табиӣ, тақвияти мушорикати фаъолона дар падофанди ғайриомил, истимрори шӯру нишоти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, вазифае сутург бар дӯши ҳамаи нухбагон, фарҳехтагон ва масъулон аст ва дар ин миён бавежа раҳбарон ва олимони дунёи ислом дар абъоди иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва эътиқодӣ масъулияти музоъафе доранд ва бархӯрд бо ин мавзӯъ ниёзманди нигоҳи ҷомеъ ва ҳамдилӣ ва ҳамкории ҳамагонии ҳамаи марокиз ва донишгоҳҳо ва маҷомеъи илмии исломӣ ва руҷӯъ ба сармояи беназири ислом ва Қуръони Карим аст.

Ҷавомеъи инсонӣ дар шароити хатири кунунӣ ба шиддат ниёзманди оромишу эътимод ва меҳрубонӣ ва самимият ҳастанд ва ин шароит беҳтарин фурсат аст, то зимни бедории фитратҳои инсонӣ, имон ба зоти лоязоли мабдаъи ҳастӣ ва таъолими ҳаётбахш ва ҷомеи исломӣ ва фазилатҳои ахлоқӣ ва ибодату ниёиш ва бозгашт ба усули фитрӣ ва инсонӣ ба унвони коромадтарин роҳҳо таблиғу тарвиҷ шавад. Таъолими тобноки дини хотам метавонад дар ин саҳнаи душвор мунодӣ ва пешгоми руҳияи устувор ва иродаи пӯлодин ва азму умед ва нишоту халлоқият ва пешрафт ва пирӯзӣ дар ҳамаи саҳнаҳо дар ҷаҳони ислом ва барои ҳамаи башарият бошад.

Равшан аст, ки набояд аз хатари истикбори ҷаҳонӣ ва тоғутҳои шайтонии душмани инсоният ва бадхоҳони кишварҳо ва миллатҳои мустақил ғафлат варзид ва бояд ҳушмандона онро дар барномаҳо мадди назар қарор дод ва набояд иҷоза дод дастгоҳҳо ва ахтопусҳои сарвату қудрат ва расонаии зидди ахлоқ ва маънавият мушкилоти мавҷудро ташдид кунанд.

Ҳавза ва бузургони дин дар Эрон барои раҳоии ҳамаи инсонҳо аз ин ранҷу миҳнат ва ҳамаи бӯҳронҳои башари муосир дуо мекунанд ва зимни таъкид бар риояти ҳамаи тавсияҳо ва дастуроти беҳдоштӣ, пизишкӣ ва илмӣ, зарурати ҳамкории ҷаҳонӣ дар мубориза бо ин балои ҷаҳонгир ва даст бардоштан аз табъизу таҳримҳои ноъодилона, ки мубориза бо ин бемориро дар бархе аз кишварҳо аз ҷумла Эрони азиз бо чолиш мувоҷеҳ карда, муҳим ва роҳбурдӣ медонад ва бидуни шакк роҳи ҳалли ғалаба бар ин бӯҳронҳоро дар тақвияти нигоҳи қудсӣ ба ҳастӣ ва инсон, таҳкими мабонии инсондӯстӣ ва адолат, бознигарӣ дар тасарруфҳои бераҳмона дар табиат ва муҳити зист, тағйири сиёсатҳои ҷангафрӯзӣ ва ишғолу терур ва манъи тавлид ва нигаҳдории силоҳҳои куштори ҷамъӣ медонад.

Марокизи илмии Миср низоми илмӣ ва омӯзишӣ, тарбиятӣ, фарҳангӣ ва таблиғии худро бо ин ҳаводис дучори таваққуф ва ақибгард накунад ва бо табдили таҳдидҳо ба фурсатҳо, аз ҳамаи абзорҳо ва фанновариҳо ва фазои маҷозӣ ва ғайриҳузурӣ ва равишҳо барои тадовуми он баҳра гирифта ва бозофаринии ҳавза дар фазои ҷадидро таҳаққуқ бахшад. Биҳамдиллоҳ ҳавза дар ин масир гомҳои асосиро бардошта ва бо шитоб ба ин ҳаракат идома хоҳад дод ва омодагӣ дорад зимни табодули таҷоруби илмӣ ва пажӯҳишӣ ва фарҳангӣ бавежа дар арсаи маҷозӣ фасли ҷадиде аз ҳамфикриҳо ва ҳамкориҳоро бо марокизи илмии байналмиаллии донишгоҳҳо ва марокизи динии дунё оғоз намояд.

Бо эҳтиром,

Алиризо Аърофӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.